Ӯ дар изҳороте дар саҳифааш дар Икс рӯзи 21-уми июл навишт, ки ин тасмимаш ба манфиати ҳизби Демократ ва мардуми Амрико аст.
Ҷо Байден ва Доналд Трамп рӯзи 28-уми июн дар мунозираи телевизионӣ ширкат карданд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, ӯ дар баҳс бо Трамп аз худ заъф нишон дод ва бояд истеъфо диҳад.
Чанд ҳафтаи ахир чеҳраҳои шинохтаи ҳизби Демократ аз ӯ хоҳиш доштанд, то аз ширкат дар интихобот даст кашад. Ӯ гуфта буд, дар интихобот ширкат мекунад ва Трампро шикаст медиҳад.
Тарафдоронаш тарс доштанд, ки Байден дар баробари Трамп шикаст мехурад.
Ҷо Байден гуфтааст, тасмими дар интихобот иштирок накарданашро рӯзҳои наздик ба миллат шарҳ медиҳад.
Ӯ гуфтааст, то охири мӯҳлати президентиаш ба кораш идома хоҳад дод.
Эҳтимол, Камола Ҳарис, муовини ӯ номзад ба мақоми президентӣ шавад, вале ҳанӯз ин тасмим расман эълон нашудааст.
Анҷумани ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳафтаи гузашта Доналд Трампро ҳамчун номзад барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард.
Анҷумани ҳизби Демократ аввали моҳи август баргузор мешавад ва ҳанӯз маълум нест, киро номзад пешбарӣ мекунанд.
Дар ИМА дар чор сол якбор интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва як нафар танҳо дубор ҳаққи иштирок дар маъракаи интихоботро дорад. Ҷо Байден соли 2020 пирӯзи ин маърака шуда буд ва ҳақ дошт, якбори дигар номзадиашро пешбарӣ кунад.