Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи духтарони футболбоз дар Душанбе Узбекистон ғолиб шуд


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола, ки рӯзҳо 4-8-уми март баргузор шуд, бо пирӯзии тими Узбекистон ба поён расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом дод. Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки аз ҳама бештар – 7 имтиёз - ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид ва бо Ҷоми қаҳрамонию медалҳои тило мукофотонида шуд.

Духтарони футболбози узбек дар даври якуми мусобиқа тими Эрон ва даври дуюм мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб карда, дар даври сеюм бозиро бо тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом доданд.

Тими Эрон, ки пас аз нокомӣ дар даври аввал дар ду бозии дигар дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бо касби 6 имтиёз соҳиби мақоми дуюм ва медалҳои нуқра гардид.

Ҷойи сеюм бо 4 имтиёз насиби мунтахаби Қирғизистон шуд, ки бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин ба дастаи Қирғизистон ҷоизаи «Fair Play» (“Бозии шаффоф”) супурда шуд.

Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҳарсе бозӣ аз тимҳои Қирғизистону Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷой гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо ҷоизаи вижа мукофотонида шуд.

Муфидтарин бозигари мусобиқа капитан ё сарвони дастаи Узбекистон Меҳрангез Ҳамидова эътироф гашт. Ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани мусобиқа” ба ҳамлагари тими Эрон Марям Халилӣ (се гол) тақдим гардид.

Барои духтарони футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) ба ҳисоб мерафт, ки аз 9-ум то 17-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола:

Даври якум

4-уми март (сешанбе)

Эрон – Узбекистон – 0:1

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1

Даври дуюм

6-уми март (панҷшанбе)

Қирғизистон - Эрон – 0:2

Узбекистон – Тоҷикистон – 1:0

Даври сеюм

8-уми март (шанбе)

Узбекистон - Қирғизистон – 0:0

Тоҷикистон – Эрон – 0:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1Узбекистон32102-07
2Эрон32016-16
3Қирғизистон31111-24
4Тоҷикистон30030-60


XS
SM
MD
LG