Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши Фузайл Махсум ва тақдири нахустин омӯзгорони шӯравӣ дар Тоҷикистон (2)


Ин акс аз бойгонии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун акси босмачиён дар Осиёи Марказӣ нашр шудааст.
Ин акс аз бойгонии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун акси босмачиён дар Осиёи Марказӣ нашр шудааст.

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Қисми дувум

Ёдоварӣ аз китоби беҳтарин дар бораи таърихи Тоҷикистон

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳама бештар ва ба таври комил дар китоби фаромӯшшудаи Мулло Эркаев бо номи "Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон" бозтоб ёфтааст. Ин китоб бори аввал соли 1963 ва бори дувум дар шакли мухтасар соли 1971 чоп шудааст. Муаллиф соли 1910 дар Сайроб (Бойсун), воқеъ дар ҷануби Узбекистон ва дар сарҳад бо Тоҷикистон таваллуд шуда, аз тоҷикони парокандашуда дар кӯҳистонҳо мебошад.

"Босмачигарӣ" аз нигоҳи Мулло Эркаев

Ин чиз ӯро бо Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва бисёре аз ходимони шинохтаи илму фарҳанг, ки аз тоҷикони Узбекистон ба миён омадаанд, мепайваст. Мулло ба фарқ аз ҳамсол ва ҳамтояш Бобоҷон Ғафуров, ки аз як хонаводаи зиёию асилзода аз шимол буд, дар оилаи деҳқони одӣ ба дунё омадааст. Падару модарашро барвақт аз даст дода, аз соли 1925 то соли 1927 дар хонаи кӯдакони Душанбе тарбият гирифтааст. Мулло Эркаев нафаре буд, ки гуфта метавонист, ҳокимияти Шӯравӣ ба ӯ ҳама чиз дод. Ҷонашро наҷот дод, илм омӯзонд ва имкон дод, ки аз худ як шахси ҳирфаӣ бисозад.

Хидмати асосии Эркаев дар он буд, ки ӯ дар миёни таърихнигорони Шӯравӣ аввалин шуда инкор накард, ки ҳаракати босмачигарӣ муваққатӣ ҳам бошад, паҳнгашта аст. Бештари пажӯҳишгарони Шӯравӣ пеш аз Эркаев ба босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зиддиинқилобие менигаристанд, ки танҳо аз сӯи "нерӯҳои империалистӣ" пуштибонӣ меёфт. Онҳо майл доштанд, ки нақши "синфҳои истисморгар" (бойҳо ва рӯҳониён)-ро дар ташкил ва гузарондани эътирозҳои зиддишӯравӣ барзиёд нишон дода, исёнгаронро як мардуми беҳавсалаю паст ва ҷинояткори ашаддӣ нишон диҳанд.

Иштироки васеи мусулмонон дар ҳаракати босмачигарӣ ё тамоман зикр намешуд ё бисёр кам инъикос меёфт. Мулло дар доманаи Ҳисор, ки аз сӯйи босмачиҳо ғасб шуда буд, ба воя расида, аз овони кӯдакӣ дар гирдоби воқеаҳои барқарор ва мустаҳкам кардани ҳокимияти Шӯравӣ буд. Ин ба ӯ имкон дод, ки ҳарчанд ғайриихтиёр ҳам бошад, хати хеле борики миёни босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандиро пай бибарад.

Ба гуфтаи Эркаев, дар панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ (аз тобистони соли 1921 то тобистони соли 1926) босмачигарӣ, ки дар шакли ҷиҳоди динӣ ба миён омада буд, то расидан ба бандитизми сиёсии нафратовар барои мардум рӯзҳои мушкилеро пушти сар кардааст. Мулло Эркаев барои муборизаҳоро бар зидди босмачигарӣ ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ нишон додан ёддошти тоҷикон, узбекон ва туркманҳоеро, ки алайҳи босмачиҳо ҷангидаанд, гирд оварда, бойгониҳоро омӯхт ва сарчашмаҳои зиёдеро истифода кард. Имрӯз кам таърихнигороне ҳастанд, ки бо ӯ метавон муқоиса кард. Дар китоби ӯ шарҳи ҳол ва аксҳои зиёди ширкатдорони муборизаҳо алайҳи босмачиён оварда шудааст. Дар миёни онҳо номи Ҳайдар Усмонов, Муқим Султонов, Қарахон Сардоров, Бобо Ҳамдамов, Юлдош Соҳибназаров, Мастибек Тошмуҳаммадов, Равшан Боймуродов ва қаҳрамонони зиёде ҳастанд, ки имрӯз фаромӯш шудаанд.

Дар пажӯҳишҳои Мулло Эркаев, тоҷикон на ҳамчун қурбониёни низоми коммунистӣ, маҳбусони "зиндони миллатҳо", ҳамдарди пинҳону ошкорои босмачиён ва на як оммаи сустиродае, ки дар ниҳоят соли 1917 дар симои синфи коргари рус озодибахши худро диданд, балки ҳамчун ширкатдори равандҳои сиёсии тамоми ин давра муаррифӣ мешаванд. Аз ибтидои соли 1921 ҳуҷуми Аскари Сурх онҳоро ба хашм оварда буд, ки ҳамкорӣ бо ҳокимияти Шӯравиро рад карда, ҳатто даъватҳоро барои ҷиҳод алайҳи таҷовузгарон пазируфтанд.

Тақрибан аз соли 1924 ба тадриҷ тарафдор ва бунёдгари ҷомеа ва давлати миллии тоҷикон гардиданд. Ҳарчанд дар доираи давлати тоталитарии Шӯравӣ амал мекарданд. Тоталитарӣ буд, вале ҳамеша метавонистанд дар он ҷазираҳои наҷотбахши озодиро пайдо кунанд, ки бисёре аз хостаҳоро мешуд амалӣ сохт. Забону адабиёт ва иқтисодро рушд дода, китобҳои таърих бинависанд, мусиқии миллӣ эҷод кунанд ва мактабу донишгоҳҳо бисозанд. Зиёиён, ҳунармандон ва сиёсатмадорони беҳтарини Тоҷикистон тамоми талоши худро карданд, то сиёсати миллии худ – тоҷиконаро дар доираи низоми коммунистӣ пеш бибаранд, ки ба ин "фаъолияти мустақилона" огоҳона ё аз ноилоҷӣ иҷозат медод.

Тоҷикистони Шӯравӣ натиҷаи ҳамкорӣ ва шарикии роҳбарони болшевики русу нухбагони маҳаллӣ, аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Мулло Эркаев, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон мебошад. Онҳо ба Шӯравӣ фаҳмонданд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ба онҳо чӣ гуна бояд муроҷиат кард. Боҷуръаттарин ва масъулиятбахштарин кори онҳо ин буд, ки дар муқобили марказгароӣ, шовинизм ва саъю кӯшиши мустамликадории раҳбарияти шӯравии Русия истодагарӣ карданд. Болшевикон, ки дар бораи мардуми форсизабони империяи собиқи Русия, ки дар ҷанубу шарқи дурдасти он зиндагӣ мекарданд, тасаввурот надоштанд ва ба чунин пешвоёну нухбагони маҳаллӣ ниёз доштанд.

Нақши донишмандони тоҷик

Донишмандони беҳтарини тоҷик дастгоҳи Шӯравиро бо донишҳои зарурии академикӣ таъмин кардаанд. Онҳо ҷаҳонбинии васеи дунявӣ ва дарки сотсиал-демократии ғарбиро дар бораи пешрафт ва замони муосир доштанд, ки барои давлати ҷавони Шӯравӣ хеле муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Таърихнигорӣ ва илмҳои ҷомеашиносии тоҷик дар давраи Шӯравӣ бо давлат на иҷборӣ ва на аз рӯйи тарс, балки барои хоҳиши ширкат дар ташкили ҳудуди миллӣ ва таҳкими худи миллат ҳамкорӣ мекарданд.

Албатта, аз гузаштаи Шӯравӣ ва китоби мазкури Эркаев идеал сохтан хато хоҳад буд. Давлати Шӯравӣ сиёсати эҳтиёткорона пеш бурдани рушди миллиро бо назорати қатъии ҳизбӣ, зӯроварӣ ва террор тавъам менамуд. Он дар илм озодии академиро маҳдуд карда, равишшиносии беасари марксистӣ-лениниро ҷорӣ кард, ки ба сифати асарҳои илмҳои ҷомеашиносӣ бетаъсир набуд. Имрӯз мо бояд аз эҷоди таърихнигорони Шӯравӣ “донаҳои ҳақиқат”-и гаронмояро ҷустуҷӯ кунем, то такя ба онҳо дар омӯзиши гузашта пеш равем.

Мулло Эркаев дар китоби арзишманди худ моро ба чунин хулоса водор месозад: дар ҷараёни бунёди миллӣ, рушди фарҳанг, иқтисод ва ҷалби рӯзафзуни омма ба ин раванд, босмачиҳо, ки танҳо ба зӯроварӣ такя мекарданд, маҳрум будан аз роҳбарии дуруст ва барномаҳои мусбат барои оянда аз рамзи озодиву истиқлол ба монеае дар роҳи ташаккули давлати ҷавони тоҷикон табдил ёфт. Дар ин дигаргунсозии шуури ҷомеа ба Шӯравӣ саъю кӯшишҳои воқеӣ ба раҳбарии болшевикон ва ҷонибдорони маҳаллии онҳо дар самти мудирият, ташкили ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷойҳои корӣ, омода кардани кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.

Дар мавриди ҳаракати босмачиён. Он ба мавҷудияти арзишҳое чун шаъну шарафи миллӣ, садоқат ба идеалҳои мазҳабӣ ва анъанаҳои гузаштаи пурифтихор ишора мекард, вале бидуни дарки он ки ин арзишҳоро чӣ гуна бояд эҳё кард ё муҳимтар аз ҳама, дар сурати пирӯзии ҷиҳод бояд чӣ кор кард. Он дар мисоли Фузайл Махсум нишон дод, ки “ҷиҳоди босмачӣ” дар сурати пирӯзӣ ба мардум танҳо қатлу террор меорад.

Се сафедор дар рӯймоли сурх

Замони ёдоварӣ аз омӯзгороне расида, ки ба дасти каллабурҳои Фузайл Махсус афтоданд. Нашрияи “Комсомолец Таджикистана" дар пайравӣ аз як романи Чингиз Айтматов онҳоро "се сафедор дар рӯймоли сурх" номидааст.

Ин се нафар Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Оламбӣ Гадоева ном доштанд. Ҳамроҳи онҳо раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова низ дастгир шуда буд. Ин бонувони ҷавон тақрибан 20 сол доштанд. Онҳо пеш аз донишҷӯйи Шӯравӣ шудан хати форсиро, ки то соли 1928 дар Тоҷикистон истифода мешуд, хонда ва навишта метавонистанд. Ҳамчунин асосҳои дониши диниро омӯхта буданд. Онҳо тақдири гуногун, вале мушкили ба ҳам монанд доштанд.

Чиллабибӣ, духтари Ҳакими заргар ба як тоҷири афғон бо номи Асадулло, ки аз ӯ 20 сол калон буд, ба шавҳар баромада буд. Афғон ба Ҳаким, ки соҳиби серфарзанд буд, маҳри калон дода, хонаводаи занашро нигоҳубин мекард ва Чиллабибиро наранҷонда, ҳатто ба тасмими омӯзгор шудани ҳамсараш мухолифат накардааст. Ӯ бо тиҷорати фаромарзӣ машғул буд ва ба Афғонистон мерафту меомад. Дар ҷараёни яке аз ин сафарҳо ғоратгарон ба корвони савдогарон ҳамла карда, Асадулло дигар ба назди ҳамсари ҳомилааш, ки он замон раиси ҷамоат буд, барнагашт.

Духтари дигарӣ Оламбӣ низ тақдири душворе дошт. Ӯ падарашро дар ёд надошт ва модарашро зуд аз даст дод. Баъди модар хоҳараш ҳам фавтид. Кӯдаки 12-соларо шавҳари хоҳари фавтидааш ба занӣ гирифт ва духтар ҳамеша аз ӯ пинҳон мешуд. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ҳамаи ин бонуҳо зебо буданд, вале Сайрамбӣ ҳусни фавқулодае дошт. Дар ин бора рӯзноманигор Диловари Мирзо навиштааст (Гулҳои камари кӯҳ. Садои мардум, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Се бонуи кӯҳистонӣ баъд аз анҷоми курси яксолаи омӯзгорӣ дар Ғарм ба зодгоҳи худ баргаштанд, то дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Ҳисорак, ки соли 1925 боз шуда буд, ба кӯдакон дарс диҳанд. Кӯдакон дар ин мактаб якҷоя, яъне духтарону писарон дар як синф, дарс мехонданд. Дар мактаб барои калонсолони зану мард ҳам курсҳои саводомӯзӣ ташкил шуда буд. Ба ҷуз аз се омӯзгор ва раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова, қаҳрамони панҷуми мо, Файзинисо Шоҳназарова, духтари Шоҳназари човандоз ва куштигиру бузкаши маъруф ҳам ҳаст. Ӯ ҳамагӣ 18 сол дошта, ба омӯзгорони деҳа мадад мекард ва барои ба курси омӯзгорӣ рафтан ба Ғарм дар тирамоҳи он сол омодагӣ медид.

