Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Сайфӣ: Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо рафтуомад дорад


Ҳомид Сайфӣ, як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон
Ҳомид Сайфӣ, як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон

Ҳомид Сайфӣ, як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва раҳбари ин Ҷабҳа ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дунё рафтуомад дорад.

Ин фармондеҳ гуфт, фаъолиятҳои Ҷабҳа вусъат ёфтааст ва чанд рӯз пеш дар шаҳри Кобул чор Толибро ба ҳалокат расонидаанд.

Толибон вуҷуди Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад мекунанд. Мақомдорони Толиб борҳо изҳорот додаанд, ки дар ин кишвар ҳеҷ Ҷабҳаи муқовимате вуҷуд надорад. Аммо Ҳомид Сайфӣ, фармондеҳи ин Ҷабҳа дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷанги чирикиро пеш гирифтаанд ва дар чанд вилояти Афғонистон ба Толибон зарба задаанд. Ба гуфтаи ӯ, вақте онҳо ҳамла мекунанд, Толибон дар расонаҳо кори онҳоро бо номи “ДОИШ ва гурӯҳи одамрабоён” марбут медонад, ки ин ба ҳадафи хурд нишон додани онҳост.

Ҳомид Сайфии 39-сола аз низомиёни шинохтаи артиши ҳукумати пешини Афғонистон аст. Ӯ дар чанд вилояти Афғонистон нерӯҳои низомиро алайҳи Толибон фармондеҳӣ мекард. Пас аз фирори Ғанӣ ӯ ба зодгоҳаш Панҷшер баргашт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

Ҷабҳаи муқовимат дар куҷо амал мекунад?

Радиои Озодӣ: Толибон ба таъкид мегӯянд, ки ҳеҷ Ҷабҳаи муқовимате вуҷуд надорад ва Панҷшер комилан зери назорати онҳост. Феълан шумо ва ҷонибдоронатон дар куҷо қарор доред?

Ҳомид Сайфӣ: Ҳоло на танҳо ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер, балки дар Тахору Бадахшону Бағлону Қундуз ва дигар минтақаҳои кишвар фаъол шудааст. Мо талош дорем, ки рӯзҳои наздик дар Форёбу Балху Ҷузҷон низ фаъол шавем, ҳарчанд аз қабл дар ин вилоёт аз мо эълони ҳимоят шуда буд. Мо бо вуҷуде, ки дар куҳҳои Ҳиндукӯш сангарҳои Ҷабҳаи муқовиматро дорем, дар вилояти Кописо, Парвон ва дигар вилоятҳое, ки ном гирифтам, ҷангҳои чирикӣ пеш мебарем. Душман талафот ҳам дорад. Мо ба он далел зиёд кори худро расонаӣ намесозем, ки дар нуқтаи ибтидоии ҷангҳои чирикии худ қарор дорем ва дар ҷангҳои чирикӣ маъмулан чеҳраҳо махфиву маҳрам бояд бимонанд. Агар мо инро расонаӣ бисозем, Худо нахоста чеҳраи онҳо ифшо шаванд, ин боиси шикаст дар сангар мешавад. Ба лутфи парвардигор, бо гузашти ҳар рӯз хабарҳои хушеро аз сар то сари кишвар дорем. Пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бештар мешавад.

Назари Ҳомид Сайфӣ ба изҳороти Толибон

Радиои Озодӣ: Намояндаи Толибон дар Панҷшер борҳо эълон кард ва аз чанд минтақаи Панҷшер видео нашр карда гуфт, ки ҳеҷ муқовиматгареро намебинад. Шумо чӣ тавр собит карда метавонед, ки дар Панҷшер ё дигар минтақаҳои Афғонистон ҳузур доред?

Ҳомид Сайфӣ бо Солеҳ Регистонӣ, фармондеҳи кулли Ҷабҳа ва дигар ҳамроҳонаш
Ҳомид Сайфӣ бо Солеҳ Регистонӣ, фармондеҳи кулли Ҷабҳа ва дигар ҳамроҳонаш

Ҳомид Сайфӣ: Толибон аксари минтақаҳои кишварро тасарруф карданд, вале аз ибтидо мо дар Андаробу Панҷшер Ҷабҳаи муқовиматро доштем. Дирӯз дар қалби Кобул чор нафар Толибе, ки дар рӯ ба рӯи Вазорати корҳои дохила кушта шуданд, кори кӣ буд? Ҷабҳаи муқовимат ба таври давомдор дар Кобул, Панҷшер, Кописо ва дигар вилоятҳо ҷангҳои чирикиро оғоз кардааст. Мо танҳо бо далели амниятӣ ин амалҳои худро расонаӣ намесозем. Мо агар аз ин марҳилаи чирикӣ убур кунему ба марҳилаи ҳуҷум гузарем, ки он ҳам наздик шудааст, гузоришу ахборҳои мо низ бештар хоҳад шуд.​

Чӣ тавр Толибон вориди Панҷшер шуданд?

Радиои Озодӣ: Чӣ иттифоқ афтод, ки моҳи сентябр Толибон вориди Панҷшер шуданд?

Ҳомид Сайфӣ: Пас аз ин ки пойтахт суқут кард, ман бо фармондеҳ Амирӣ дар тамос шудам ва омадем ба Панҷшер ва бо амири ҷавон Аҳмад Масъуд байъат кардем. Амалан дар паҳлӯи Ҷабҳаи муқовимат истод шудем. Як воқеиятро мо бояд эътироф кунем. Замоне, ки 33 вилоят суқут мекунаду Толибон аз ҳама вилоёт 800-900 нерӯяшро бар сари танҳо як вилояти Панҷшер меорад, бо вуҷуде, ки Ҷабҳа тоза таъсис шуда буд, мо дар баробарашон истод шудем. Ин як ҷуръати бузургеро мехост, ки дар баробари нерӯҳои Толибон аз 33 вилоят муқовимат кунем. 27 рӯз мо онҳоро нагузоштем ворид шаванд. Вуруди Толибон ба дараи Панҷшер шикасти Ҷабҳаи муқовимат нест. Мо аз як марҳилаи ҷанг ба марҳилаи дигари ҷанг гузаштем. Мо дар баробари Толиби 33 вилоят ба ҷанги чирикӣ гузаштем ва ҳеҷ гоҳ сангарро тарк накардем. Ҳоло ҳамарӯза мо амалиёт дорем. Баҳси мо ин аст, ки мо чӣ тавр ба душман зарба бизанем, дар ҳоле ки ба худамон кӯчактарин осеб нарасад. Мо маслиҳат кардем, ки аз марҳилаи дифои ба марҳилаи чирикӣ гузарем. Мо рӯзона ё шабона ба душман ҳамла мекунем ва ҷойи амн меравем. Мисле, ки дар даҳаи 80 мо нисбат ба артиши русҳо чунин корро карда будем.

Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимат чӣ кӯмак кард?

Радиои Озодӣ: Силоҳу муҳимотро барои ҷангҳои чирикӣ аз кадом роҳ ва аз куҷо дастрас мекунед?

Фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон
Фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон

Ҳомид Сайфӣ: Дар ҷангҳои чирикӣ як чирик бо камтарин имконот метавонад кори бузургеро анҷом диҳад. Дар шароите, ки мо қарор дорем, ба ҳамон миқдор силоҳу муҳимоте, ки зарур аст, метавонем онро аз дохили кишвар дарёфт кунем. Ба далели ин ки низом фурӯ пошид ва аслиҳа ба дасти душман афтод, душман ҳоло сохторе надорад, ки ин силоҳҳоро танзим кунад ва ҳоло онҳо силоҳҳоро ба шакли махфӣ мефурӯшанд. Мо бо роҳҳое аз худи онҳо аслиҳаро мехарем ва бо онҳо мубориза мекунем.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон эълон кард, ки Толибонро ба расмият намешиносад ва аз мавқеи Ҷабҳаи муқовимат ҳимоят кард. Ин ҳимоятҳо дипломатӣ буданд ва ё кумакҳои дигар низ Тоҷикистон ба шумо расонд?​

Ҳомид Сайфӣ: Аз ҳимояти раиси ҷумҳури кишвари дӯстамон Тоҷикистон қалбан сипосгузорем. На танҳо он кас дар сатҳи расонаҳо, балки дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид, ҳангоми сафарҳояш ба дигар кишварҳо низ аз мо ҳимоят карданд. Қалбан сипосгузорем. Ба миллати Тоҷикистон низ, ки дар ин шароит ба мо ҳамдардиву ҳамдилӣ карданд, ташаккур мегӯем. Болотар ва бузургтар аз ин ҳимоят нест, ки дар ин шароит ҷаҳон миллати Афғонистонро фаромӯш кардааст ва хомӯшӣ ихтиёр кардааст, вале як раиси ҷумҳур бисёр қотеъонаву боҷуръат мехезаду ҳимоят мекунад, фикр мекунам, ин бузургтарин пуштибонӣ аст. Мо кӯмаки дигар нагирифтаем ва ба он чизе, ки ҳоло ниёз аст, аз дохили Афғонистон пайдо мекунем.​

Аҳмад Масъуд куҷост?

Радиои Озодӣ: Манобеи мо қаблан гуфта буданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар Тоҷикистон ҳузур дошт. Феълан ӯ куҷост?

Ҳомид Сайфӣ: Амири Ҷабҳаи муқовимат Аҳмади Масъуд табиист, ки рафтуомаде ба Тоҷикистону дигар кишварҳо ба хотири ҳамоҳангиҳое, ки бояд эҷод шавад, дорад ва бояд дошта бошад. Бояд ӯ сафар кунад. Муҳимтар аз ҳама системае эҷод шудааст ва ҷабҳае мавҷуд аст, сангаре мавҷуд аст, иродае барои мубориза мавҷуд аст. Меҳваре, ки ҳама атрофаш бояд ҷамъ шавад, ҳамин ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Бо дарназардошти шароит, зарур нест, ки мо раҳбари худро дар сангар нигаҳ дорем ва силоҳ дар дасташ канори мо бошад, дар ҳоле, ки садҳо кори муассири дигареро бояд раҳбар анҷом диҳад. Ин корҳо рафтан ба берун аст, доштани иртибот ва ҳамоҳангӣ дар сатҳи дунё аст. Амири ҷавон дар паҳлӯи миллати худ аст ва муборизаеро оғоз кардааст, ки дер ё зуд пирӯз мешавад.

Радиои Озодӣ: Шумо бо мубориза ва ҷанги чирикӣ кадом ҳадафро дунбол доред, чиро мехоҳед дигар кунед, дар ҳоле, ки Афғонистон дар тасарруфи Толибон қарор дорад?

Ҳомид Сайфӣ: Шумо мебинед, ки имрӯз кучҳои иҷборӣ, қатлҳои нерӯҳои амниятӣ, латту куб дар кишвар давом дорад. Толибон як афви умумӣ эълон карданд, вале мебинед, ки ҳар рӯз аз ҳар гушаи кишвар қатли низомиёни собиқ ба гӯш мерасад. Як низоми мутаасибе, ки бар зидди илм аст, бар зидди пешравӣ аст. Макотиби духтаронро дидед, ки дару дарвозаҳояшро баста карданд. Дар як шароите, ки мо бояд бо корвони тараққиву тамаддуни дунё пеш равем, як низоме омадааст, ки аз мо тақозо дорад, шумо ҳаққи пешрафтро надоред, ҳаққи таҳсилро надоред, ҳаққи озодии баёнро надоред. Муборизаи мо фақат ба хотири адолат, ба хотири амнияти воқеӣ, ба хотири озодии воқеӣ, ки ҳаққи ҳар як инсон аст, ба хотири низоме, ки бар асоси райъи мардум ба вуҷуд омада бошад, давом дорад. Мо низомеро мехоҳем, ки ҳама дар он баробар бошад, баҳси қавму забон набошад.

Вақте Толибонро ба расмият намешиносанд...

Радиои Озодӣ: Бо гузашти се моҳ ҳукумати Толибонро ҳанӯз ҳеч кишвари дунё ба расмият нашинохтааст. Ин вазъ дар мавқеи шумо тағйиреро пеш овардааст?

Ҳомид Сайфӣ бо ҳамроҳонаш
Ҳомид Сайфӣ бо ҳамроҳонаш

Ҳомид Сайфӣ: Возеҳ буд, ки Толибон робитаашонро бо “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ накандаанд. Тамоми истихбороти дунё бо хабар аст, ки онҳо бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ доранд. Толибро ба расмият шинохтан, ин ба расмият шинохтани терроризм дониста мешавад. Террористҳое, ки то имрӯз ба кишварҳои дунё осеб расонидаанд. Агар инҳо ба расмият шинохта шаванд ва дунё ба онҳо кӯмак кунанд, онҳо қавитар мешаванд ва осеби бештар ба дунё мерасонанд. Мавқеи мо аз ибтидо дар нисбат ба Толибон ҳамин буд ва тағйир наёфтааст.​

Радиои Озодӣ: Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки Ҷабҳаи муқовимат якдаста нест ва парешон амал мекунад. Инро яке аз сабабҳои муввафақ нашудани шумо медонанд. То куҷо ин иддао воқеият дорад?

Ҳомид Сайфӣ: Ман инро комилан рад мекунам. Бо итминон бароятон мегӯям, ки ягона нерӯе, ки дар Афғонистон дар баробари Толибон муқовимат мекунад, ин Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Ҳама афроде, ки дар баробари Толиб меҷанганд, бо фармони Аҳмад Масъуд амал мекунанд. Баҳси ДОИШ ҷудогона аст, ки онҳо бо Толибон бар сари тақсими қудрат миёни ҳам даргир ҳастанд. Ҳар ҷое, ки дар дохили Афғонистон бо номи муқовимат нерӯе амал дорад, зери раҳбарии як нафар кор мекунанд. Корҳои мо дар Ҷабҳа тақсимот шудааст. Ба бахши низомӣ Солеҳи Регистонӣ фармон медиҳад, дар бахши расонаҳо дигар кас кор мекунад, вале ҳама бо амри Аҳмад Масъуд сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG