Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин розӣ шудааст, ки ҳамлаҳоро ба бахши энержии Украина бас кунад


Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж
Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж

Владимир Путин, президенти Русия, дар суҳбат бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, розӣ шудааст, ки барои сӣ рӯз ҳамлаҳоро ба бахши энержӣ ва зербунёдҳои Украина бас кунад. Ба унвони қадаме дар роҳи расидан ба оташбаси комил.

Ин гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 18-уми март зиёда аз 90 дақиқа идома кардааст. Дар Кремл ва Кохи Сафед гуфтанд, ки ҳарду ҷониб барои поён додан ба ҷанг дар Украина ва расидан ба сулҳи дарозмуддат пойбанд ҳастанд.

Кохи Сафед шоми сешанбе дар баёнияе гуфт, Трамп ва Путин мувофиқат кардаанд, ки ҳаракат барои сулҳ бо қатъи ҳамлаҳои Русия ва Украина ба таъсисоти энержӣ ва зерсохтҳои якдигар оғоз гардад.

Бар асоси ин баёния, раҳбарони Амрико ва Русия ҳамчунин созиш кардаанд, ки "музокироти фаннӣ" барои оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва оташбаси комилу сулҳи доимӣ анҷом шавад.

Кремл мегӯяд, раисҷумҳури Русия "чанд нуктаи муҳимро дар мавриди таъмини назорат бар оташбаси эҳтимолӣ дар тамоми хати ҷанг, қатъи басеҷ ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина" баён доштааст.

"Қатъи пурраи ёриҳои низомии хориҷӣ ва додани маълумоти иктишофӣ ба Киев ҳамчун шарти калидии пешгирӣ аз сахттар шудани низоъ ва талош барои ҳалли масъала бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид шуд," – гуфта шудааст дар изҳороти Кремл.

Маскав ҳамзамон гуфт, музокироти сулҳ бояд "аз байн бурдани сабабҳои асосии буҳрон ва манфиатхҳои қонунии Русияро дар бахши амният ба назар гирад."

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард. Путин беасос иддао дорад, ки ҳукумати Украинаро миллатгароён роҳбарӣ карда, камшуморони русро дар шарқи ин кишвар мекушанд ва ҳадафи Русия "ғайринизомӣ ва халос кардани Украина аз дасти миллатгароён аст".

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо сафари корӣ дар Финландия қарор дорад. Вай дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, талабҳои Путин баёнгари онанд, ки ӯ на дар фикри оташбас, балки зарба задан ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст.

"Вақте Путин дар бораи анҷоми мобилизатсия мегӯяд, мавқеаш башардӯстона нест, балки ба хотири он аст, ки артиши моро хурдтар ва заифтар кунад. Айни ҳаминро дар бораи талаби ӯ дар мавриди қатъи ёриҳои низомӣ ва иттилооти иктишофӣ гуфтан мумкин аст," -- афзуд Зеленский.

Доналд Трамп дар оғози давраи дувуми раёсаташ ба хатми ҷанги сесола дар Украина авлавият дод. Мақомоти Украина ва Амрико баъд аз музокироти худ дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март эълон карданд, ки Киев ба пешниҳоди оташбаси 30-рӯза розӣ шуд, ба шарте ки Русия низ онро бипазирад.

Путин қаблан шартҳои изофӣ, аз ҷумла қатъи интиқоли силоҳро аз Амрико ба Киев дар миён гузошта, хоста буд, Украина иҷозаи пайвастан ба НАТО-ро надошта бошад ва кишвари бетараф монад.

Киев дар гузашта чунин шартҳоро рад кардааст.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский борҳо таъкид кардааст, ки кишвараш барои қабули ҳамагуна созиши сулҳ ба кафолати амниятии ҳампаймонҳои ғарбии худ, аз ҷумла аъзои НАТО ниёз дорад.

Котиби давлатии Амрико Марко Рубио рӯзи 16-уми март дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, созишномаи ниҳоии сулҳ "заҳмати зиёд ва гузаштҳои ҳам Русия ва ҳам Украинаро металабад" ва афзуд, "то даме ки онҳо ба сӯи ҳамдигар тирандозӣ мекунанд" ҳатто оғози чунин музокирот мушкил хоҳад буд.

Раисҷумҳури Фаронса ва сарвазири нави Канада рӯзи 17-уми март пуштибонии қавии худро аз Украина баён карданд, чун ба бовари онҳо "Киев ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия мубориза мекунад".

XS
SM
MD
LG