Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори муҳоҷир: "Аз бом афтодам, ҳаётам дигар шуд" ВИДЕО


"Аз бом афтодам, ҳаётам дигар шуд" (Рӯзгори муҳоҷир #13)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:57 0:00

Барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"

Ҷунайдулло Исмоилов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, мегӯяд, тақрибан панҷ сол дар соҳаи сохтмон дар Русия кор кард, вале як фоҷеа дидгоҳашро ба зиндагӣ комилан дигар намуд. Соҳаи фаъолияташро низ тағйир дод.

Ҷунайдулло Исмоилов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, мегӯяд, тақрибан панҷ сол дар соҳаи сохтмон дар Русия кор кард, вале як фоҷеа дидгоҳашро ба зиндагӣ комилан дигар намуд. Соҳаи фаъолияташро низ тағйир дод.

Ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорату корхонаи худро дорад. "Барои иваз кардани маҷрои зиндагӣ ҳеч вақт дер нест. Муҳим доштани хоҳиш ва на ҳаросидан аз таваккал аст," – нақл кард ӯ.

Шаҳрвандии Русияро нагирифтааст, чун мегӯяд, волидонаш мухолиф буданд. "Барои муҳоҷире, ки бо патент дар Русия кору зиндагӣ мекунад, ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорат нозукиҳои худро дорад," – мегӯяд вай.

Шаҳри Санкт-Петербург яке аз маконҳои асосии кору зиндагии даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст. Солона аз ин шаҳри Русия даҳҳо тобути зодагони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун фавтидаанд, ба ватан бурда мешаванд.

Қаҳрамони барномаи мо мегӯяд, узви як Бунёди хайрия аст ва танҳо дар моҳи декабри соли 2023-юм 37 ҷасадро ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Бо он ки як қисме аз зодагони Тоҷикистон солҳои охир оилаҳояшонро бо худ ба Русия мебаранд, формулаи зиндагии аксари муҳоҷирон якранг аст – баҳору тобистон ва тирамоҳ дар муҳоҷират, зимистон дар хона. Аз ин рӯ, як насли кӯдакон дар Тоҷикистон бе ҳузури падарон ва дар баъзе маврид дар ғайби падару модар дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд.

Ҷунайдулло Исмоилов мегӯяд, ки ӯ ҳам дар ин саф аст, вале барои бо худ наовардани ҳамсару ягона фарзандаш сабаб дорад.

Чӣ сабаб? Ин ва посухҳои дигарро дар барнома бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG