Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон дархости афви Масимовро рад кард


 Мурофиаи додгоҳии Карим Масимов
Мурофиаи додгоҳии Карим Масимов

Президенти Қазоқистон  Қосимҷомарт Тоқаев қарори комиссиюни афвро тасдиқ кард, ки  раҳбари собиқи Кумитаи амнияти миллии (КАМ) ин кишвар  Карим Масимовро аз ҳақи  афв маҳрум мекунад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қарори комиссиюни афвро тасдиқ кард, ки раҳбари собиқи Кумитаи амнияти миллии (КАМ) ин кишвар Карим Масимовро аз ҳақи афв маҳрум мекунад.

Дар ин бора Informburo бо такя ба маъмурияти президент хабар додааст. Рӯзи 10 июн маълум шуд, ки Масимов дархости афв кардааст. Ӯро барои даст доштанаш дар ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва талоши ғасби қудрат ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Он замон КАМ гуфт, ки нисбати Масимов боз аз рӯи иттиҳомоти “қонуникунии пулу дигар дороиҳои бо роҳи ҷиноӣ ба даст омада” ва “порагирӣ дар ҳаҷми махсусан калон” тафтиши пешакӣ шурӯъ шудааст.

Поёни моҳи июн комиссиюни афв дархости ӯро рад кард. Масимов, ки ду бор дар вазифаи нахуствазири Қазоқистон ҳам кор кардааст, дасти рости президенти пешин Нурсултон Назрабоев ба ҳисоб мерафт.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 аз вазифа гирифтанд. Апрели соли 2023 ӯро ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG