Зуҳро Азорабекова, донишҷӯи Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон
Ҳайвоноти бесоҳиб дар кӯчаҳои Тоҷикистон сокинонро ба ду қисм, ҳомиён ва онҳое, ки ҳайвонотро паҳнкунандагони беморӣ мешуморанд, ҷудо кардааст.
Гурбаи овезон, саги гушбурида
Фаъолони ҷомеа пайваста ҳайвонотро аз дасти афроди мутаассиб наҷот медиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пайдо шуданд, ки гурбаи овезоншуда, саги гӯшбурида ва ё дар даҳонаш маводи таркандаро нишон медоданд. Нозанини 33-сола, яке аз ризокорони (волонтёр) паногоҳи муваққатии “Ҷазираи умед” дар Душанбе мебошад. Гуруҳи онҳо ба ҳайвоноти бесоҳиб хурок, дору ва соҳибони нав пайдо мекунад. “Ризокорони мо талош мекунанд, ки вазъияти сахти ҳайвоноти бесоҳибро дар шаҳр тағйир бидиҳанд. Бале, ин танҳо қатрае аз баҳр аст. Мо тавонистем ба бештар аз 100 саг кумак кунем. Хеле аз ин сагҳо соҳибони ғамхори нав пайдо карданд. Вале, теъдоди зиёди онҳо ҳанӯз мунтазири дӯстони худ ҳастанд”,--мегӯяд Нозанин.
Ба қавли ӯ, ҳамаи ҳайвонот шиноснома дошта, сари вақт воксин мегиранд. Ин гуруҳи ризокорон ба табобат, тавонбахшӣ, нигоҳ кардан дар паногоҳ ва пайдо кардани соҳиб кумак мекунанд.
Ҳайвонот дар паноҳгоҳи Неллӣ
Неллӣ, ризокори 25-солаи “Бунёди кумак ба ҳайвоноти бесоҳиб” мегӯяд, мушкили ин ҳайвонот нодида гирифта мешавад ва ҳайвонҳо аз одамон метарсанд. Ризокорон инчунин хароҷоти аслии паноҳгоҳро аз ҳисоби худ мепардозанд. Ӯ гуфт, “масраф зиёд аст ва мо тавони пардохти онро надорем ва барои табобати сагҳои бемор корзори ҷамъоварии пул роҳандозӣ мекунем”. Неллӣ мегӯяд онҳо ба ягон бунёд ва созмон тааллуқ надоранд ва касе ҳам онҳоро сармоягузорӣ намекунад. Барои анҷом додани ин кор пул намегиранд. Кори худо аз рӯи ишқу алоқа ва дилсӯзӣ ба ҳайвонот анҷом медиҳанд. Неллӣ ва фаъолони дигар феълан заминеро ба иҷора гирифтаанд, ки бештар аз 80 саг ҷой дода шудаанд.
Бар асоси тағйир дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки 16-уми июни соли 2021 тасвиб шуданд, барои муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва парандагон, аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб 300 сомонӣ ҷарима дар назар гирифта шудааст. Дар сурати кушта шудани ҳайвон муҷримон бояд ду баробар ҷарима супоранд. Чандин сол аст, ки раёсати нигоҳдории роҳ (ДЭУ) пайваста ва бо дархости шаҳрвандон ҳайвоноти бесоҳибро мекушанд. Ҳомиёни ҳуқуқ чандин бор бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ин раванд ба ниҳодҳои назоратӣ муроҷиат карданд.
Падари Ганҷина гурбаро дӯст дошт
Имрӯз одамон ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: гуруҳи аввал аз ҳайвонот ҳимоят мекунанд ва ба онҳо паногоҳ медиҳанд ва дуввум аз ҳамлаи ҳайвонот метарсанд ва онҳоро паҳнкунандаи бемориҳо ҳисоб мекунанд.
Ганҷинаи 22-сола ҳар гоҳе, ки ҳайвоноти бепаноҳро мебинад, бидуни таваҷҷӯҳ ба фарёдҳои “ин саг бемор аст” ва ё “беҳтар аст ба одамон ғизо бидеҳ” ба онҳо хурок медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Ман ба ин гуна тавсияҳо таваҷҷӯҳ намекунам. Ҳайвонҳоро сер мекунам ва ба корам меравам.”
Ганҷина саҳнаи гурбаи сармозадаеро дар назди хонааш ба хотир меорад, ки мехост наҷоташ бидиҳад. “Агар ҳатто як нафар ба ҷойи харидан аз паногоҳ ҳайвони хонагӣ бигирад, вазъ дар кишвари мо беҳтар мешавад,”--мегӯяд Ганҷина.
Ӯ афзуд, падараш гуфт, ки барои гурба соҳиби нав пайдо кунад ва барояш як ҳафта фурсат дод. “Наметавонам гӯям, ки падарам аз гурба нафрат дорад, аммо вақте онҳо дар атрофаш ҳастанд, ӯ асабӣ мешавад.”
