Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзохӯҷа Аҳмадов - аз қумондони ҷанг то мубориза бо гамбуск


Мирзохӯҷа Аҳмадов
Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мегӯяд, ки ҳоло ҳам аз сиёсат ва ҳам кор дар мақомоти қудратӣ канор рафта, танҳо ба кишоварзӣ машғул аст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва сардори собиқи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Рашт баъд аз он ки аз кор дар мақомоти қудратии Тоҷикистон канор рафт, ба кишоварзӣ машғул аст. Хабарнигорони Озодӣ низ Аҳмадовро дар сари заминаш дар маҳалли Белгии ноҳияи Рашт пайдо карданд. Ӯ гуфт, ҳоло ба картошкапарварӣ машғул мебошад ва танҳо мушкиле, ки дорад, мубориза бо "жук" ё гамбуски колорадоист.

"Ҳоло аз пайи зиндагии маъмулӣ ҳастем. Картошка мекорем, боғ бунёд кардаем. Шароитамон хуб аст," – афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ: Чӣ қадар замини картошка ва себ доред?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Дар як гектар картошка дорем, дар як гектари дигар боғи нав кардаем. Дар ҷойи холии боғи нав ҳам картошка коридем. Ғайр аз ин, дар замини наздиҳавлигӣ 80 сотих ҳамаи навъи сабзаҷотро коридаем. Ҳосил бад нест. Ду соли пеш ҳосили хуб гирифтем, соли гузашта камтар буд, аммо имсол бовар дорем, ки ҳосил боз хуб мешавад."

Сӯҳбат бо Мирзохӯҷа Аҳмадов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:34 0:00

"Нурӣ ҲНИТ-ро бо худ ба гӯр бурд"

Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки дигар комилан аз сиёсат канор рафтаед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Чандин сол шуд, ки аз сиёсат дур шудаам ва аз соли 2011 то ҳоло ба ягон кор дахолат накардаам. Аз пайи зиндагии осоиштаем дигар."

Радиои Озодӣ: Аммо дар маъракаи интихоботи парлумонии моҳи март аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тарафдорӣ карда, алайҳи ҲНИТ садо баланд карда будед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Худо сад раҳмат кунад, Саид Абдуллоҳи Нуриро, ки нисбат ба сулҳ меҳнат кард, вале вақте ӯ аз олам гузашт, наҳзатро ҳам бо худаш бурд. Мо асосан дар ҳизби наҳзат нестем ва набудем. Дар давраи ҷанг ҳам дар наҳзат набудем, раҳматии Саид Абдуллоҳи Нурӣ моро барои сулҳу салоҳ муттаҳид кард. Лекин дар наҳзат набудем, аммо автомат, ки дар дастамон буд, ҷанг кардем ва чун вақташ шуд, омадем сулҳ кардем, ки кори хуб шуд."

Омӯзгорӣ - охирин вазифаи Мирзохӯҷа

Радиои Озодӣ: Охирин вазифае, ки доштед, кадом вазифа буд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сари замини кишт
Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сари замини кишт

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Охирин вазифае, ки дар Вазорати дифоъ доштем, пас аз ин ҷангҳо ҳамчун муаллим як сол сарбозонро дарс додем. Баъди як сол гуфтанд, ки ҷавоб, гуфтем, ҳазор раҳмат ва омадем аз пайи зиндагӣ. Ин соли 2011 буд ва дар худи Вазорати мудофиа афсарону сарбозонро нисбат ба фаъолият дар кӯҳу мавзеъҳои кӯҳӣ таълим медодем. Мо дар кӯҳҳо гашта будем ва таҷриба доштем. Аз ин хотир, як сол бо сарбозон чӣ тавр кор кардан дар шароити кӯҳистонро омӯзонидем. Дар шароити кӯҳистон чӣ хел бояд рафт ва зидди душман чӣ гуна мубориза кард, аз барномаи таълимии мо буд. Он замон Шералӣ Хайруллоев вазири мудофиа буданд. Моро хуб қабул карданд ва гуфтанд, ки дигар шартномаатон тамом шуд. Ин дунё ҳаст, ки як вақт дар вазифа ҳастӣ ва як вақт бевазифа."

Радиои Озодӣ: Баъдан, ба нафақа баромадед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Не, ба нафақа набаромадам, зеро аз ҳисоби кор дар сохторҳои қудратӣ собиқаи кориам намерасад ва ҳамчун шаҳрванд ҳоло ба синни нафақа нарасидам."

"Ҳамла ба хонаи ман як нофаҳмӣ буд"

Радиои Озодӣ: Дар гузашта Шумо борҳо мавриди пурсуҷӯ қарор доштед ва ҳатто ҳангоми қасди дастгир кардани Шумо Олег Захарченко, сардори дастаи ОМОН кушта шуд. Дар нооромиҳои дигар ҳам ба хонаатон ҳамла шуд ва баъдан Шуморо авф карданд. Ҳоло чӣ эҳсос доред?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Ҳазор бор шукри Худо, ки панҷ шаш сол боз осоишта зиндагӣ дорем. Ҳеҷ кас суроғ намекунад ва мо худ ҳам ягон ҷой намеравем. Агар дар ягон ҷой зарур шуд ва донанд, ки мо даркорем, меравем ва ба халқи худ хизмат мекунем. Ҳамлае, ки ба хонаи мо сурат гирифт (тирамоҳи соли 2010) шахсан нисбат ба мо як нофаҳмӣ буд. Баъд аз он ки ҷанг сар шуд, тару хушк месӯзад. Дар қатори ин омаданд моро ҳам заданд, ки дигар ин гузашт, рафт. Назди Худо дуо мекунем, ки дигар чунин ҳодиса рӯй надиҳад."

Мирзохӯҷа Аҳмадов
Мирзохӯҷа Аҳмадов

Радиои Озодӣ: Сӯҳбат мешуд, ки ҷонибдори зиёд доред. Дидем, ки Шумо ба фаъолияти кишоварзӣ машғулед, ҷонибдоронатон пайи чӣ кор ҳастанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Ҳамаи онҳо пайи зиндагӣ ҳастанд. Супориши Ҷаноби Олӣ шуд, ки бо замин таъмин шаванд, аз бонкҳо қарз бигиранд ва пайи зиндагӣ шаванд. Худо нишон надиҳад ва агар ягон вазниние ба сарашон дар масъалаи зиндагӣ омад, меравем, муроҷиат мекунем, то мушкилашон ҳал шавад. Ҳозир ҳазор бор шукр, ки ҳамроҳ бо ҷонибдорон ҳеҷ мушкиле надорем. Худи ман ҳам аз бонкҳо қарз гирифтам ва шукри Худо, ки қарзҳояморо баргардонидам. Қарздорӣ он қадар хуб нест.”

Духтари Мирзохӯҷа духтур будан мехоҳад

Радиои Озодӣ: Гузоришҳое нашр мешаванд, ки гурӯҳҳое мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ва дар марз бо Тоҷикистон фаъол шудаанд. Назари Шумо дар робита ба ин гурӯҳҳо чӣ ҳаст?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Рости гап, аз фаъолияти ин гурӯҳҳо хабаре надорам. Инҳо кӣ ҳастанд, чӣ мехоҳанд, иттилоот надорам. Ҳозир ҳазор бор шукр, ҳукумат қувваи бузург дорад, ки зӯраш ба ҳама гурӯҳ мерасад.”

Радиои Озодӣ: Зиндагии хусусиатон чӣ гуна ҳаст ва дигар аъзои хонаводаатон чӣ кор мекунанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Ҳамсарам 20 сол шуд, ки пизишк аст. Фарзандонам дар мактаб мехонанд. Духтарам англисӣ мехонад. Ҳамсари аввалам аз дунё гузашт ва ман бо ҳамсари ҳозираам хонадор шудам ва аз ин се фарзанд дорам. Писарони аз ҳамсари аввалам яке дар Русия юахши барномасози компютер мехонад, дигареаш духтур ва яктои дигараш сохтмончӣ ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Духтаратонро аз рӯи касб кӣ дидан мехоҳед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Касб омӯхтан фарз аст. Одам ҳатман бояд як касб дошта бошад, ки аз пайи он зиндагӣ кунад. Духтарчаи ман ҳоло дар мактаби миёна мехонад. Англисиро хуб медонад ва орзу дорад, ки ба мисли модараш духтур шавад. Писари дигарам, ки ҳоло дар синфи 11-ум мехонад, мехоҳад, ки шахси ҳарбӣ шавад. Хоҳ милиса бошад, хоҳ сарҳадбон. Хоҳиш дорад, ки дар ягон мактаби ҳарбӣ дохил шавад.”

“Ҷанг хушку тарро месӯзад”

Радиои Озодӣ: Дар муқоиса ба замони даргириҳо чӣ дигаргуние дар зиндагии мардум мебинед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Аз соли 1993 то 1997, ки ҷанг буд, ҳама ҷо қашшоқӣ буд. Ҳозир шукри ободиву тинҷӣ. Ҷанг ҳама вақт ба дунё қашшоқӣ меорад. Ҳоло беҳад зиндагии мардум хуб аст. Ин ободиву ин сохтмонҳое, ки мешаванд, беҳад хуб аст. Ҷанг бошад, дар хонаат соз хоб намеравӣ. Дар ҷанг тару хушк месӯзад. Яке ба хонаи ту медароянд, яке ба хонаи ҳамсоя. Ягон кас дар минтақаи ҷангзада шаб ором хоб намеравад.”

Радиои Озодӣ: Як лаҳза ба гузашта бингарем, чӣ иттифоқ афтод, ки Шумо ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин пайвастед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Ҷанг, ки сар шуд, дигар худ нофаҳмида ворид шудем. Ҳамин хел замона буд. Ин насибу тақдир буд. Моро чанд бор, се маротиба авф карданд ва боз пурсуҷӯ карданд. Мо худ дар ҳукумат кор мекардем ва рутбаам полковник ҳаст. Дар Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Рашт кор мекардем. Вақте Муҳаммаданазр Солиҳов вазир буд чӣ фикре кард, ки ба сари мо гурӯҳи ОМОН-ро равон кард, ки баъдан Олег Захарченко кушта шуд. Ин корҳо дар тақдири мо буд ё чизи дигар, ки намедонам. Мо ҳама пастиву баландиро аз Худои худ медонем.”

Радиои Озодӣ: Боқии умратонро чи гуна сипарӣ хоҳед кард?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: “Мехоҳам, ҳамроҳи фарзандонам бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунам.”

XS
SM
MD
LG