Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: “Сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро тақсим кунед” ВИДЕО


Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ)
Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ)

Гулрухсор Сафиева (Гулрухсори Сафӣ), шоири маъруфи тоҷик, дар остонаи соли нави 2018 ба афроди дорову сарватманди кишвар муроҷиат кард ва гуфт, “сандуқ-сандуқ пулҳои ҷамъкардаи худро тақсим кунед”. Ӯ рӯзи 30-юми декабр дар як муроҷиати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, дар соли саг вафо ва муҳаббати одамон ба якдигар бештар шавад.

"Бовар дорам, ки соли оянда ба ҳамаи орзуҳо ҳам нарасем, ба баъзе орзуҳоямон мерасем. Якдигарро бештар дӯст медорем, дасти одамони нотавонро мегирем ва бесоҳибонро соҳибӣ мекунем. Онҳое, ки сандуқ-сандуқ пул ҷамъ карданд, то дар ду метр ҷой хоб раванд ва агар он ҳам насибашон карда бошад, пулҳоро тақсим кунанд. Қорун замоне дороиҳояшро тақсим мекард. Вақте хасис шуд, хок кашидаш", - гуфт Гулрухсор Сафиева.

Идомаи суҳбату муроҷиат ва орзуҳои Гулрухсор Сафиеваро дар остонаи Соли нави милодӣ дар ин навори видео тамошо кунед:

Гулрухсор: Вафое, ки гум кардем, дар сагу харчанг меҷӯем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

XS
SM
MD
LG