Бозии аввали дӯстона миёни духтарони футболбози то 17-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки 13-уми декабр дар Ҷидда доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова ба самар расонданд.
Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 18-уми декабр дар Ҷидда барпо мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби духтарони то 17-солаи кишвар дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Ҷидда 22 бозигар даъват шудааст.
Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 17-сола аз 9-ум то 17-уми октябри соли оянда барпо мегардад. Рақибони дастаи Тоҷикистон дертар маълум хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев моҳи октябри имсол бо тими Арабистони Саудӣ дар Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳардуяш пирӯз шуда буд.
Дар бозии аввал дастаи мунтахаби ҷавонзанони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева заданд. Бозии дуюми дӯстона бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Нозия Абдуғаффорова ба самар расонд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мешаванд.
Гуфтугӯ