Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯринисо Бердиева. Бедории фикрӣ дар замони рукуд. ВИДЕО


Бӯринисо Бердиева
Бӯринисо Бердиева

Масъулони Ҳизби коммунист ӯро якрав, гарданшах ва шаттоҳ медонистанду дигарон пуштибони равшанфикрон ва мунтақидон. Бӯринисо Бердиева кӣ буд?

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бӯринисо Бердиева аз шахсиятҳои машҳур ва таъсиргузори солҳои 1960-80 дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ба қавли Саидаҳмад Қаландаров, ки солҳои зиёд ҳамроҳи ӯ дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” кор кардааст, "яке аз хусусиятҳои асосияш пуштибонӣ аз равшанфикрон буд".

Вақте мақомоти давр равшанфикронро аз кор меронданд, ба навиштаҳояшон эрод мегирифтанд, ё фишор меоварданд, Бердиева онҳоро ба кор мегирифт. Маҳз ба ҳамин далел рӯзномаи “Маориф ва маданият”, ки роҳбарии онро ба ӯҳда дошт, дар тӯли бист сол нашрияи озодфикрони тоҷик ҳисобида мешуд.

Пас аз тақсим шудани рӯзномаи мазкур ба “Маданияти Тоҷикистон” ва “Газетаи муаллимон” Бӯринисо Бердиева ду соли дигар ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи омӯзгорони тоҷик кор кард. Соли 1983 ӯро бо баҳонаи фаро расидани синни нафақа аз вазифа гирифтанд.

Ҳамкасбон ва равшанфикроне, ки Бердиеваро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, ки ӯ ба ғайр аз фишор, танбеҳу таҳдид ва баёнотнависиҳо ягон дафъа бо мукофоти давлатӣ қадр нагардид.

Бӯринисо Бердиева 30-юми декабри соли 1927 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 2003 аз бемории саратон ва дар кӯтоҳдастӣ дар Душанбе даргузашт, аммо боре ҳам ба касе шикоят накард.

Бӯринисо Бердиева
Бӯринисо Бердиева

ДАР МИНТАҚАИ ДУРДАСТ

Бӯринисо Бердиева пас аз хатми Мактаби ҳизбӣ бо тахассуси рӯзноманигорӣ дар 19-солагӣ ба ҳамкурсаш, Ҷавҳаршоҳ Раҳматуллоев, оиладор шуд ва ба ноҳияи дурдасти Шӯробод (Шамсиддин Шоҳини ҳозира), воқеъ дар марз бо Афғонистон, рафт.

Дар онҷо шавҳарашро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия таъйин карданду Бердиеваро муҳаррири рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” гузоштанд. Дар охири солҳои 1950, дар замони ҳукуматдории Хрушев, нашрия “Барои колхози коммунистӣ” ном гирифт. Бо теъдоди 1800 нусха нашр мешуд.

Дар баъзе аз манбаъҳо зикр шудааст, ки Бӯринисо Бердиева дар рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” аз соли 1946 то соли 1950 муҳаррирӣ кард. Ҷустуҷӯйи мо нишон дод, ки рӯзнома бо имзои ӯ аз шумораи 37 (24.10.1946) то шумораи 212 (26.05.1948) интишор гардидааст.

Шумораҳои 40, 41 ва 42 (дар соли 1947) бо имзои муҳаррири муваққатии масъул Ҷавҳаршоҳ Раҳматуллоев, шавҳари Бӯринисо Бердиева, баромад. Дар онҳо бар хилофи шумораҳои пешина қариб ягон маводи танқидӣ дида намешавад. Шумораҳои мазкур дар остонаи 30-солагии Инқилоби Октябр рӯйи чоп омада, асосан маводеро дар бар мегирад, ки ба ин сана бахшида шуда буданд.

Таҳқиқи як қисми рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” нишон дод, ки дар он асосан дастуру қарор ва фармонҳои Ҳизби коммунист нашр гардида, дар баъзе аз шумораҳо ҳуҷҷат, суханрониҳои Сталин ва намояндагони дигари олирутбаи Кремлро ҷой додаанд.

Қариб дар ҳама шумораҳои нашрия доир ба вазъи ҷаҳон ва нуқтаҳои доғ матлаб нашр мешуд. Ин ба оғози ҷанги сард миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳони Ғарб рост меомад. Як бахши муҳими кори нашрия бозтоби вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия буд ва дар матлабҳои вобаста ба он дастовардҳо ва камбудҳои соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра инъикос мешуданд. Инчунин, ба риояи интизоми меҳнат, ба яғмо рафтани моликияти иҷтимоӣ ва дузанагӣ таваҷҷуҳи хос додаанд.

Ҷолиб ин аст, ки Бӯринисо Бердиева аз шумораи нахустин ё дақиқтараш оғози кори худ дар журналистика ба ифшои камбудҳои ҷомеа диққати махсус медод. Барои мисол, рӯзи 24-уми октябри соли 1946 матлаберо ба номи “Ба кори Пирматов хотима дода шавад” дар бораи дуздии равғани зағир, гандум ва чорво дар колхози Жданови Саричашма нашр кард.

Дар мақолаи дигари ин шумора гуфта мешавад, ки раиси колхози “Қизил Шарқ” Раҳим Эшматов ба талаву тороҷи ғаллаи мардум ва вайрон намудани интизоми меҳнат машғул аст. Муаллифи мақола С.Сафаров дар хотима гуфтааст, бояд амали ин афродро додситон ва Идораи зироати ноҳия тафтиш кунад.

"Кори комсомол дар хоб" ва "Камбудҳои мактаб тезтар бартараф карда шавад" аз мақолаҳои танқидии дигари ин шумораи нашрия буд. Ин нуктаро ҳам бояд таъкид кунем, ки қариб дар тамоми шумораҳое, бо имзои Бердиева нашр шудаанд, мақолаҳои интиқодӣ на камтар аз 20-30 дар сади маводи нашрияро ташкил мекунанд.

Дар канори пайвандон
Дар канори пайвандон

"ЯК МОҲ МУҲЛАТ"

Дар охири солҳои 1940 (ё ибтидои солҳои 1950) шавҳари Бердиеваро барои идомаи кор ба Кӯлоб фиристоданд. Ӯ ҳам дар ин шаҳр бештар аз даҳ сол дар вазифаҳои гуногун ба кораш идома дод. Соли 1961 Бердиева муҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъйин шуд. Он замон будан ва набудани ин маҷалла дар фазои расонаии ҷумҳурӣ аслан эҳсос намешуд.

Масъулони Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист ба ин бовар буданд, ки бо таъйини ӯ дар вазифа “бо як тир ду нишон мезананд”. Аввал, аз муҳаррири пештара Абдусалом Деҳотӣ (баъзе аз соҳибмансабон дӯст намедоштанд) халос мешаванд. Дувум, кормандони нашрия (ба Деҳотӣ эҳтироми зиёд доштанд) дар муқобили муҳаррири нав қарор гирифта, дар кори ӯ душвории зиёд пеш меоранд.

Дар зимн, масъулони сатҳи ҷумҳурӣ низ ният доштанд, ки Бердиеваро дар ин вазифа пешпо диҳанд, то беобрӯ гашта, дигар орзуи ягон вазифа накунад. Воқеан, муҳаррири навро дар маҷаллаи “Тоҷикистон” хуб напазируфтанд, вале Бердиева эълон доштааст, ки маҷбуранд як моҳ якҷоя кор кунанд.

"Ҳар касе, ки баъд аз сипарӣ шудани ин муддат бо ман кор кардан нахоҳад, “чор тарафаш қибла”, метавонад аризаашро навишта аз кор равад," - изҳор доштааст ӯ. Вақте муҳлати эълоншуда поён ёфт, ягон нафар аризаи аз кор рафтанро нанавишт, зеро ҳама якдилона тасмим гирифта буданд, ки бо муҳаррири нав кор мекунанд.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Давлати Бӯринисо Бердиева
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:07 0:00

Рустами Назир дар як мақолае, ки ба кори Бердиева бахшида шудааст, менависад, “Апа” аз оғози фаъолияти худ дар маҷалла қолабшиканӣ кард. Ба иборати дигар, ӯ аз кормандон талаб намуд, ки дар матлабҳои худ бештар дарди мардумро ошкор кунанд. “Ҳарчанд барои ҳаҷву танқид аз ҳар ҷониб гап мешунид, хурсанд буд, ки бо ҳамин роҳ ҳеч ҳам набошад, қадре барои пойдории адолати иҷтимоӣ хидмат ба ҷо меорад,” -- зикр кардааст Р. Назир.

Дар маҷалла қаламбадастони моҳир кор мекарданд ва ё матлаб менавиштанд. Дар тӯли қариб якуним сол кори Бердиева дар маҷалла матлабҳои ҷолибе чоп шуданд, ки муаллифонашон Муҳаммад Боғиров, Алӣ Бобоҷон, Акобир Шарифӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳиддин Фарҳат, Ашӯр Сафар, Асадулло Саъдуллоев, Акбар Турсунов, Мирсаид Миршакар, Файзулло Ёдгор ва ғ. буданд. Дар натиҷа, маҷалла дар як муддати кӯтоҳ дар миёни мардум обрӯ пайдо кард ва теъдоди муштариёнаш афзуд.

Худи Бердиева дар ин маҷалла чанд мақола навишт. Аз ҷумла, “Қувваҳои нав” (№3, с.1961), “Занони комилҳуқуқ (№3, с.1962), “Дастоне, ки ҳаёт мебахшанд”, “Чаро аз номи падар даст кашид?” (№6, с.1962), “Дар диёри Рӯдакӣ” (№10,1962).

Маҷалла ҳамчунин ба ифшои камбудҳои ҷомеа ба жанри бисёр маъмули он солҳо – фелйетон рӯ оварда, чанд матлабро дар ин қолаб нашр кард: “Виҷдон канӣ?” (№3, с.1962), “Ҳаёти сагона” (№6, с.1962), “Касофати савдои нодид” (№7, с.1967), “Кӯри худ - бинои дигарон” (№10, с.1962) ва ғ.

Идомааш рӯзи шанбе, 30-юми декабри 2023, нашр мешавад

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG