Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозшикор". Чаро ҷавонони тоҷик аз артиш метарсанд?


Як мавриди "сарбозшикор" дар Душанбе
Як мавриди "сарбозшикор" дар Душанбе

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Бори аввал нест, ки намедонам аз куҷо шуруъ кунам. Намедонам кадом мисолҳоро бароят биорам. Ё чӣ тавр матлабро ба охир бирасонам. Пас, иҷоза деҳ, онро бо моҷарое оғоз кунам, ки боис шуд дубора бароят бинависам.

Ҳамроҳи дӯстон нишаставу гарми суҳбат будем. Садои паёмгири гӯшиям баланд шуд. Бо ин гумон, ки шояд хабари муҳимест, паёмро кушодам. Яке аз ошноён навор фиристода буд. Боз намудам, садои доду фарёд дар ҳаво печид. Зуд онро хомӯш кардам. Нигоҳи ҳайратовари атрофиёнро дидам, ки ба сӯям дӯхта шуда буданд. Дӯстони фаронсавиям мепурсиданд, ки

  • Ҳамлаи наве дар Украина ба амал омада?
  • Чӣ қадар ваҳшатнок, ин садои фарёди кӣ буд?
  • Чӣ рӯй додааст?

Дар ин фикр будам, ки ба онҳо чӣ ҷавоб бидиҳам. Хиҷолатовар буд, ки бигӯям “на, чизе нест, фақат ҷавонеро барои хидмати сарбозӣ шикор кардаанд”. Худоро шукр, дӯсти эрониям аз ман пешдастӣ карду гуфт: “На, Украина нест, Афғонистон аст. Ба назарам, пас аз султаи Толибон вазъияти он ҷо ҳам ҳеч камие аз ҳолу рӯзи имрӯзи Украина надорад.”

Ман ҳам ба нишонаи тасдиқи ҳарфҳои ӯ сар меҷунбонидам. Касе чӣ медонист он лаҳза чӣ аз сару дилам мегузашт? Ҳама фикр мекарданд, кадом афғонистоние аз зулми Толибон ба фарёд омадааст, вале ин доду фарёд дар Тоҷикистон садо медод, ки ҳамеша санги оромиву суботашро ба сина мезанем.

Вақте ба хона бозгаштам, дубора он наворро тамошо кардам. Садои фарёди “Мардум! Ҳой мардум!” гуфтани ҷавон дар гӯшам мепечиду аз худам мепурсидам, чӣ тавр пеши чашми мардум одамеро ба зӯр бо худ мебаранд ва касе аксуламале нишон намедиҳад? Чӣ ба сари мардум ва ҳисси раҳму шафқат ва ҳамтаборӣ омада?

Шунидаӣ, ки мегӯянд инсон бо мурури замон ба ҳама чиз одат мекунад? Ба назар мерасад, мо ба зулм кашидан одат кардаем! Гӯӣ барои Тоҷикистону мардуми он иттифоқоте аз ин қабил оддӣ шуда бошад. Як шакли одамрабоӣ дар рӯзи равшан иттифоқ меуфтад ва оё касе пайдо мешавад, ки бипурсад, охир дар кишваре демократӣ ва ҳуқуқбунёд чӣ тавр мумкин аст амале чун “сарбозшикор” вуҷуд дошта бошад? Касе мегӯяд, барои чӣ мо иҷоза медиҳем чунин рафторе нисбатамон раво бинанд?

Муқоисаи вазъ дар Тоҷикистон Исроил

Ба ин чизҳо фикр мекардам, аммо ҳанӯз ба ин натиҷа нарасида будам, ки бароят чизе бинависам. То ин ки Ронӣ, духтари исроилӣ, даъватам кард, то бо ҳам каме дар шаҳр бигардем. Ӯ бо барномаи Эрасмус ба Фаронса омада ва мо тасодуфан бо ҳам ошно шудем. Ҳамин, ки ба хиёбони Виктор Ҳюго расидем, аз ӯ дар бораи артиши Исроил пурсидам ва ин ки оё худи ӯ ба хидмати сарбозӣ рафтааст ё на? Ӯ ҳам бо иштиёқ то расидан ба лаби рӯдхона бароям таъриф кард, ки хидмати сарбозӣ дар Исроил чӣ гуна мегузарад.

