Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки Миллӣ гуфт, ки чаро нархи маҳсулот дар Тоҷикистон гарон шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон сабабҳои афзоиши нархи маҳсулотро, ки дар моҳҳои ахир боис ба нигаронии сокинон шудааст, шарҳ дод.

Ҳоким Холиқзода рӯзи 25-уми ноябр дар порлумон гуфт, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳҳои марту апрел ва октябри имсол мушоҳида шудааст.

Вай афзуд: "Нархи маҳсулот дар ин давра 5,6 дарсад афзоиш ёфт. Ба ин раванд асосан нархи орду биринҷ, шакар, равған, картошка, пиёз ва ғайра дохил мешаванд."

Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

Раиси Бонки Миллӣ иддао кард, ки ба болоравии нархҳо сабабҳои гуногун, "аз ҷумла, фишорҳои берунӣ дар пайи авҷ гирифтани бемории коронавирус, маҳдуд шудани ҳамлу нақл, кам гардидани баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва ба таҳлука афтодани мардум таъсир расондааст."

Соҳибкорон мегӯянд, сабаби болоравии якбораи нархҳо бинобар поин омадани қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ аст. Асъоре, ки воридот асосан бо он сурат мегирад.

Дар чанд моҳи ахир сокинон аз болоравии чашмраси нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, дар давраи пандемия даромадҳояшон кам шудааст, аммо арзиши маҳсулот, баръакс, боло рафтааст.

Дар пайи чунин нигарониҳо баъзе аз иқтисоддонҳо таъкид карданд, ки паҳншавии коронавирус пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро аз хориҷа нишон дод ва бояд ба масъалаи тавлиди маҳсулоти ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар шавад.

XS
SM
MD
LG