Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: 600 сарбози фирории афғонро аз Кӯлоб ба Кобул бурданд


Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми гузашта 600 нерӯи фирории афғонро аз Кӯлоб ба Кобул фиристоданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надоданд, ҳарчанд пештар фирор ё ақибнишинии садҳо сарбози афғонистониро тасдиқ карда буданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бо шарти фош нашудани ном гуфт, ҳавопаймо барои бурдани сарбозони фирорӣ аз маркази Афғонистон омадааст. “Беш аз 130-нафарӣ чаҳор бор бурданд”, -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки маъмурияти Фурудгоҳи Кӯлоб дар ин бора гап намезананд. Нуралӣ Ҳомидзода, раиси фурудгоҳ, гуфт, дар мавриди фиристодани сарбозони афғон “ҳаққи чизе гуфтан надорад”.

Як рӯз пеш раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки 2300 нерӯяшонро аз Тоҷикистон баргардондаанд, вале нагуфт, ки аз кадом роҳ. Ҷониби Тоҷикистон ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накардааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар бораи 1700 нерӯи фирории Афғонисотон суҳбат мекарданд.

Бештар дар инҷо бихонед:

Кобул мегӯяд, сарбозони гурехтаашро бозгардонд. Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодааст

XS
SM
MD
LG