Баъди як моҳ Ҳусейнзода мушоҳида кард, ки падари ӯ ва гурба бо ҳам унс гирифтанд. Вақте Ганҷина барои санҷидани вокуниши падараш аз пайдо кардани соҳиб барои гурба гуфт, ӯ ҷавоб додааст: “Ин гурбаи ҷавон ҳеч ҷойе намеравад”.
Ба падари Фотима сагҳо ҳамла карданд
Фотима дар ин маврид назари дигар дорад. Сагҳо дар шаҳри Хоруғ ба падараш ҳамла кардаанд, аммо хушбахтона ӯ тавонист фирор кунад. “Одамон аз сагҳо метарсанд. Онҳо ҳар замон метавонанд ҳамла кунанд”,-мегӯяд Фотимаи 24 сола. Теъдоди зиёди сагҳои бесоҳиб аз сӯи кормандони ниҳодҳои қудратӣ паронда шуданд. Бархеро тирборон ва шумореро заҳролуд карданд. Соли 2017 сокинони шаҳри Хоруғ аз муносибати бераҳмонаи кормандони идораи комуналии шаҳр нисбати сагҳои бепаноҳ шикоят карданд. Акбаршо Алимаҳмадов чандин бор шоҳиди заҳролуд кардани сагҳои бепаноҳ будааст. Онҳо бо як азоби ваҳшатнок ҷон медоданд. “Сагҳои заҳролудшуда бадҷаҳл ва девона шуданд. Сокинони шаҳри Хоруғ аз онҳо метарсиданд”,--мегӯяд Акбаршо.
Фотима мегӯяд, дер ё зуд дар гузаштан аз ҷойҳои торик боиси тарси шаҳрвандон мешавад. Ӯ мегӯяд, падарашро 2 саг дар чорсадметрии хонаашон газида буданд. Ба назари Фотима ду мушкил вуҷуд дорад. Аввал, оё гаштугузор дар кӯчаҳо бехатар аст? Дуввум, оё сагҳо воксина мешаванд? Ӯ мегӯяд, ба раванди воксиназанӣ дар Тоҷикистон боварӣ доштан душвор аст. Як чиз аён аст, ки агар саг гирифтори девонагӣ бошад, қурбонӣ метавонад ба бемории ҷиддӣ мубтало шавад.
Садҳо саги бесарпаноҳ кушта шудааст
Тибқи навиштаи Sputnik Тоҷикистон дар тӯли 6 моҳи соли 2021 дар вилояти Суғд бештар аз 2180 маврид ҳамлаи ҳайвонот сабт шудааст. Соли гузашта танҳо дар шаҳри Хуҷанд бештар аз 700 саги бепаноҳ кушта шуданд. Ҳудуди 400 саг бо ҳадафи пешгирии паҳншавии вабо воксина зада шуданд, аммо 140-150 саг бо дархости сокинон заҳролуд шуданд.
“Тарс аз ҳайвон барои ҳар инсон як чизи маъмулӣ аст”,--мегӯяд, Неллӣ, аммо куштан ва парондани онҳо хилофи ҳама чиз дар ҷаҳон аст. Ҳар кишвар равишҳои хоси худро дар мавриди ҷилавгирӣ аз ҳайвонҳои бесоҳиб дорад. Дар Гурҷистон ҳайвонот аз воксин мегузаранд ва барои муайян кардани вазъи онҳо чипҳо махсус ифтифода мешаванд. Масалан, шаҳрвандони Туркия хоначаҳои махсусеро барои сагҳо ва гурбаҳо месозанд. Фотима мегӯяд, дар 10-15 соли оянда шаҳрвандони Тоҷикистон ба монанди мардумони кишварҳои дигар дар ҳаққи ҳайвонот ғамхорӣ намекунанд. Дуруст аст, ки паноҳгоҳҳо бояд аз сӯи давлат таъсис дода шаванд, вале шаҳрвандон дар ҳоли ҳозир бо ҳайвонот ҳеч навъи робитае надоранд. “Чизе, ки ман аз кӯдакиям дар ёд дорам, калонсолон мегуфтанд, ба ҳайвонот даст нарасонед. Онҳо ҳамла мекунанд ва ё беморанд. Баъдтар ин ҳарф ба воқеъият табдил шуд”,-мегӯяд Фотима.
Ягона роҳҳале, ки Фотима пешниҳод мекунад, сахт кардани муҷозот барои муносибати бераҳмона бо ҳайвонот аст. Феълан мардум танҳо аз қонун ва масрафи пул метарсанд. Аз ин рӯ, чунин иқдом аз сӯи давлат гузинаи беҳтарине мебошад. Баъдан вақте ки насли нав ба ҳайвон ишқу алоқа пайдо кард ва фарзандони худро таълим дод, ҳайвонҳои камтаре хоҳанд мурд ва бесоҳиб шуд.