Шахсияти Куруши Кабир, ки солҳои 500-и пеш аз мелод давлати Ҳахоманишиёнро асос гузошт ва Тоҷикистони имрӯз ҷузъе аз он буд, ҳанӯз таҳқиқ мешавад.
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, дар асараш далелҳои таърихиро бо бадеият ба хонанда пешниҳод кардааст. Ӯ ба ин назар аст, ки бо чунин шева хонанда бештар таърихро дарк хоҳад кард.