Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вакили пешини Березовский дар Лаҳистон


Сарватманди машҳур Борис Березовский соли 2023, дар 67-солагӣ, дар Бритониё фавтид
Сарватманди машҳур Борис Березовский соли 2023, дар 67-солагӣ, дар Бритониё фавтид

Мақомоти Лаҳистон (Полша) вакили собиқи сарватманд (олигарх)-и рус Борис Березовскийро дастгир кардаанд.

Дар ин бора RMF FM, шабакаи хусусии радиои Лаҳистон, рӯзи 20-уми сентябр хабар дод.

Манбаъ мегӯяд, боздошти вакили мудофеъ, ки додситон аз ӯ Анатолий Б. ном бурдааст, дар доираи таҳқиқи ҳамла ба мухолифони рус сурат гирифт.

Сухангӯйи Додситонии Лаҳистон боздошти вакили пешини Березовскийро тасдиқ кард, аммо шарҳ надод.

Лаҳистон, кишвари узви НАТО, дар моҳҳои охир чанд нафарро дар пайванд ба амалҳои вайронгарона дар қаламрави худ боздошт кардааст. Дар ин кор Русияро муттаҳам медонанд.

XS
SM
MD
LG