Босмачиҳо Файзинисоро 21-уми апрели он сол дар деҳаи Тахт дастгир карда, барои қатл бояд ба Ҳоит мебурданд, вале духтари ҷасури паҳлавон дар роҳ, дар болои пули рӯди “Оби Кабуд” худро аз асп ба об партофт. Ӯ шино карда, ба берун аз деҳаи Ҳоит, дар ҷое, ки “Оби Кабуд” ба рӯди “Сурхоб” мерезад, ба соҳил баромада, ғайб мезанад.

Он замон босмачиҳо Оламбӣ, Маълумбӣ, Сайрамбӣ ва Чиллабибиро боздошт карда, ба Қалъаи Ҳоит, ки онҷо одамони зиёд ҷамъ шуда буданд, мебурданд. Фузайл барои ҷомаи “қонунӣ” бахшидан назари эшону муллои маҳаллиро дар робита ба эъдоми бонувон тариқи ба доровезӣ мепурсад, ва онҳо зуд розигии худро баён карданд.

Файзинисоро бо гумони он ки дар дарё ғарқ шудааст, дигар намекобанд. Чиллабибӣ Ҳакимоваро, ки он замон ҳомила буд, огоҳии қатъӣ медиҳанд, то аз хидмати ҳокимияти “кофирон” даст кашад. Босмачиҳо пеш аз қатл мехостанд чашмони духтаронро бибанданд, аммо Маълумбӣ ба ин иҷозат намедиҳад ва мегӯяд, онҳо дузд ё хоин нестанд, ки аз кардаашон шарм доранд.

Файзинисо ва Чиллабибӣ умри дароз диданд.

Қатли омӯзгор

Фузайл ҳамроҳи духтарон мудири шуъбаи маорифи Ҳоит Каримҷон Хусейнзода, бародари адабиётшиноси маъруф Шарифҷон Хусейнзодаро ба қатл мерасонад. Омӯзгори 28-сола, ки аз Конибодом ҳамчун мудири шуъбаи маориф ба Қаротегин фиристода шуда буд, вақте гурӯҳи Фузайл наздик мешавад, ба Ғарму Душанбе бо изтироб менависад, ки ба ҷуз аз омӯзгорони худ ба каси дигар бовар надорад ва кумаки мусаллаҳона талаб мекунад.

Ба ӯ кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд, ки аслиҳа нест, сарбоз нест, нигоҳ доред ва ташвиқ кунед. Вақте гурӯҳ ҳуҷум кард, Каримҷон дар кӯҳсор ғайб зад, вале аз аҳолӣ касе хиёнат накард. Ӯро аз 21 то 27-уми апрел дар ҳабс нигаҳ доштанд ва сипас ба қатл расониданд. Ба гуфтаи маҳбусон, Каримҷон Ҳусейнзода худро “хеле устувор нигаҳ дошта, маргро мардонавор қабул кардааст".

Бе мотаму дафн

Духтаронро бо амри Фузайл дафн карданд. Маросим тибқи урфу одати мусалмононӣ набуд. Бо онҳо ҳамчун бедин муносибат карданд. Ҷасадҳоро дар як қуттӣ партофта, дар канори деҳа ҷудо аз қабристони умумӣ ба хок супурданд.

Бо гузашти бист сол, вақте соли 1949 дар Ҳоит заминларзаи сахт сурат гирифт, офати табиӣ ба таври муъҷизавор қабрҳоро нобуд насохт. Баъди заминларза, дар наздикии Ҳоити таърихии зерихокмонда деҳаи Ҳоити 2 бунёд карда шуд. Ҷасади духтаронро соли 1967 ба ҳудуди мактаби миёнаи ба номи Каримҷон Ҳусейнзода дар Ҳоити нав интиқол дода, онҷо муҷассамаи ёдгориеро бо ситораи сурх ва лавҳаи номҳо гузоштанд.

Баъдан (санаи дақиқ барои муаллиф маълум нест, вале тахминан панҷ сол пеш аст) вақте мактабро васеъ карданд, муҷассама дубора ба ҷойи дигар интиқол дода шуд. Ҳамдеҳагони духтарон боқимондаи ҷасадҳоро дубора кафан карда, дар қуттии нав гузошта, дар болои қабр як муҷассамаи хоксоронатареро бо ситораи панҷгӯша монданд, вале бидуни лавҳаи номи онҳо.

Каримҷон Ҳусейнзодаро ба фарқ аз духтарон дар рустои Полезаки ноҳияи Тоҷикобод, дар паҳлӯи қабри диншиноси маъруф Мавлоно Нозим бо ифтихор ба хок супурданд.

Рӯзноманигору нависанда Диловари Мирзо ва таърихшинос Абдулло Ғафуров пажӯҳишҳои худро ба қисмати драмавии таърихи тоҷикон, ки марбут ба эъдоми омӯзгорон аст, бахшидаанд.

Образи умумии аввалин муаллимонеро, ки аз тарафи мутаассибони динӣ таъқиб шуда буданд, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода соли 1954 дар достони худ "Ҳасани Аробакаш" офаридааст. Зайнаби ӯ дар иҷрои ҳунарманди хушном Мукаррама Камолова дар филми "Ҳасани Аробакаш"-и Борис Кимиёгаров маъруф аст, ки соли 1965 ба навор гирифта шудааст. Зайнаб дар хотираи тоҷикон бо осебпазирӣ, вале беҳамтоии "сафедор дар руймоли сурх" мемонад.

Хулоса. Нақши бонувон дар таърих ва дин

Албатта, сарнавишти се зани кӯҳистонӣ, ки 95 сол пеш ба дор овехта шудаанд, ҳатто дар байни онҳое ҳам, ки имрӯз аз ҷунбиши босмачиён ва Фузайл Максум ҷонибдорӣ мекунанд, эҳсоси нороҳатиеро ба вуҷуд меорад.

Ҳарчанд таърихнигорон, рӯзноманигорон ва адибон ба ин ҳодисаи ҷанги шаҳрвандӣ баҳо додаанд, дар умум имрӯз дар Тоҷикистон касе аз ин се омӯзгор ёд намекунад. Ба номи онҳо на муҷассама гузошта шудааст, на мактаб ва на кӯчае номгузорӣ гаштааст. Чаро?

Шояд барои он ки суннати таърихии тоҷикон ҳамеша мардро дар маркази рӯйдодҳо қарор додааст ва сабаб нобаробарии гендерист?

Занон дар миёни пешвоёни ҷомеаи мусулмонӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Онҳоро роҳ намедиҳанд, зеро шахсияти мардон нисбат ба занон муҳимтар дониста мешавад. Дар зимн, замоне ки таърихи тоҷикон гардишҳои фоҷеабореро пеш мегирад ва шоҳиди хунрезӣ мешавад, қурбонии асосӣ заифтарин қишри ҷомеа - занҳо мешаванд. Саргузашти "сафедорҳои тоҷикӣ дар рӯймоли сурх" ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии ахир далели ин гуфтаҳоянд.

Дар ҷомеаи мусулмонӣ ҳар касе, ки ба қудрат мерасад, нахуст тавассути ташкили назорат бар занон талош мекунад, то мавқеи худро устувор созад. Қадами аввалини "бек"-и худхонда Фузайл Махсум ҳам ба қатли оммавӣ ҳамчун эътироз ба қабули занон дар соҳаи маориф ва тадриси якҷояи намояндагони ҳар ду ҷинс бесабаб набуд. "Толибон" дар Афғонистон низ ҳамин гуна рафтор карданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Дар дин ва маориф, мардон нақши мураббӣ ва омӯзгорро инҳисор (монополия) кардаанд. Ин нобаробарии ҷинсӣ на танҳо дар Ислом, балки дар Масеҳият низ мушоҳида мешавад. Занон аз имкони ворид кардани таҷриба ва нуқтаи назари худ ба ташаккули фарҳанги расмии динӣ маҳруманд. Занон бояд чи гуна либос пӯшанд, чи гуна рафтор кунанд, барои онҳо чи иҷозат аст ва чи не, бидуни иштироки онҳо муайян карда мешавад.

Эроди дигар дар бораи воқеаҳои фоҷиавии охирҳои баҳори соли 1929 дар Қаротегин. Боис ба таассуф аст, ки касе аз наслҳои минбаъдаи ҳамватанони қаҳрамонони очерки мо ҷуръат накард, ки маросими дафни ҷасади онҳоро дуруст анҷом диҳад. Дар сари тобути мусалмонон ҳамеша барои оромиши рӯҳ дуо хонда мешавад, аммо ҷасади он духтарони бадбахт имрӯз мунтазири интиқол ба қабристон ва анҷоми расму ойинҳои зарурӣ ҳастанд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG