Албатта ин як ишорае ба ҳаёту кори чанд ҷавони тоҷик аст, ки бо тақозои тақдир азми муҳоҷират намуда, дар ниҳояти амр баъд аз бурду бохти зиёд дар кишварҳои мухталиф, дар студияҳои филмсозии Туркия, канори ҳам омадаанд.
Изатулло Мирзоев 34 сола, Авенир Ғуломносиров 26 cола ва Манучеҳр Саъдиеви 31 сола ҳамагӣ чанде пеш тасмим гирифтаанд, тавоноии худро дар майдони кино озмоянд.
Онҳо дар силсилафилмҳои таърихӣ ва дар як саҳна бо ситораҳои турк нақшҳои сарбозони тануманд ва ҷангсолорро бозӣ мекунанд. Ин се ҷавони тоҷик сарнавишти аҷибе доранд.
Изатулло Мирзоев, ки то 14 мошинро бо дандон мекашад, бо мӯи сар одамро мебардорад ва метавонад то 500 -600 кило вазнро бардорад аз хурди дӯстори филҳои ҳиндӣ будааст. Аммо аз 18 солагӣ дар сохтмонҳои Русия ризқи худро пайдо мекард ва баъдан самти сафари худро ба Туркия иваз намуд.
Авенир Ғуломносиров мегӯяд, кораш дар Русия хуб буд. Ӯ пайваста силислафилми Сулолаи Усмониҳоро тамошо мекардааст ва маҳз барои нақшофарӣ дар ҳамин филм аз Русия ба Туркия рафт. Авенир аллакай дар чанд филм бозӣ кардааст.
Ин ҳар ду қаҳрамони мо ҳунарманди касбӣ нестанд. Аммо аз як сӯ завқи зиёд ва аз тарафи дигар бозуи рустамонаву симои ҷаззобашон боис шудааст, ки филмофарони турк онҳоро ба нақшофарӣ даъват кунанд.
Қаҳрамони сеюми барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" Манучеҳр каскадёр аст ва ба ҷои ҳунармандони маъруфу шинохта ҷонбозӣ мекунад. Қиссаи рафтани ӯ низ ба Туркия аҷиб аст. Ӯро барои 8 сол аз Русия хориҷ карданд ва чанд сол дар Қазоқистон кору зиндагӣ кард. Баъдан боз ба Русия билет мегирад ва дар фурудгоҳ мефаҳмад, ки ҳаққи сафар ба ин кишварро надорад. Зиёд фикр накарда роҳ сӯи Туркия пеш мегирад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ он ҷо на касеро мешинохт ва на ҷое барои рафтан дошт.
Саноати филмсозии Туркия солҳои охир хеле пешрафт карда, барои тамошобин саргузаштҳои гуногуни таърихиву тахайюлии фаровоне пешниҳод мекунад. Бо он, ки дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи филмҳои туркӣ мухталиф аст, тамошои сериалҳои туркӣ аз ҷумла барои бисёре аз хонаводаҳои тоҷик ба як бахши зиндагӣ табдил шудааст.
Ба нақли мусоҳибони барнома ба онҳо вобаста ба нақшу мақомашон дар филм маблағ медиҳанд. Ба гуфтаи Манучеҳр мақоми каскадёр нисбат ба ҳунармандони дигар баландтар буда, муносибат ва маошаш низ беҳтар аст.
Ба таъкиди қаҳрамонҳои барнома, барои соҳиб шудан ба нақшҳои хуб дар филмҳо донистани забони туркӣ метавонад кӯмак кунад.
Туркия ҳафтаи гузашта расман Тоҷикистонро огаҳ кард, ки дигар шаҳрвандонаш ҳақ надоранд, пас аз 20-уми апрел бидуни виза ба он кишвар сафар кунанд. Ин навгонӣ Изатуллоро нигарон кардааст.
Аммо Авенир, қаҳрамони дигари "Рӯзгори муҳоҷир" мегӯяд, дар гирифтани виза барояш ягон мушкилот намеояд, зеро маъмурони соҳаи филмсозӣ, дар гирифтани иҷозати иқомат ба ӯ кӯмак хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол Манучеҳр мусоҳиби дигари мо гуфт ҷорӣ шудани виза баръакс барои ӯ хуб аст, зеро хароҷот ва дарди сараш камтар мешавад.
Бо ин ҳама то ба ҷорӣ шудани низоми визаи Туркия як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, ва ҳанӯз маълум нест, ки чӣ харсангҳое зери об ниҳон аст. Аммо машварати Манучеҳр ин аст, ки муҳоҷирон набояд пойбанди танҳо як кишвар бошанд, балки имкониятҳои навро дар давлатҳои дигар ҷустуҷӯ кунанд.
Ҳар се қаҳрамони Рӯзгори муҳоҷир, мехоҳанд, кори худро дар бахши филмоварии Туркия идома диҳанд, зеро ба гуфтаи онҳо ин кор онҳоро на танҳо соҳиби нон, балки ном ҳам мекунад.
Гуфтугӯ