Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як ноҳияи Қирғизистон тирпаронӣ шудааст


Деҳае, ки дар назди он тирпаронӣ сурат гирифтааст
Деҳае, ки дар назди он тирпаронӣ сурат гирифтааст

Дар ноҳияи Исиқотаи Қирғизистон рӯзи 17-уми май тирпаронӣ сурат гирифтааст.

Видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Дар хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, тирпаронӣ дар натиҷаи амалиёти маъмурони ин ниҳод ва кормандони Кумитаи амнияти миллии он кишвар барои боздошти "террорист" сурат гирифт.

"Ӯ муқобилияти мусаллаҳонаи фаъол нишон дод ва дар натиҷаи амалиёти махсуси маъмурони амниятӣ ва пулис кушта шуд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Манбаъ афзуда, ки раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

Дар тирпаронӣ ду корманди пулис захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG