Навиштаи Ҳафиз Қаландаров
Имрӯзҳо аҳли олам, аз ҷумла тоҷикон, бо ташвишу изтироб ба Афғонистони ҳамсоя менигаранд, ки чӣ хел як гуруҳи тундрав дар замони кӯтоҳ минтақаҳои ин кишварро (ба истиснои Панҷшер) ба тасарруфи худ даровард ва пайомадаш чӣ хоҳад буд.
Ҳаводиси рӯзҳои аввал, ба монанди фирори дастҷамъии мардум аз ватан, ҳақиқат доштани нигарониҳоро исбот мекунад.
Ҳоло сарони кишварҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ саросема мулоқоти изтирорӣ доир мекунанд, то дар мувофиқа бо ҳам вазъро зери назорат гиранд ва аз фалокатҳои эҳтимолии оянда пешгирӣ кунанд.
Ҷомеашиносон, таҳлилгарони сиёсӣ, хабарнигорону шахсони алоҳида низ, ҳар яке ба тарзи худ ва аз дидгоҳи худ, ҳолатро шарт медиҳанд, ояндаву пайомадҳоро пешгӯйӣ карданӣ мешаванд. Мо ҳам қарор додем, ки бо такя ба таҷриба ва рӯйдодҳои таърихиву таълимоти ҷомеашиносии бароямон наздику ошно, фикри худро пешниҳод кунем.
Дараи Панҷшер
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон, дар баёниҳои аввалини худ гуфта буд, ки онҳо дар як минтақаи хурд аз тамоми Афғонистон, аз озодӣ ва демократия, дифоъ мекунанд. Аммо ин ҷавон бояд бидонад, ки рисолати ӯ ва Амруллоҳи Солеҳ ва пайравонашон аз ин марзҳо дида, васеътар мебошад. Ҳоло дар паллаи тарозу дар баробари арзишҳои дигари умумибашарӣ, боз нангу номус, обрӯи тоҷикон ва ҳатто тамоми форсизабонон гузошта шудааст.
Бар хилофи воҳидҳои низомии пурра мусаллаҳу муҷаҳҳаз ва раисони дигари маошхӯри давлатӣ дар Афғонистон, ки зуд таслим шуданд, амалкарди панҷшериён қадами бузурге аст. Панҷшер барои тоҷикон имрӯз на камтар аз Сталинграду Ватерло, Курску маконҳои дигари муҳорибаҳои тақдирсоз мебошад.
Бинобар ин, боис ба ифтихор ва ифодаи хираду миллатдӯстии баландтарин мебошад, ки имрӯз мақомоти мо дар гуфтушунид бо намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ масъалаи амният, риояи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистонро ба миён мегузоранд. Аммо бо ин ҳама гуфтаҳо, албатта, боз ҳам сулҳу созиш дар Афғонистон беҳтарин роҳи ҳал мебуд.
Оқибати Толибон
Кадом классике гуфтааст, ҳар як инқилоб он вақт арзиш пайдо мекунад, ки аз худ дифоъ карда тавонад. Оё Толибоне, ки ногаҳонӣ ва бо осонӣ Афғонистонро ишғол карда, вале бо мушкилҳои дохиливу хориҷӣ рӯбарӯ шудаанд, ҳукумати худро муддати дароз нигоҳ дошта метавонанд?
Аслан, шояд, дар кӯтоҳмуддат муқовимати тоҷикони Панҷшер ва ҷонибдоронашон ба фоидаи Толибон бошад: мавҷудияти душмани умумӣ гурӯҳҳоро беҳтар муттаҳид месозад.
Аммо Толибони фидоиву оддии аз деҳот баромада, пас аз дидани “биҳишти рӯи замин” дар шакли қасру кушкҳои ҳукуматдорони собиқ, дигар аз лаззатҳои дунявӣ парҳез карда, бо музди андаке посбонии сафоратхонаҳо ва ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиётро ба ӯҳда мегирифта бошанд?
Оё ба хотири курсии мулоими раҳбарони худ ба ҷанг мерафта бошанд?
Толибони ҳоким ногузир кормандони давлатӣ ва мутахассисони собиқро ба кор ва ҳамкорӣ дар идораҳои давлатӣ даъват мекунанд, вале оё Толибони ҷангкарда онҳоро эътироф мекарда бошанд?
Ба ёд меояд, ки баъзе аз “қумандонҳо”-и мо дарҳоро, то дари сарвазир, бенавбату беиҷозат лагад зада медаромаданд. Ва агар роҳбарияти Толибон бо қавму гурӯҳҳои мухолиф созиш ва ҳамкорӣ кунанд, оё ифротиёни онҳо инро мепазируфта бошанд? Фикр мекунам, дар Афғонистони бисёрқавмӣ ин кори саҳл нахоҳад буд.
Мо дар таърихи кишвари худ дида будем, ки давоми чанд муддат гурӯҳҳои силоҳбадасти “ғолиб” ба ҳукумат фишор меоварданд, то бо мухолифин сулҳу созиш карда нашавад. Ба ин монанд ба ҳукумати Толибон зиддиятҳои қавмиву мазҳабӣ низ фишор хоҳанд овард.
Дар Афғонистон солҳои охир аслан қавмҳои маҳаллӣ - узбекҳову туркманҳо, ҳазораҳову ғайра бо лидерҳои худ як навъ ҳокимияти мустақилона доштанд ва худшиносияшон низ хеле боло рафтааст. Кадом классике гуфтааст, миллатеро, ки як бор шаҳди озодӣ чашидааст, дигар ҳеч вақт ғулом карда намешавад.
Дар хулоса таъкид мекунем, ки ифротиён ҳама ҷо якхелаанд, чӣ толиб чӣ доишӣ ва чӣ ирландиву норвегиягӣ ва зеландӣ (куштор дар масҷидҳову ҷазираҳоро ба ёд биёваред). Толибон низ мисли ҳамон каждуми қисса ҳатман хислатҳои худро бо қатлу азияти мардум, поймол кардани ҳуқуқи зану кӯдак зоҳир хоҳанд кард.
Вале агар муъҷизае рух диҳаду онҳо
- Аз ифротиҳои дохилии худ озод шаванд,
- Дар як ҳукумати фарогир ба ҳамаи қавму миллатҳо ҷойгоҳи сазовор диҳанд,
- Ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром гузошта, муносибатҳои неки инсониро барқарор кунанд,
аввал шуда ба Панҷи Поён, ба истиқболи ҳайати ҳукуматии ҳамсояҳо хоҳам рафт, чун дигар инҳо “толиб” нестанд!
Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.