Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи мусофирони норозӣ дар Фурудгоҳи Душанбе. Мақомот чӣ гуфтанд? ВИДЕО, АКС


Мусофирон аз мақомот пурсиданд, ки кай ба Русия хоҳанд рафт
Мусофирон аз мақомот пурсиданд, ки кай ба Русия хоҳанд рафт

Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, аз ширкати "Северний ветер" билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд, ба Русия бираванд. Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба назди мусофирони норозӣ омада, ваъда дод, ки масъаларо баррасӣ мекунанд.

Суоли мусофирон: Кай ба Русия меравем?

Таҷаммӯи мусофирон дар назди Фурудгоҳи Душанбе баъд аз зуҳри 26-уми май оғоз шуд ва қариб ду соат идома дошт. Мақомот барои ҳифзи тартибот маъмурони милисаро даъват карданд.

Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ва Исматулло Абдуллозода, мудири Фурудгоҳи Душанбе ба назди мардум баромаданд. Мусофирони дармонда аз Икром Субҳонзода пурсиданд, ки чаро як ҳафта аст, онҳо ба Русия рафта наметавонанд? Субҳонзода ширкати "Северний ветер"-ро дар ин кор муттаҳам мекард, ки ба гуфтаи ӯ натавонист саривақт нархи билетро поин биорад.

Ҳафтаи гузашта Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ иҷозатномаи ширкати "Северний ветер"-ро барои ба гуфтаи мақомот баланд бурдани нархи билет бекор кард. Аммо намояндагони ширкат пештар инро рад карда, гуфтанд, чиптаҳоро аз меъёри муқарраршуда гарон нафурӯхтаанд.

Роҳбари Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзи 26-уми май дар назди мусофирони норозӣ гуфт, ширкати "Северний ветер" танҳо як рӯз пеш барои 500 доллар кардани нархи чиптаҳояш розигӣ додааст. Икром Субҳонзода батакрор аз поин бурдани нархи билет ба Русия мегуфт ва талош мекард издиҳомро ором кунад.

"Мақсад ин аст, ки нархи чипта паст карда шавад. Ширкати "Северний ветер" дирӯз дар бораи поин овардани нархи билет мактуб овард. Агар ба талабот мутобиқат кунад, барои иҷрои парвоз чораҷӯӣ карда мешавад", -- гуфт роҳбари Оҷонсӣ.

Аммо сокинон мепурсанд, чаро шахсоне, ки аллакай дар даст билет доранд, наметавонанд парвоз кунанд ва то кай ин вазъ идома хоҳад дошт? "Кори халқро буд кунед. Ҳамаи халқи бечора қарз гирифтаанд, моро фиристед, мо равем", -- гуфт яке аз мусофирони норозӣ ба Икром Субҳонзода.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Таҷаммӯи мусофирони норозӣ дар Фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

"Як ҳафта аст, ки имрӯзу пагоҳ мегӯянд"

Фирӯз Ғуломзода, яке аз мусофирон мегӯяд, бояд рӯзи 19-уми май ба шаҳри Қазон сафар мекард, "вале то ҳол бо ваъдаи имрӯзу пагоҳ сафар анҷом нашуд".

Як шикояти дигари мусофирон ба раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ин буд, ки чанд дафъа аст бар ивази маблағ ташхиси COVID-19 месупоранд, вале маълум нест, кай парвози онҳо амалӣ мешавад. "Муҳлати маълумотномаи COVID-19 тамом шуд, боз аз куҷо пул ёфта, ин ҳуҷҷатро гирем?" – пурсид яке аз норозиён.

Намояндагони ширкати "Северний ветер" дар назди мусофирони ҷамъшуда дар фурудгоҳ набуданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар дафтари ширкати "Северний ветер" касеро пайдо накарданд ва ба ин хотир маълум нест, назари ширкат дар робита ба вазъи пешомада чӣ аст.

Ҳафтаи гузашта намояндагони он гуфтанд, нархи билетро ба Русия аз меъёри таъиншуда боло набурдаанд.

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия баъд аз як соли танаффус 1-уми апрел оғоз шуд, вале то ҳол шикоятҳо аз дармондани мусофирон дар фурудгоҳҳои кишвар расонаӣ мешаванд. Ҳоло ҳавопаймҳои "Ют Эйр", "Сомон Эйр", "Уралские авиалини", "Сибир" ва "Ямал" иҷозаи парвоз байни Тоҷикистону Русияро доранд.

Аксҳои бештарро дар ин ҷо бинед:

XS
SM
MD
LG