Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Саидаминӣ ва бозпурсии Пирмуҳаммадзодаро "худсарӣ" номиданд


 Завқибек Саидаминӣ боздошт ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бозпурсӣ шудаанд.
Завқибек Саидаминӣ боздошт ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бозпурсӣ шудаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҷамъиятии тоҷикон дар Аврупо, боздошти Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори собиқи Телевизиони давлатии Тоҷикистон ва бозпурсии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”-ро “худсарӣ”-и мақомоти тоҷик номидааст.

Ин созмон, ки ба хотири Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи зиндонӣ аз ҷониби пайвандони ӯ таъсис ёфтааст, фишор болои рӯзноманигоронро ба фаъолияти расонавии онҳо рабт додааст.

Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, рӯзи 8-уми июл аз ҷониби мақомот боздошт шуд. Мақомот рӯзи 7-уми июл манзили зисти Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро кофтукоб карданд ва телефону шиносномаи хориҷиашро мусодира намуда, худашро бозпурсӣ кардаанд. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, эҳтимол нисбат ба Пирмуҳаммадзода низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бошад.

“Таҳдид ва “маслиҳат”-ҳое, ки дар кадом мавзуъ нависаду навор паҳн кунад ва инчунин гирифтани забонхати ғайриқонунӣ оиди сӯҳбат накардан бо расонаҳо нишонаи амиқӣ фишори систематикӣ нисбати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷорӣ намудани сензураи давлатӣ мебошад.”,--таъкид шудааст дар изҳороти ин созмон.

Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои фишор болои рӯзноманигорон пайваста танқид мекунанд. Аз ин пеш, рӯзи 15-уми июн, мақомот Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ду рӯзноманигоре, ки дар Ютуб наворҳои танқидӣ нашр мекарданд, боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG