Темур Раҳимови 27-сола дар Олимпиадаи Порис рӯзи дуюми август дар мусобиқоти ҷудо дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Эрик Абрамови 25-соларо аз Олмон шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар чорякфинал Раҳимов паҳлавони узбекистонӣ Алишер Юсупови 25-соларо дар “замони тиллоӣ” (golden skore) мағлуб кард. Вале Темур дар даври ниманиҳоӣ аз ғолиби секаратаи олимпӣ ва қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Тедди Ринери 35-солаи фаронсавӣ дар муддати кӯтоҳ бо имтиёзи “иппон” шикаст хӯрд. Дарвоқеъ, Раҳимов дар ҳарсе рақобаташ аз Ринер мағлуб шудааст.
Сипас паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ варзишгари 32-сола, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 Энди Грандаро аз Куба мағлуб кард ва бори аввал соҳиби медали биринҷии олимпӣ гардид.
Аксҳо аз рақобати Темур Раҳимов ва Энди Гранда:
Дар вазни беш аз 100 кило Тедди Ринер, ки дар финал бар Минҷонг Кими 23-сола аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даст ёфт. Ким медали нуқра гирифт. Ба ғайр аз Темур Раҳимов, ба Алишер Юсупови узбекистонӣ, ки Татсуру Саитои 22-солаи ҷопониро шикаст дод, медали биринҷӣ супурда шуд.
Ба ин тартиб, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Давлат Болтаев ва Темур Раҳимов – аз Порис бо медал бармегарданд.
Сомон Маҳмадбеков 30-юми июл дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 81 кило баранда медали биринҷӣ шуд.
Сомон Маҳмадбеков ва инак Темур Раҳимов пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиевро такрор карданд. Боқиев соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Чор ҷудокори дигари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар Олимпиадаи Порис ноком шуданд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса баъди шикаст додани ду рақибаш ба нимфинал баромад.
Ҳамакнун Болтаев 4-уми август соати 20:38 бо вақти Душанбе дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонови 25-сола рақобат мекунад.
Бояд гуфт, ҳарду муштзан – Болтаев ва Муллоҷонов, ки ҳадди ақал барои худ медали биринҷиро таъмин карданд, муборизаро барои медалҳои тиллою нуқра идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, то ҳоло ҳафт варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило; Фахриддин Мадкамов дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис доир менамояд.
Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 26-уми июл оғоз шуда, то 11-уми август давом мекунанд.
Гуфтугӯ