Тибқи гузориши хабаргузории "Франс пресс", Владимир Воронков, Муовини дабири кулли СММ дар умури мубориза бо терроризм, ин ҳушдорро рӯзи 8-уми август дар гузориши нави худ ба Шӯрои Амнияти СММ матраҳ кардааст.
Ӯ ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ гуфтааст, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаш моҳи гузашта имкониятҳои молӣ ва логистикии худро беҳбуд бахшида, талошҳояшоро барои ҷалби нерӯҳои бештар афзоиш додааст.
Воронков афзудааст, дар ин муддат ҳимояти афғонҳои муқими хориҷ ва шаҳрвандони Осиёи Миёна аз ин гурӯҳ афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, "Шохаи Хуросон" масъулияти ҳамлаи моҳи март ба талори консерии "Крокус"-и Маскавро ба ӯҳда гирифта буд, ки дар бар асари он 145 нафар кушта шуданд.
Бо онки мақомҳои Австрия рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки чанд фарди машкукро дар пайванд ба барномарезӣ барои ҳамла ба консертҳои Тейлор Свифт, овозхони амрикоӣ дар Вена боздошт карданд, аммо гуфта шудааст, ки онҳо ба "Шохаи Хуросон" дар Афғонистон иртибот надоранд.
Бо ин вуҷуд, Воронков ёдовар шудааст, ки ин хатар вуҷуд дорад, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" бархе ҳамлаҳои террористиро дар берун аз Афғонистон созмондеҳӣ кунад, чун ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ ҷалби афродро бештар кардааст.
Ҳукумати Толибон то кунун дар пайванд ба изҳороти нави ин мақоми баландпояи СММ вокуниш нишон надодааст, аммо пеш аз ин гузоришҳо роҷеъ ба ҳузур ва тақвияти "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистонро рад кардааст.
Бо ин вуҷуд, пас аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ масъулияти чандин ҳамлаҳои хунинро ба ӯҳда гирифтааст.
Аз сӯи дигар, Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ дар гузориши ахири худ, ки моҳи гузашта нашр шуд, аз ҳамаи кишварҳои узви ин созмон хост, то иҷоза надиҳанд, ки Афғонистон бори дигар ба маркази фаъолиятҳои террористӣ табдил шавад. Фаъолиятҳое, ки ба гуфтаи Гуттериш, ба дигар кишварҳо низ таъсир хоҳад расонд.
Гузориши дабири кулли СММ афзудааст, ки мақомҳои Фаронса ҳам бинобар ҳамлаҳои эҳтимолии ин гурӯҳ, чораҳои шадиди амниятиро барои Бозиҳои олимпии Порис рӯи даст гирифтанд.
Владимир Воронков дар гузориши нави худ ҳамчунон ҳушдор додааст, ин хатар вуҷуд дорад, ки гурӯҳи ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари вобаста ба он, бахшҳои зиёде аз қораи Африқоро ба назорати худ дароваранд.
Ӯ гуфт, пайравони ДОИШ фаъолияти худро дар Африқои ғарбӣ густариш додаанд.
Воронков афзуд, ки агар ДОИШ ба густариши нуфузи худ идома диҳад, сарзаминҳои васеъе аз Мали то шимоли Нигерия ба зери назорати он ва гурӯҳҳо вобастааш хоҳанд даромад.
Гуфтугӯ