Масъулони ин ниҳод, 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфтанд, алоқа ва интернет дар Тоҷикистон арзон аст ва мардум тавони молии дастрасӣ ба онро доранд. Созмони Broadband Genie аввали моҳи апрел дар гузорише навишт, нархи интернет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба даромади мардум гарон аст.
Рафиқҷон Шокиров, сардори Раёсати алоқаи хадамот гузоришҳои байнулмилалиро дурӯғин ва бадқасдона донист. Ӯ гуфт, "Тоҷикистон 10 миллиону 700 ҳазор аҳолӣ дорад. Онҳо ба инобат мегиранд, ки аз ҳамаи аҳолӣ чӣ қадарашон истифодабарандаи интернет асту чӣ қадар алоқаи мобилӣ. Лекин ба назар намегиранд, ки аз ин 1 миллиону 700 ҳазораш шаҳрвандони аз 1 то 5-сола ҳастанд. Чаро инро ба назар намегиранд. Дар давлатҳои худашон инро ба назар мегиранд ку",-афзуд ин масъули Хадамоти алоқа.
Созмони бритониёии Broadband Genie рӯзи 17-уми апрели имсол дар гузориши Шохиси дастрасӣ ба додаҳои иртиботи ҳамроҳ (Mobile Data Affordability Index), Тоҷикистонро дар миёни 179 кишвар дар ҷойи 163 қарор дода буд. Ин ниҳод нархи интернетро вобаста ба даромади миёнаи аҳолӣ ҳисоб карда ва гуфта буд, ки дар Тоҷикистон як муштарӣ барои 10 GB интернет 13,77 доллар харҷ мекунад.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ мегӯяд, ки дар ин арзёбиҳо баҳогузориҳо миёна аст ва онҳо дар таносуб бо даромади миёна аҳолӣ ҳисоб мекунанд, ки нодуруст нестанд.
"Дар таносуб ба он даромади миёнае, ки мо дорем, нарх хеле қимат аст. Он сифате, ки мо дар ин ҷо дорем, ҳатто ба сатҳи миёна ё нисфи он чизе, ки дар кишварҳои ҳамсоя, ба мисоли Қирғизистон ё Қазоқистон аст, намерасад",-афзуд Рустам Гулов.
Хадамоти алоқа мегӯяд, шикоятҳои зиёди муштариён аз гарониву сифати пасти интернет баёнгари он аст, ки "онҳо хеле нозук шудаанд" ва ба назар намегиранд, ки чанд сол пеш вазъият чӣ гуна буд. Аммо мардум дар як пурсиши сарироҳии мо дар хиёбонҳои Душанбе назари масъулонро рад мекунанд.
Фарзона, сокини Душанбе мегӯяд, ки бо ин изҳороти Хадамоти алоқа розӣ нест: "Мисол ман ҳамаи шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебарам. Пеш аз ширкати Зет-Мобайл истифода мекардам, ҳозир аз Тселл. Ҳафтаи гузашта Тселл тарофаи манро, ки 120 сомонӣ буд, 130 сомонӣ кард".
Меҳрангез сокини дигар мегӯяд, ки "аз сифати интернет аслан розӣ нестам, чун айни ҳол, чанд моҳи охир суръат бениҳоят паст шудааст. Пеш ҳам суст буд, аммо ҳадди аақал кор карда мешуд. Ҳозир намешавад. Барои як суратро равон кардан ту бояд як дақиқа ё аз он зиёдтар мунтазир шавӣ".
Хадамоти алоқа дар гузашта ҳам шикояти сокинон ва арзёбиҳои байналмилалиро напазируфта буд. Нархи гарон ва суръати кунди интернет дар Тоҷикистон ҳамеша аз сӯйи муштариён ва созмонҳои байнулмилалӣ интиқод мешавад.
Хадамоти алоқа мегӯяд, ки иртибот дар 96,3 дарсади ҳудуди кишвар таъмин аст, ки 86 дарсади аҳолӣ дар Тоҷикистон аз алоқаи мобилӣ истифода мекунанд ва шумораи корбарони интернет 4,8 миллион тан аст.
Фурӯши интернет дар Тоҷикистон беш аз 10-соли ахир дар инҳисори ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст. Ширкатҳои дигар ҳаққи мустақилона ворид кардани онро надоранд.
Дар оғози соли 2024 ду ширкат иҷоза гирифтаанд, ки қисман интернетро ворид кунанд, вале онҳо то ҳанӯз ин корро оғоз накардаанд.
Тоҷикистон дар радабандии дастрасӣ ба интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад.
Гуфтугӯ