Ҳар касе ҳаводори футбол аст ва дар ҷустуҷӯгари Google “Абдуқодир Ҳусайнов” нависад, ҳатман навори тез ё босуръат давидани ин футболбози узбекро хоҳад дид. Ӯ чобукона пеши роҳи ҳариферо гирифт, ки мехост тӯбро ба дарвозаи дастааш бизанад.
Тибқи гузоришҳо, ҳангоми ҳаракати барқосо суръати давидани Абдуқодир Ҳусайнов ба 37 километр дар соат баробар буд. Ин метавонад футболбози 20-соларо ба яке аз бозигарони тездав дар ҷаҳон табдил диҳад.
Роҳи расидани ӯ аз як футболбози начандон шинохта то бозигари нахустини Осиёи Марказӣ дар Лигаи бартар ё олии Англия боз ҳам босуръаттар буд. Ин роҳ миллионҳо ҷавони ошиқи футболро дар зодгоҳи ӯ ва дар маҷмуъ дар Осиёи Марказӣ рӯҳбаланд хоҳад кард.
Ҳусайнов, ки бо далели суръати тез ва қобилияти ҷисмиям ба ӯ лақаби “Қатора” гузоштаанд, ба дастаи одии Англия нагузаштааст. Ин бошгоҳи “Манчестер Сити”, ғолиби шашкаратаи арзишмандтарин лига дар ҷаҳон аст. Мураббии даста Пеп Гвардиоларо аксарият аз муррабиёни беҳтарин дар ҳама давру замон медонанд.
Отабек Ҷӯраев, шореҳи варзиши шабакаи “Спорт”-и Узбекистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин ангезаи олӣ барои бозигарони ҷавони узбек ва умуман футболбозони Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.”
“Тасаввур кунед, футболбози 20-солаи узбекистонӣ дар дастаи беҳтарини дунёст. Чӣ ангезае! Таваҷҷуҳи скаутҳои футбол (онҳое, ки бозигарони хубу арзишманд ҷустуҷӯ ва пайдо мекунанд) аз саросари дунё акнун эҳтимол ба бозигарони Осиёи Марказӣ бештар мешавад,” – афзуд ӯ.
Баръакси дигарон
Чанде аз хабарнигорони варзишӣ дар пойтахти Узбекистон зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдуқодир Ҳусайновро чандон хуб ё умуман намешинохтанд. Вай дар соли 2024 бо даст ёфтан ба натиҷаҳои чашмрас дар бозиҳои Ҷоми Осиё дар Қатар ва бозиҳои тобистонаи Олимпии Порис якбора ба бозигари асосии тими миллӣ табдил ёфт.
Ба таъкиди Отабек Ҷӯраев, пас аз тарки тими “Бунёдкор”-и Узбекистон дар соли 2022, ки “мураббии он қобилияти Абдуқодирро надид ё махсус нодида гирифт” барои Ҳусайнов рафтан аз роҳи кампаймудашуда эҳтимол фоида овард.
Баръакси баъзе аз футболбозони узбек, ки ба Русия ё Туркия мераванд, Ҳусайнов зери раҳбарии агенташ, Ғайрат Хасбиуллин ва падараш, Ҳикматҷон Ҳошимов, ки собиқ футболбози касбист, ба бошгоҳи “Энергетик-БГУ”-и Беларус пайваст.
Ҳарчанд “Энергетик-БГУ” ба фарқ аз бошгоҳҳои дигар дар Минск пуштибонии камтар дошт, ин даста зери раҳбарии мураббӣ Анатолий Юривич кор мекард. Вай бо футболи Осиёи Марказӣ хуб ошно буд ва тими Қазоқистонро тамрин медоду як муддат дар Федератсияи Футболи ин кишвар кор кардааст.
“Онҳо пулро дар авлавият нагузоштанд. Ба ҷойи ин тарҳи хубу мувофиқ барои рушди як варзишгарро интихоб карданд,” – гуфт Отабек Ҷӯраев дар бораи тими Ҳусайнов.
Ҳусайнов якуним мавсимро дар тими Беларус гузаронд, ки он ба гуфтаи Николай Ходасевич, таҳлилгари футбол, барои “нерӯ ва суръат” соҳиби унвони рамзии “Дастаи мавсим” дар Лигаи олии ин кишвар гашт.
Вале ин тим, ки мушкили пулӣ дошт, соли 2023 Ҳусайновро аз даст дод. Футболбоз бар ивази 100 ҳазор доллар ба тими RC Lens гузашт ва аввалин бозингари узбек дар Лигаи олии Фаронса шуд.
Аз Узбекистон то Англия
Осиёи Марказӣ солҳои охир дар футбол натиҷаҳои мусбат дошт. Қазоқистон, ки ҳанӯз соли 2022 тасмим гирифт аз бозиҳои осиёӣ ба рақобатҳои аврупоӣ гузарад, тамоми талошашро барои дарёфти роҳхат ба як мусобиқаи бузург кард. Дар ин роҳ бар Дания пирӯз шуда, барои роҳ ёфтан ба бозии Евро-2024 наздик гашт.
Тоҷикистон ва Узбекистон ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар роҳ ёфтанд. Узбекистон танҳо бар тими кишвари мизбон ва ғолиби даври ниҳоии бозиҳои Қатар тавассути пеналтӣ мағлуб шуд.
Аз замоне ки Абдуқодир Ҳусайнов Узбекистонро тарк кард, тими мунтахаби ин кишвар дар феҳрасти ФИФА аз 85 то ба ҷойи 58-ум дар ҷаҳон расид. Вале далели беҳтари пешрафт ин аст, ки узбекҳо ҳоло дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд.
Масалан, капитани мунтахаби Узбекистон Элдор Шомуродов нахустин бозигар аз ин кишвар шуд, ки ба тими “Serie A”-и Итолиё пайваст. Вай ҳоло бозигари эҳтиётии дастаи “AS Roma.” аст.
Ҳусайнов ҳам як муддат дар Фаронса курсии эҳтиётӣ қарор дошт, вале баъд ба тим пайваст ва барои тарзи бархӯрдаш мавриди таҳсин қарор гирифт. Ӯ ҷавонтарин узбеке дар сабқати бошгоҳҳои Аврупо – Лигаи қаҳрамонони УЕФА шуд.
Рақобат дар тими “Манчестер Сити” – бошгоҳе, ки дар он ҳатто ҳимоятгарон бояд қобилияти техникии худро нишон диҳанд, сахт хоҳад буд. Вале, мумкин аст, ӯ ҳоло аз тездавтарин бозигарони даста бошад.
Нуфузи футболбози замоне фавқулода босуръати Англия, Кайл Уокер, пойин рафта, ситораи футболи норвегӣ, Эрлинг Хааланд, дар ин мавсим суръати баландтаринро дар бошгоҳ ба 35,7 километр дар соат расонд.
Бо ин ҳол, Отабек Ҷӯраев, шореҳи варзиш, гузаштани футболбози узбекро ба “таркиши бузурги зериобӣ” монанд мекунад, ки мавҷҳоро ба вуҷуд оварда, барои ояндаи футболи Узбекистон натиҷаовар хоҳад буд.