Таҳмина ва Олим
Таҳмина омӯзгори забони англисӣ аст. Бо шавҳараш Олим, наворҳои омӯзишӣ таҳия карда ва дар Инстаграм мегузоранд. Мегӯяд, ба нобаробариҳои ҷинсӣ, зӯроварӣ ба зан, афкори шахшуда, ки монеи пешрафту хушбахтии зан мешаванд, бетараф мондан намехоҳад.
Зоҳиран таваҷҷӯҳи ӯву ҳамсараш ба ин мавзӯъ ва наворҳои муносибати самимонаи ин ҷуфт сабаб шудаааст, ки занону духтарон дар Инстаграм ба ӯ менависанд. Аз мушкили худ бо шавҳар ё атрофиёнашон мегӯянд ва машварат мепурсанд.
Паёмҳои пайдарпай Таҳминаро водор кард, то саҳифаи ҷудогонае боз кунад ва садои онҳоро ба гӯши дигарон бирасонад. Олим, ки ҳамроҳи ҳамсараш Таҳмина блогерӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо дар шакли анонимӣ ба мо нақл мекунанд. Мо онро гирифта гузориш мекунем. Ин як навъ дастгирии психологӣ аст. Дар зери шарҳи видео мардум фикри худро менависанд, машварат медиҳанд. Ҳар қадаре, ки бештар дар бораи ин проблема дар ҷомеа гап занем, ҳамон қадар ман фикр мекунам проблема ҳалли худро меёбад.”
Достони яке аз занони ситамдидаро, Таҳмина чунин нақл мекунад: “Ман баргаштам ба хонаи падарам, ду фарзанд дар дастам. Ҳолам аз ҳоли саг бадтар аст. Бобоям ҳам бо мо зиндагӣ мекунад ва номи ман беваи 20 шукарда шудааст. Ман 20 шавҳар накардаам. Магар худашон маро ба шавҳар надода буданд?”
Қиссаи зани дигаре, ки аз Таҳмина машварат пурсидааст, чунин аст: “Як зане, ки бо шавҳараш дар Маскав зиндагӣ мекард, зери зулм буд. Як ҳафта бо ман сӯҳбат мекард, ки маро шавҳарам бисёр мезанад, ман чӣ кор кунам. Ман нақли ӯро дар шакли сториз дар саҳфаам гузоштам. Занҳо ба ӯ маслиҳатҳои гуногун доданд. Ман ҳам гуфтам, ки дар оилаи солим набояд шавҳар туро занад, дарро маҳкам карда равад. Дараш маҳкам шаваҳараш ду се рӯз намеомад. Вай чӣ мехурад? Хулоса мо тавонистем бо маслиҳатҳои дуруст ба вай кӯмак кунем ва оилааш рафта ӯро наҷот доданд гӯем ҳам мешавад. ”
Дар баробари чунин номаву паёмҳо Таҳмина ва махсусан Олим аз баъзе корбарон таънаву маломат ҳам мешунавад. Аммо дилсард намешаванд, чун ба қавли Олим кори ӯ ва ҳамсараш ба нафъи ҷамъият аст: “Бисёртар менависанд, ки эй ту чӣ хел мард ҳастӣ, ки зани худро дар навор намоиш медиҳӣ. Баъдан мегӯям, ки ҳамсари ман дар навор чӣ кор кардаст? Дарс гуфтааст, ба ҷомеа фоида овардааст. Дарсҳои ройгон медиҳад. Онҳо мисраҳои Фирдавсиро ҳамчун далели маҳдуд сохтании озоди зан истифода мебаранду мегӯянд, “Занонро бас бошад ҳамин як ҳунар, ки шинанду зоянд шерони нар” Лекин инҷо масъала хеле нозук аст. Заноне, ки шерони нар мезоянд, шери нар ин ташбеҳ ба мардони шуҷоъ, марди босавод аст. Ҳамин гуна мардро чӣ гуна зан ба дунё оварда, тарбия карда метавонад? Албатта, ки зани босаводу бофарҳанг. “
Масъулини як барномаи Созмони Милал ба кори ҷуфти ҷавон таваҷҷӯҳ карда, онҳоро ба ҳамкорӣ хостааст. Таҳмина ва Олим ба маъракаи 16 рӯзи мубориза бо хушунат, ки ҳамасола дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, ҳамроҳ шуда, дар бораи ақидаҳои шахшуда, муносибати хубу баробар бо занон ва маҳви хушунату зӯроварӣ навору сӯҳбатҳо таҳия ва нашр кардаанд.
Фаридун ва Азиза
“Зери қарсакҳои шумо ҷуфти ҳамсарони олие, ки қолабҳоро мешикананд ва арзишҳои оиладориро ҳифз мекунанд.” Саҳнаи муаррифии ҳамсарон Фаридун ва Азиза Мухторова дар маросими ҷоизасупории Юлогери сол аст, ки соли 2023 баргузор шуд. Онҳоро чун ҷуфти қолабшикан муаррифӣ карданд. Саҳфаи онҳо дар Инстаграм бештар аз видеоҳо аз оиладорӣ иборат аст, ки дар шакли ҳаҷв пешниҳод шудааст. Ин ҷуфти соҳиби се фарзанд, дар саҳифаашон дар Инстаграм лаҳзаҳо аз зиндагии воқеии худро нишон медиҳанд ва аз ин роҳ баробарии ҳуқуқи зану мардро дар хона ташвиқ мекунанд. Чизе, ки бисёриҳо таваҷҷӯҳ кардаанд, ин тақсими кори хона ва муносибати баробар ин оила аст.
Азиза: “Агар бинад, ки ман дар ошхона хӯрок пухта истодаам ё хона тоза дорам, вай бо бачаҳо дарс мекунад ё онҳоро оббозӣ медаронад, агар ман бинам, ки Фаридун дар ошхона кор дорад ман бо бачаҳо машғул мешавам. Баъд бачаҳоро хобонда бо якдигар чой нушида гап мезанем. Ба зану шавҳар ҳатман вақт даркор барои бо ҳам танҳо будан. Вақте онҳо бо якдигарияш бисёр суҳбат мекунанд ва масалан мегӯянд, ки ту дар ҳамин ҷо хато карда будӣ. Вақта норозигиро ба ҳам мегӯянд метавонанд ба оромӣ ҳал кунанду якдигарро фаҳманд.
Фаридун Мухторов:“Дар байни мардуми мо ҳамин хел стереотип аст, ки ба кори хона ва нигоҳубини фарзанд бояд фақат зан ба ин кор машғул бошад. Ман фикр мекунам, фарзанд ҳам аз падар аст ҳам аз модар. Барои ман мушкил нест, ки бо фарзандони худам бозӣ кунам, нигоҳубин кунам, ё хобонам. Ин ҷое нест, ки шарм кунӣ, ки ин кори мардон нест, фақат зан бояд машғул бошад. Занам мегӯяд, намегӯяд ман мехоҳам кунам. Агар кор дошта бошад, мехоҳам ёрдам кунам. Ягон ҷойи айб надорад ин.”
Дидани саҳнаи зарфшӯии мард ё нигоҳубини кӯдакон, дар ҷомеае, ки бисёриҳо фақат вазифаи зан медонанд, баъзе аз ҳаводорони Фаридун ва Азизаро ба ҳайрат меовардааст.
Азиза Мухторова: “Ҳаст одамоне, ки менависанд, ки чаро шумо мемонед, ки шавҳаратон ёрдам кунад ба Шумо. Ин кори зан аст. Ман ҳамавақт мегӯям, ки ҳатто пайғамбарамон ба занаш ёрдам мерасонд. Агар шумо ибрат гиред, шояд зиндагии шумо беҳтар шавад. Ин як идея барои Инстаграм нест. Ин ҳамин чизе, ки дар зиндагии мо ҳаст мо ҳамонро нишон диҳем. Мехоҳем, ки як оилаи нав аз мо ибрат гирад.”
Ба гуфтаи Азиза, намоиши наворҳои оддии оилавии онҳо сабаби тағйир ва рафтори дигару муносиб ба занони дигар шудааст: “Ба ман бисёр духтарон менависанд, ки апаҷон медонед видеову сторизҳои шуморо дида шавҳарам ба ман кӯмак расонданро сар кард. Як гапзанӣ ва меҳру муҳаббаташ зиёд шуд. Вале ҳамин чизро мо ба шиносҳо ва хусуру хушдоманам нишон намедиҳем. Шавҳарам мегӯяд, ки ман ба ту кӯмак мерасонам вале илтимос касе нафаҳмад. Барои ҳамин ман мехоҳам ки мардум моро тамошо карда фаҳмад, ки ин ягон ҷойи шарм нест. Ин як чизе ҳаст, ки воқеан зиндагиро беҳтар мекунад. ”
Мусоҳибони мо бовар дорад, ки агар ҳар мард бо зани худ чунин муносибат кунад ва бо кӯмаки ҳамдигар зиндагиро пеш баранд, муҳаббат байни онҳо зиёд ва ҷудоии оилаҳо кам мешавад. Азиза: “Ман фикр мекунам, ки ҷудошавиро дар навбати аввал сабабаш ин аст, ки шавҳар намехоҳад ба зан кӯмак кунад. Гапгурезӣ аз ҳамин ҷо сар мешавад. Вақте шавҳар хона дер меояд, на барои он, ки ӯ кор мекунад, балки ба хотире ки вай мехоҳад вақти холии худашро ба рафиқонаш сарф кунад ба фарзандон не. Ё хона меояд, садои кӯдакҳоро фаҳмида ба занаш дода мезанад, ки рав кӯдаконоро хобон ман мехоҳам дар оромӣ шинам. Даруни оила вай намехоҳад иштирок кунад. Ба зан ҳам ин ҳама аламҳо ҷамъ мешавад ва мешавад конфликт”
Кӯмак ба ҳамдигар ва муоширати бештари зану шавҳар имкон медиҳад, ба ҳам наздиктар бошанд, аз хатову нофаҳмиҳо бигӯянд ва аз ҳар мушкил бидуни ҷангу ҷанҷол роҳи ҳал ёбанд. Кори муҳиме, ки ба андешаи Азизаву Таҳмина оилаҳоро пойдор ва солим нигаҳ медорад.
Гуфтугӯ