Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил Эронро нишон гирифтааст. Куҷоро мезанад?


Дар ҳамлаи 1-уми октябр системаи дифои ҳавоии Исроил аксари мушакҳои Эронро раҳгирӣ кардааст.
Дар ҳамлаи 1-уми октябр системаи дифои ҳавоии Исроил аксари мушакҳои Эронро раҳгирӣ кардааст.

Аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, ки метавонад вазъ дар минтақаро дигар кунад, нигаронанд.

Телевизиони NBC дар Амрико ба нақл аз мақомоти амрикоӣ хабар додааст, ки эҳтимол Исроил танҳо ба “зерсохтҳои низомӣ ва энержии Эрон” ҳамла кунад.

Нигарониҳои зиёде вуҷуд дорад, ки Исроил ба таъсисоти барномаи ҳастаии Эрон ҳамла мекунад ва ин кор таниш дар минтақаро бештар хоҳад кард.

Рӯзи якуми октябр Эрон Исроилро мушакборон кард. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки қасди кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари ҲАМОС дар Теҳрон ва дигар раҳбарони Ҳизбуллоҳи Лубнону фармондеҳони Сипоҳи посдоронро гирифтааст, ки гуфта мешавад, дар ҳамлаҳои Исроил дар минтақа кушта шудаанд.

Исроил эълон кард, ки ба Эрон барои ин кораш посухи сахт медиҳад.

Амрико ва дигар кишварҳои минтақа аз Исроил хостанд, ки ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла накунад.

Исроил солҳост тарс дорад, ки Эрон бомбаи атомӣ месозад, вале Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.

Телевизиони NBC бо такя ба манбаҳояш дар мақомоти Амрико рӯзи 12-уми октябр хабар додааст, ки дар тарҳи Исроил ҳеч нуктае барои ҳамла ба таъсисоти атомӣ вуҷуд надорад.

Исроил расман дар бораи рӯзи ҳамла ва макони ҳамлааш ба Эрон хабар надодааст.

Дар кишварҳои Ховари Миёна аз бадтар шудани вазъият нигаронанд. Бархе ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз ба кишварҳои минтақаро маҳдуд ё манъ кардаанд.

Исроил ҳамалҳояшро ба Лубнон идома медиҳад. Ин кишвар эълон кардааст, ки барои нобудии Ҳизбуллоҳ талош дорад.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, зери ҳимояти Эрон аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Исроил дар як моҳи ахир аксари фармондеҳон, аз ҷумлаи Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳро кушт, вале коршиносон мегӯянд, ҳанӯз тавоноиҳои ин гурӯҳ аз байн нарафтааст.

Мақомоти Лубнон мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил ғайринизомиёни зиёде кушта шудаанд.

Ҳизбуллоҳ пас аз оғози ҳамлаи Исроил ба Ғазза эълон кард, ки аз ҲАМОС пуштибонӣ мекунад ва ба хоки Исроил мушакпарониро оғоз кард. Пас аз ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ҳазорон исроилӣ дар марз бо Лубнон хонаҳояшонро тарк карданд ва ҳоло артиши Исроил мегӯяд, ба хотири баргардонидани сокинони минтақаҳои наздимарзӣ амалиёт алайҳи Ҳизбуллоҳро анҷом медиҳад.

Вазъ дар минтақа пас аз он бад шуд, ки рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард ва то кунун беш аз 40 ҳазор дар ин борика кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.

Аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ Исроилро барои бераҳмиаш ва куштани занону кӯдакон танқид мекунанд.

Талошҳои Амрико ва дигар кишварҳои минтақа барои оташбас дар Ғазза то кунун бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG