Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар “Ҷоми рушд-2025” Русия ғолиб, Тоҷикистон ҳафтум шуд


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Русия (U-17) ғолиби мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» дар шаҳри Мински Беларус гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Беларус, ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ дар толори варзишии Минск аз 16-ум то 21-уми феврал баргузор шуд. Марҳилаи аввали мусобиқа бо иштироки ҳашт даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Узбекистон, Тоҷикистон ва тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия дохил буданд. Гурӯҳи «В» аз тимҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон иборат буд.

Тибқи дастури мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра бозӣ карданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми рушд-2025» дар ҳарсе бозиаш шикаст хӯрд.

Футболбозони навраси тоҷик аз дастаи мунтахаби Беларус (U-17) ва аз тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бо ҳисоби якхелаи 0:1, инчунин аз мунтахаби Узбекистон (U-17) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” зинаи охиринро ишғол карданд.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”: Беларус — 7 имтиёз, Узбекистон — 6, “Blockchain Sports" — 4, Тоҷикистон — 0.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”: Русия — 7 имтиёз, Озарбойҷон — 6, Қазоқистон — 4, Эрон — 0.

Дастаи Тоҷикистон 21-уми феврал барои ҷойи ҳафтум бо тими наврасони Эрон (U-17), ки дар ҷадвали гурӯҳи “В” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт, рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд.

Ғолибони гурӯҳҳо – Беларус ва Русия - ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд. Бозии ниҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони Русия (U-17) бо ҳисоби 4:2 ба поён расид.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро гирифтанд, Узбекистон ва Озарбойҷон, барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони навраси узбек бо ҳисоби 2:1 анҷом пазируфт.

Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи 5-ум байни дастаҳои Академияи “Blockchain Sports"-и Бразилия ва мунтахаби Қазоқистон (-17) барпо гардид. Дар ин дидор наврасони қазоқ бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

21-уми феврал (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойи 7-ум - Эрон (U-17) - Тоҷикистон (U-17) – 0:0 (аз рӯи пеналти – 1:4).

Бозӣ барои ҷойи 5-ум – “Blockchain Sports Academy” (Бразилия) - Қазоқистон (U-17) – 2:3 (Алвес Гомес, 18, 27; Даулет, 31, 37).

Бозӣ барои ҷойи 3-юм - Узбекистон (U-17) - Озарбойҷон (U-17) – 2:1 (Файзуллоев, 22, Ҳасанов, 69; Валиев, 44).

Финал - Беларус (U-17) - Русия (U-17) – 2:4 (Живушко, 14, Чергейко, 30; Фиров, 7, 12, Тверитнев, 18, Линючев, 62).

Мавқеи дастаҳо дар Ҷоми рушд-2025:
1. Русия
2. Беларус
3. Узбекистон
4. Озарбойҷон
5. Қазоқистон
6. ВSA Бразилия
7. Тоҷикистон
8. Эрон

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд” дар Минск бори 21-ум баргузор шуд. Соли гузашта ин мусобиқаи анъанавӣ бо пирӯзии мизбонон - футболбозони навраси Беларус - ба анҷом расида буд.

Дар ин мусобиқа футболбозони навраси ҳафт кишвар - Русия (7 бор), Беларус (5), Украина (4), Белгия (2), инчунин Исроил, Сербия ва Тоҷикистон якборӣ ғолиб шудаанд.

Бояд гуфт, мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2025” дар Минск барои футболбозони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола маҳсуб меёбад, ки аз 3-юм то 20-уми апрели имсол дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5-уми апрел), Кореяи Шимолӣ (8-уми апрел) ва Эрон (11-уми апрел) рақобат мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG