Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо, барои ширкат дар ин мусобиқа беш аз 240 варзишгар аз 23 кишвари чаҳор қораи олам номнавис шудаанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 28-уми феврал - Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кило), Эмомалӣ Нуралӣ, Умар Шеров (ҳарду дар вазни то 66 кило); дар сабқати занон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг) ва Александра Кан (-57 кг) намояндагӣ карданд.
Аз байни онҳо ду нафар – Эмомалӣ Нуралӣ ва Аҳлия Муъминова - барои медали биринҷӣ мубориза бурданд.
Паҳлавони 22-солаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Казбек Нагучевро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст дод. Эмомалӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Замоҳшарӣ Бекмуродови узбек шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш Роналд Лимаи бразилиро мағлуб кард.
Вале Эмомалӣ барои нишони биринҷӣ аз Муҳриддин Тиловови узбекистонӣ ноком шуда, дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд. Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар ду мусобиқаи “Tashkent Grand Slam” солҳои 2023 ва 2024 медали тило гирифта буд, ин дафъа бе медал монд.
Аҳлия Муъминова бошад, дар вазни то 48 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Чин ва Қазоқистон, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Салвадор Родригуес аз Испания дастболо шуд. Вале Аҳлия дар нимфинал аз Кано Миякии ҷопонӣ мағлуб гашт. Ӯ барои медали биринҷӣ аз Сабина Гилязова аз дастаи бетараф (IJF) шикаст хӯрд.
Ду паҳлавони дигари тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, мақоми ҳафтумро касб карданд. Меҳрзод, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Муродир Муродиллоеви узбекро мағлуб сохт. Дар даври сеюм Сӯфиев аз Туран Байрамови озарӣ шикаст хӯрда, дар рақобати тасаллобахш аз Седрик Револи фаронсавӣ ноком шуд.
Ҳақдод Гулов низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм дар замони тилоӣ Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Гулов аз Анварҷон Иброҳимови мизбон шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Ҳақдод қувваозмоиро ба Камолиддин Бахтиёрови узбекистонӣ бохт.
Умар Шеров (-66 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Дар “Tashkent Grand Slam 2025” боз даҳ варзишгари тоҷик - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду -73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (ҳарду -81 кг), Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду -90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду -100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) ва дар сабқати занон Виктория Киселёва (+78 кг) - ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
1-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
2-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (3 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Узбекистон бо касби 5 медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Испания бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол
кардаанд. Тоҷикистон ва Фаронса ҳар кадом бо ду ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар зинаи ҳафтум ҷойгир шудаанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд.
Гуфтугӯ