Дастаи футболи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ба мушкилоти молӣ дучор шудааст. Ин даста дар ду бозии ахир бо ғайби шаш бозикуни калидии худ ба майдон баромад.
Дар натиҷа “Файзканд” аз дастаҳои “Истиқлол” ва “Кӯктош” шикаст хӯрд. Ба гуфтаи масъулини даста, бозигарон бо далели таъхир дар пардохти маош натавонистанд дар тамрин ширкат кунанд.
Ҷалолиддин Маҷидов, сармураббии дастаи “Файзканд” дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳафтаи ҷорӣ бо изҳори таассуф гуфт, бо ин сабаб бозигарон “дар тамрини пеш аз бозӣ иштирок накарданд”.
Ҳукумати Восеъ барои муқобила бо бӯҳрони молӣ ба ду дастаи футбол 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Аз ин маблағ 850 ҳазор сомонӣ ба дастаи “Файзканд” ва боқимондааш ба дастаи “Ҳулбук” дода шуд.
"Мо ҳам медонем..."
Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, ки дар ин мавзӯъ бо журналистон сӯҳбат мекард, гуфт, дарк мекунад, ки ҳамин маблағ ҳам пурра кофӣ нест. “850 ҳазор сомонӣ барои Лигаи олӣ ҳеҷ чиз нест, намерасад, мо медонем, лекин, хайр, қуввату тавоноиамон ба ҳамин қадар мерасад”.
Шарифзода афзуд, ки ин маблағ аллакай дода шудааст.
Дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ чанд сол аст, ки дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад. Пеш аз ин дастаи “Ҳулбук” дар Лигаи олӣ буд, аммо ин даста пас аз бӯҳрони молӣ аз Лигаи олӣ хориҷ шуд.
Чанд моҳ пеш раиси ноҳия имомхатиберо раҳбари дастаи “Ҳулбук” таъйин кард. Ҳоло ин даста дар раддаи якуми Лигаи аввал қарор дорад. Ҳадафи ин тим ҳам бозгашт ба Лигаи олӣ аст.
Саийдакрам Сироҷев, раҳбари дастаи “Ҳулбук” умедвории бештар дорад. Ӯ мегӯяд, “Ҳулбук”-ро ҳам соҳибкорон, ҳам ҳукумати маҳаллӣ дастгирӣ доранд. Ният дорем, медали тилоро гирифта оварда дар ҳаминҷо овезон кунем.”
"Агар зӯратон нарасад..."
Вале дар робита бо “Файзканд” раиси ноҳияи Восеъ интиқодҳои худро дорад. Аз ҷумла, ӯ аз ҷалби бозигарони хориҷӣ розӣ нест.
Ҷамшед Шарифзода гуфт, вақте аз назари молӣ “зӯри таъмини тим намерасад” набояд “легионер гирад”. “Барои чӣ аз Восеъ, аз мо, ҳамагӣ як нафар бозӣ мекунад, дар ҳамин “Файзканд”?”
Маълум нест, назари мудирони бошгоҳи "Файзканд" ба ин интиқод чӣ аст. Вале мутахассисони футбол ҷалби легионер ё бозигарони хориҷиро ба дастаҳои футбол ба хотири қавитар шудани нирӯи бозии он ва тавонмандиҳои дигар бозигарон як таҷрибаи мусбат арзёбӣ мекунанд.
Бошишгоҳи дастаи “Файзканд” соли 2018 дар ҷамоати Рӯдакии Восеъ таъсис ёфт. Акнун асосан дар шаҳри Душанбе мустақар аст. Дар ҳукумати маҳаллӣ гуфтанд, ки ба соҳибкорон машварат кардаанд, то “Файзканд”-ро кӯмак кунанд.
Ҳоло дастаи “Файзканд” дар раддаи панҷуми ҷадвали бозиҳои Лигаи олӣ қарор дорад.
Мушкилоти сармоягузорӣ ба тимҳои футболи Тоҷикистон нав нест ва ҳар сари чанд вақт шикояти ин ё он даста дар бораи нокофӣ будани сармоягузорӣ садо медиҳад. Дастандаркорон мегӯянд, таъмини клуби футбол сармояи ҷиддиву доимиро талаб мекунад.
Футбол яке аз бозиҳои бисёр маъруф дар миёни ҷавонони тоҷик ба ҳисоб меравад, ки на танҳо манбаи саргармиву хушҳолӣ, балки василаи аз мушкилоти мисли бекориву ҷинояткорӣ дур нигаҳ доштани онҳо ба ҳисоб меравад.
Гуфтугӯ