Тамоми шаҳрвандони яҳудиасли ин кишвар, чӣ писару чӣ духтар, пас аз расидан ба синни 18 вазифадоранд, ба хидмати ҳарбӣ бираванд. Ҳамчунин, дарзиён ва черкасон, албатта, фақат мардҳо ба сарбозӣ фарохон мешаванд. Ронӣ мегуфт, дар кишвараш арабҳо муваззаф нестанд ба хидмат раванд. Агар худашон бихоҳанду дархост диҳанд, пас аз гузаштан аз имтиҳонҳое метавонанд ба сарбозӣ равад.

“Мардҳо 2 солу 8 моҳ ва занҳо 2 сол хидмат мекунанд. Онҳое, ки мехоҳанд рутбаи болотаре касб кунанд, аз чаҳор то ҳашт моҳи иловагӣ ба муҳлати хидматашон афзуда мешавад,” -- шарҳ медод ӯ. Ҳамчунин таъкид дошт, ки аҳамияти хидмати сарбозӣ байни ҷомеаи яҳудӣ на танҳо ҷанбаи ҳифозатӣ аз кишварашон дорост, балки ҷанбаи иҷтимоӣ низ пайдо кардааст. Ба тавре ки ҳар кас хидмати сарбозиро анҷом дода бошад, ватандӯсти воқеӣ маҳсуб мешавад ва аз эҳтироми бештаре бархурдор мегардад.

Ба назари ӯ, аксар ҷавонон бо майли зиёд ба сарбозӣ мераванд, чун бо ин роҳ саломати ҷисмию равонияшонро ба ҷомеа “исбот” мекунанд. Ҳар нафаре, ки аз анҷоми ин вазифаи шаҳрвандияш сарпечӣ карда бошад, тасвири манфие аз худаш ба намоиш гузоштаву аз тарафи мардум сарзаниш карда мешавад. Ронӣ ҳам ба муҳлати ду сол пас аз хатми мактаб хидмати сарбозӣ кардааст. Сипас ба донишгоҳи Тел-Авив қабул шудаву аз онҷо низ барои идомаи таҳсил ба Фаронса омадааст.

Агар падару модари тоҷик медонист, ки...

Ҳоло шояд ту бипурсӣ, аслан моҷарои зиндагии ин духтар чӣ рабте ба мо дорад, ё ин ки чиро онро бароят таъриф кардам? Чун Рониву ҳарфҳои ӯ водорам карданд, сари суҳбат дар бораи ин мавзуъро бо ту боз кунам. Мехостам, ту низ бо доштани ин ду мисоли фарқкунанда пеши рӯят ба хулосае бирасӣ. Ё аз худат бипурсӣ, вақте кишваре, ки тақрибан 7 баробар кӯчактар аз Тоҷикистон аст, ин тавр омодагии артишашро ба роҳ андохта, чиро мо натавонем? Дилам мехоҳад ба дарки ин воқеият бирасем, ки омодагии низомии шаҳрвандон, пайвастани ҷавонон ба сафи артиши миллӣ, бояд фарҳангсозӣ шавад.

Ҳукумат бояд қабул кунад, ки аз 23-юми феврали 1993 то ба имрӯз ҳанӯз натавониста як барномаи ҷиддӣ ва муваффақ барои омӯзиши сарбозон тарроҳӣ кунад. Дар пайи ислоҳи хатоҳояш бишавад. Охир, мушкили мо фақат сарбозшикор нест! Оё касе мепурсад, ки чаро ҷавонон намехоҳанд ба сарбозӣ бираванд ва чӣ тавр кор ба онҷое кашида шуд, ки одамонро бо зарбу зӯр ба сарбозӣ бифристанд?!

Агар модари тоҷик медонист, ки фарзандаш пас аз хӯрдани хӯроки сарбозӣ ба дарди меъдаву рӯда ва маризиҳои дигар гирифтор намешавад, бешак, худаш аз фарзандаш мехост, қарзи шаҳрвандияшро адо кунад. Агар падари тоҷик медонист, ки фарзандашро дар сарбозӣ бо зарбу лагад таҳқиру озор намедиҳанд, бешубҳа, худаш бо фаро расидани замони хидмат фарзандашро ба сарбозӣ мефиристод. Аммо чаро ин тавр намешавад?

Вақте ҷавонон ва волидонашон мебинанд, ки хидмати ҳарбӣ ба макони шиканҷаву маргу мири ҷавонҳо табдил шуда, чӣ гуна интизор дошт, ки онҳо бо хоҳишу ихтиёри хеш ба онҷо бираванд ё фарзандонашонро бифристанд? Ҳатман ҳоло кадом бародар ё хоҳари рутбадор менависад, хиҷолат намекашӣ, дурӯғ мегӯӣ, кадом шиканҷа, кадом маргу мир? Барои дидани ин мушкилот фақат чашми бино лозим асту зеҳне, ки фаромӯшкор набошад.

Шаҳбол Мирзоев ва дигарон

Марги Тоҷиддин Холов, Раҷабалӣ Назаров, Миралӣ Боқиев ва дигарон аз тозатарин мисолҳое ҳастанд, ки ҳанӯз аз хотири мардум зудуда нашудааст. Моҷарои талхи Шаҳбол Мирзоев чӣ? Магар мешавад зиндагии пурмуҷодилаи ӯро аз ёд бурд?

Ман, ки ба анҷоми хидмати сарбозӣ муваззаф нестам, ҳар сол бо дидани хабарҳои “сарбозшикор” ба ёди ӯ меуфтам. Аз эҳтимол дур медонам, ки дигар ҷавонон низ ин ҳодисаро аз ёд бибаранд. Ҷавони солиму сари ҳоле, ки бо хоҳиши худаш ба хидмати ҳарбӣ рафту аз онҷо маъюб бозгашт. Ба ғайр аз худи мардум касе ба ёрии ӯ шитофт? Харҷи табобатҳои ӯро гунаҳкорони он воқеа ба уҳда гирифтанд ё ҳукумат? Ҳеч кадом! Ӯ пас аз ҳафт соли ранҷу азоб, порсол, аз дунё рафт ва танҳо Худо медонад кадом орзуву омолҳоро бо худаш ба гӯр бурд.

Ҳаммеҳани азиз, акнун ту бигӯ, мушкил куҷост? Айб дар кист? Чӣ тавр пеши роҳи сарбозшикорро мешавад гирифт? Оё ҳамон одамҳое, ки имрӯз фарзандони мардумро ба зӯр ба артиш мебаранд, фардо мабодо фарзандони худашон ба тақдири Шаҳболҳову Тоҷиддинҳову Миралиҳо гирифтор шаванд, боз ба чунин коре даст хоҳанд зад?

Муҳимтар аз инҳо, агар ҳама ин тавр аз артиш фирорӣ бошем, фардои амнияти меҳанамон чӣ гуна хоҳад буд? Оё тарс аз шароити бади сарбозӣ метавонад, далели собите бошад, то марзҳои кишварамонро холӣ аз муҳофизони далер бигзорем? Ба назарат мешавад, сарбозшикорро решакан карду иштиёқу алоқаи худи мардумро ба анҷоми хидмати сарбозӣ афзуд? Парешонии аҳволи имрӯзи ҷавонони кишварамро мебинаму зеҳнам парешонтар аз ҳар вақт мешавад, аммо ту низ, ҳаммеҳани азизам, оё ба ин чизҳо фикр мекунӣ?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG