Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси "Ориёнбонк"-ро пас аз тақрибан ду моҳ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ёфтаанд.
Мақомот гуфтанд, ӯро моҳи июни имсол як гуруҳ дар Душанбе рабуда, баъди куштан ба дарёи Зарафшон партофтанд. Ҳодисаи вобаста ба мансабдори бонки наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ташхиси дандон ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев будани онро тасдиқ кард. "Ду рӯз пеш, 13-уми август, аз як ҷазирачаи байни дарё аз наздикии маҳалли Саразми шаҳри Панҷакент ҷасади Исматуллозода Шӯҳрат ёфт шуд," -- иттилоъ дод ӯ рӯзи 15-уми август.
Гуфта нашуд, ки ҷасади муовини собиқи раиси "Ориёнбонк"-ро кӣ ёфтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар рӯзҳои аввали нопадид шудани Исматуллоев гуфта буд, ки маъмуронаш ҷасади бонкдор ва низ Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар дарёҳои Зарафшон ва Варзоб меҷӯянд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Додситони кул гуфт, барои шиносоии бештари ҷасади Исматуллоев санҷиши дигар мегузаронанд ва дар рӯзҳои наздик маълумоти зиёдтар хоҳанд дод. Вай афзуд, дар пайванд ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев нисбат ба 16 кас парванда кушода, 13 нафарро дастгир карданд.
"3 каси дигар дар хориҷа ҳастанд ва онҳоро дар рӯзҳои наздик, моҳҳои наздик дастгир карда, ба Тоҷикистон меорем," – гуфт Юсуф Раҳмон. Вале шарҳ надод, ки дар кадом кишвар ҳастанд ва оё музокирот барои боздошти онҳо ҷараён дорад ё не. Қаблан дар изҳороти Додситонӣ аз Русия ва Туркия ёд шуда буд.
Яке аз гумонбарон Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақаби "Дилшоди СБ", номбар мешавад, ки дар гузашта дар Додситонии кул, Оҷонси зиддифасод ва Вазорати корҳои дохилӣ кор кардааст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, агар мақомот барои гумонбарони ин ҷиноят далели қатъӣ дошта бошанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ онҳоро боздошт ва ба Тоҷикистон хоҳанд овард.
"Аввал, моҳияти ҷинояти содиршуда, ки дар фазои иттилоотӣ афкори ҷамъиятиро ба вуҷуд овард, соярӯшанҳои зиёд дорад. Дуюм, воқеан дар гузоришҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ оид ба Дилшод Саидмуродзода сару садоҳо ҳаст, вале то чӣ андоза онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ доранд, аён нест,” – гуфт ӯ.
Дар охири ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҷинояти вобаста ба рабудан ва куштани Шӯҳрат Исматуллоев ду корманди собиқи ВКД иштирок доштаанд. Рамазон Раҳимзода аз зердастони пешинаш ном нагирифт.
Пештар мақомоти Молдова гуфта буданд, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони рабудану куштани Исматуллоев, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду маъмури амниятиро кушт, корманди собиқи милиса будааст.
Гуфтугӯ