“Имрӯз дар муносиботи мо бо ҷумҳурии халқии Чин рӯзи таърихӣ аст. Рӯзи даҳумин солгард аз аввалин сафари давлатии дӯсти азизи ман, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии халқии Чин ба Тоҷикистон аст. Яъне, мо дар арафи таҷлили ҳамин сана ҳастем ва ин беҳтарин туҳфа аст”, -гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар зери қарсакҳои давомдори ҳозирин ҳангоми ба истифода додани биноҳои порлумони ва ҳукумати Тоҷикистон, ки бо 230 миллион доллари кумаки Чин сохта шудаанд.
Ба истифода додани ин биноҳо яке аз рухдодҳои муҳими сафари раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон шуд, ки аз 4 то 6-уми июл давом кард. Аммо, ба ҷуз аз ба истифода додани ин ду бино зимни ин муносиботи Чину Тоҷикистон вориди марҳилаи нав шуд. Ба ғайр аз дидор ва гуфтушуниди сатҳи баланд ҷонибҳо 29 санад имзо карданд. Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, шартнома дар бораи сарчашмаҳои барқи барқароршаванда, рушди сармояҳои инсонӣ ва ба расмият шинохтани дараҷаҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкорӣ мебошанд. Ғайр аз ин, шартномаҳо дар заминаи саноат ва технологияҳои нав, сармоягузорӣ дар бахши нави барқӣ, рушди зерсохтор, табодули фарҳангӣ ва тиҷорати электронӣ ба имзо расиданд. Аммо, мазмуни санадҳои имзошуда мунташир нашуд. Бо вуҷуди ин, аён аст, ки равобити Душанбе ва Пекин дар ҳоли фаротар рафтан аз чаҳорчӯбаи таъйиншуда аст.
Тоҷикистон дар авлавият аст?
“Ҳамкориҳо наздиктар мешаванд. Сафари мазкур аввалин маврид аст, ки Си ба кишваре бидуни иштирок дар рухдодҳои чандҷониба сафар мекунад. Си сафарҳои қаблии худро ба Тоҷикистон бо иштирок дар нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой дар соли 2014 ва Иҷлоси ҳамкориҳо ва эътимод дар Осиё дар соли 2019 ҳамзамон барномарезӣ кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Си пас аз ба поён расидани бемории ҳамагири COVID ба кишварҳои баргузида сафар мекард, ин сафари ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он далолат медиҳад, ки минтақа дар авлавияти сиёсати хориҷии Пекин қарор дорад”, - мегӯяд Рид Стендиш, шореҳи сиёсии Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи ин коршинос, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои Пекин шарикони дараҷаи як мебошанд. “Қазоқистон ба ҳайси шарики аслии иқтисодӣ аст ва Тоҷикистон дар заминаи амният барои Пекин шарики калидӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин замина Душанбе барои Пекин пешниҳодҳои зиёд дорад. Ин кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм, ки реша дар Афғонистон дорад ва ҷангҷӯёни уйғури мустақар дар он кишвар шарики боэътимоди Пекин аст. Тоҷикистон ҳатто барои Пекин иҷоза дод, ки дар қаламраваш дидбонгоҳи хурд дошта бошад. Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки барои ин ҳадафҳо сармоя надорад, талош мекунад муфид воқеъ шавад ва дар масъалаҳои амниятӣ ширкаткунандаи ихтиёрии иқдомҳои Чин бошад ва аз пешниҳоду талаботи Чин сарпечӣ накунад ”, - таъкид мекунад Стендиш.
Зоҳиран ин садоқат ва вафодории Душанбе омили аслии кумакҳои бедареғи Чин мебошад.
Чини ҳамакора
Ҳамкории ду кишвар 15 сол қабл бо фаъолсозии тарҳҳои зерсохторӣ шурӯъ шуда, то ҳамкорӣ дар заминаи маъдан, кишоварзӣ, саноат ва амният расид. Дар маҷмӯъ, Чин ба кишвари аслии сармоягузор ва шарики амниятии Тоҷикистон табдил шуд.
Эмомалӣ Раҳмон пеш аз сафари Си дар мусоҳиба бо хабаргузории “Синхуа” зикр кард, ки дар давоми солҳои 2007-2023 ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 2,6 миллиарди он сармоягузории мустақим аст. Инчунин ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон 700 ширкат бо сармоягузории Чин фаъолият мекунанд ва гардиши молу коло байни ин кишварҳо дар соли гузашта 24 дарсад боло рафтааст.
Дар охири форуми намояндагони соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ҷонибҳо қарордодҳо ва шартномаҳои ҳамкориро бо маблағи 600 миллион доллар имзо карданд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни музокирот бо Си масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба саноат, барқ, рақамисозии иқтисод, ҳуши маснӯӣ, истеҳсолоти сабз ва ғайра дар миён гузошта шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Кулма аз ноҳияи Рӯшон то марзи “Кулма-Қарасу” баррасӣ шавад.
Возеҳ аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар симои Пекин сармоягузори аслии тарҳҳои стратегӣ мебинад, ки тавони амалӣ кардани ҳадафҳои кишвар дар заминаи саноатисозӣ ва раҳидан аз бунбасти иртиботиро дорад. Ба назар мерасад, ки Чин низ тавони бароварда кардани ин интизороти Тоҷикистонро дорад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил мегӯяд, ки Пекин дар баробари кишварҳои минтақа аз як равиш кор мегирад. Тоҷикистон ба далели наздикӣ бо Афғонистон аз ин равиш каме истисност. “Аён аст, ки Русия ва Чин талош доранд то Тоҷикистон роҳи Толибонро барои ворид шудан ба тарҳҳои Маскав ва Пекин боз надорад”, мегӯяд Парвиз Муллоҷонов. Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи Муллоҷонов, Чин талош дорад на танҳо дар масъалаҳои иқтисодӣ нақши калидӣ дошта бошад, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ бо таваҷҷуҳ ба вобастагии Маскав аз худ бозигар бошад.
Вобастагии ихтиёрӣ
Сиёсати Душанбе ҳамеша ба далели вобастагии рӯзафзун аз Пекин мавриди интиқод қарор мегирад.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон бештарин қарзро дар назди «Эксимбонк» дорад. Аз ҳаҷми умумии 1,4 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022, 900 миллион долларро қарзи Чин ташкил медиҳад. Давраи имтиёздори ин бонк дар соли 2025 ба охир мерасад. Аммо, ин миқдор қарз Душанберо аз гирифтани қарзҳои ҷалбкунандаи Чин боз намедорад.
“Тоҷикистон, албатта, барои ҷилавгирӣ аз вобастагии худ аз Чинро дорад, аммо, ба назар мерасад онҳо амалӣ намешаванд. Агар Душанбе мехост метавонист сармояҳои дипломатӣ ва сиёсии худро барои роҳандозии робита бо кишварҳои дигар мефиристод ва барои сармоягузорҳои байнулмилалӣ фазои муносиби корӣ эҷод мекард. Аммо, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин роҳро интихоб накард ва ба назар мерасад ҳукумат намехоҳад ислоҳоти ҳуқуқӣ роҳандозӣ кунад, ки барои ҷалби сармоягузорҳо ва шарикон заруранд”, - мегӯяд шореҳи сиёсӣ Рид Стендиш.
Айни ҳол аён аст, ки ҳар ду ҷониб аз вазъияти мавҷуд розиянд ва Пекин сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро қабул дорад.
Зимни сафари Си ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин раиси ҷумҳури кишвари хориҷӣ шуд, ки аз дасти раиси ҷумҳури Чин ордени “Дӯстӣ” гирифт. Онро барои “саҳми арзанда ва мусоидати чандинсола дар рушд ва тақвияти муносибати ҳамсоядории хуб ва шарикии стратегии ҳамаҷониба” доданд.
Гуфтугӯ