Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Тоҷикон то куҷо таҳаммулпазиранд? ВИДЕО


Дар акс: Адҳам Ҳайдарзода, Мирзонабии Холиқзод ва Луқмон Бойматов
Дар акс: Адҳам Ҳайдарзода, Мирзонабии Холиқзод ва Луқмон Бойматов

Як табиби тоҷик гуфт, ки "Худоро дидааст" ва рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор эълон кард, ки ойини зардуштиро дар Тоҷикистон эҳё мекунад. Ҳарду зери борони таҳқиру таҳдид монданд. Аввалиро мақомот дастгир карданд. Ин баҳс мавзӯи таҳаммулгароиро дар Тоҷикистон, ки мақомот ҳамеша як дастовард медонанд, дигарбора доғ кард.

Оё, воқеан, тоҷикон таҳаммулгароянд ё тоқати шунидани ақидаву андешаи ғайрро надоранд? Роҳи ҳал кадом аст? Баҳси мо дар ин бора аст. Меҳмонони барнома донишманди тоҷик Луқмон Бойматов аз Аврупо ва пажуҳишгари улуми исломӣ Адҳам Ҳайдарзода аз Туркия.

Суолҳо:

  • Хабар доред, ки рӯзноманигору китобдор Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз эҳёи оини зардуштӣ дар Тоҷикистон гап зад ва дучори вокуниши сахт шуд. Худаш мегӯяд, дар даҳ рӯз садҳо тавҳину дашном ва даъвати даст кашидан аз иқдомаш гирифт. Ин чӣ маъно дорад?
  • Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳақ додааст, ки “муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ё пайравӣ накунад”. Чаро вокуниши мардум дигар асту сахттар?
  • Таҳаммулгароиро дар Тоҷикистон гуногун мефаҳманду таъбир мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, он сабр аст ва мевааш ширин. Дигарон онро як навъ тарсу хомӯшӣ медонанд. Ба назари Шумо чӣ?
  • Чаро таҳаммулпазириро ҳамеша дар баҳсҳои динӣ ба миён мекашанд? Чаро таҳаммулнопазирӣ ҳам бештар дар масоили динӣ намоён мешавад? Дар ҳоле ки тоҷикон даҳсолаҳо боз бебарқӣ, бекорӣ, камбизоатӣ, ваъдаву дурӯғи сиёсатмадорон ва ранҷи муҳоҷиратро дар Русия таҳаммул мекунанд. Ба ин чӣ мегӯед?
  • Дар Тоҷикистон намояндагони динҳои ғайриисломӣ ҳам ҳастанд ва ҷомеа ба ҳузури онҳо зоҳиран ором назар мекунад, вале чаро вақте ҳарф аз Зардушту Авасто рафт, зуд оташи хашм боло мегирад? Решаҳои чунин ҳолат аз куҷо ва кадом замон об мехӯрад?

Баъзе иқтибосҳо:

"Тоҷикон дар тӯли таърих аз фарҳанги таҳаммул ва таҳаммулгароӣ ҷудо буданд. Мо ба мисли ақвоми дигари миллатҳои дунё дар ин масъала таҷриба надоштем ва ба мерос нагирифтем. Ҳатто дар замони Шӯравӣ таҳаммулгароӣ аз назари динӣ-мазҳабӣ набуд. Баъд аз он ҳам мебинем, ки мо ҳеч қонуну дастури расмӣ дар ин замина надорем."

"Панҷ сол пеш шахсе ба номи Одинашоҳ Қурбонов эълон кард, ки зардуштӣ аст, аммо вокунише нашуд. Бо ӯ бархӯрди бад накарданд... Дин барои мусалмонон чизи азиз аст, дар дилашон реша давондааст. Дар ислом маҷбурият нест. Ҳеч кас шахсеро маҷбур карда наметавонад, ки мусалмон шавад ё нашавад. Дигаргунӣ дар ҷомеа талаботи фитрии одамон аст."

"Суоли ман аз масъулони Академияи илмҳо ва донишгоҳҳо ин аст, ки дар марказҳои таҳқиқоти илмӣ чӣ корҳоеро дар ин ҷабҳа анҷом доданд? Таҳаммулпазирӣ дар мавзӯи дин. Рӯйи ташкил ва тадвини қонунҳо андеша ронданд? Вокуниш ба тасмими Абдуқодири Абдуқаҳҳор фақат як ҷарақаи нахустин аст, ки ба вуҷуди ин проблема таъкид кардааст. Мо наметавонем аз ин бигурезем. Ҳаллу фасли мавзуъ амалан дар ҷомеа вуҷуд надорад. Мардум дар сардаргумӣ қарор доранд."

"Таълими дин дар мактабҳо бояд озод бошад. Маркази исломӣ то ҳол дар Ютуб, Фейсбук ва Инстаграм саҳифа надорад. Фазоро, ки холӣ мондаанд, дигарон пур мекунанд. Онҳое, ки шояд аз дин бардошти ғалат доранд. Масъулон дар таълим ва маърифти исломӣ саҳмгузор бошанд. Бахусус Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломӣ."

Навори барномаро дар ин ҷо бинед:

Гапи Озод: Тоҷикон таҳаммулгароянд ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:34:16 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG