Дар тӯли се рӯзи гузашта ба дари 17 дӯкони воқеъ дар наздикии масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, ки бештар китобҳои динӣ, либосҳои занона ва тасбеҳу ҷойнамоз мефурӯхтанд, қуфл зада шудааст. Маҳмадулло Расулов, яке аз фурӯшандагони ин дӯконҳо, рӯзи 24 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кор баъд аз тафтиши як комиссияи ҳукуматӣ аз сӯи шаҳрдории Душанбе сурат гирифтааст.
"Инак, се рӯз мешавад, ки дари дӯконҳо бастааст ва мо мунтазири иқдоми баъдинаи ҳукумати Душанбе мебошем, ки чӣ кор кунем," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо. Ӯ мегӯяд, то замоне ки ҳукумати шаҳри Душанбе иҷоза надиҳад, онҳо ҳаққи боз намудани фурӯшгоҳҳояшонро надоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин кор на бастани дӯконҳо, балки мушаххас кардани он ки онҳо бояд чӣ бифурӯшанд, мебошад. Ба қавли ӯ, "дар ин дӯконҳо асосан либосҳои барои фарҳанги мо бегона фурӯхта мешуд ва ҳоло қазия мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Акнун бояд мушаххас шавад, ки онҳо чиро ба фурӯш гузаронду чиро не."
Зоҳиран чунин тасмим баъд аз ҷаласаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар масъалаи либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона, ки 19 август дар “Кохи Ваҳдат” баргузор шуд, гирифта шудааст. Шаҳрдори Душанбе дар ин нишаст аз таблиғи фарҳангҳои бегона дар пойтахти кишвар ва аз бетарафии бархе аз афроди масъул изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои зидахл дастур додааст, ки дар тамоми марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро пешгирӣ кунанд
Дар ин ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ иштирок карда буданд.