Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шимоли Тоҷикистон. ВИДЕО


Наврӯзи паноҷҳӯёни афғонистонӣ дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд рӯзи 14-уми март маъракаеро бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор карданд.

Ҳарчанд паноҳҷӯён барои наворгирӣ зид набуданд, баъзе аз созмондиҳандагони барнома бо асабоният монеи кори хабарнигорон шуданд.

Нигина Паллаева, як ҳамоҳангсоз дар масъалаи гурезаҳо, гуфт, “ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҳамгироии ду мардумест, ки як фарҳангу забон доранд. Боз нишон додан мехоҳем, ки то чӣ андоза дар Тоҷикистон гурезагон метавонанд озод баромад кунанд. Озод сӯҳбат кунанд.”

Дар ин чорабинии фарҳангӣ ва идона ризокорони афғонистонӣ аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам омада буданд. Онҳо ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои идонаи минтақаи худро ба намоиш гузоштанд.

Аксари онҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки пас аз ҳиҷрати маҷбурӣ ва дар ммиёни хабарҳои нохуши ватанашон чунин барномаҳо барояшон рӯҳияи хуб мебахшад.

Абдулмусаввири Баҳодурӣ, раиси маҷмааи “Ориёно” ва намояндаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт: “Чунин барномаҳоро дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав ҳам дорем. Дар ҳама ҷо мардуми афғону тоҷик якҷо иштирок мекунанд ва маросими наврӯзиро мегузаронанд”.

Дар ду ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов, бештар аз чиҳил оила ва дусад паноҳҷӯйи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар мактаб таҳсил доранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои будубоши онҳо шароити заруриро фароҳам сохтаанд.

Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, “муносибати онҳо (афғонҳои паноҳҷӯ) бо мардуми маҳаллӣ хуб буда, бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин ҳастанд.”

Ин дар ҳолест, ки аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта садҳо нафари онҳо ба Канада рафтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанде аз онҳоро асосан бо сабабҳои эълоннашуда ва гоҳе барои будубоши ғайриқонунӣ ба Афғонистон ронданд.

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашон нигаронӣ кард ва аз давлати Тоҷикистон хост, ба чунин таҷриба поён диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG