Шӯхиҳои Кабирӣ, ислоҳоти Кодекси андоз ва тахриби манзили сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбест.
Шоир ва драмнависи тоҷик баъд аз зӯҳри рӯзи 22-юми феврал дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Ширкати «Барқи Тоҷик» эълом кард, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар ҳама манотиқи Тоҷикистон лағв шуда ва сокинони кишвар ба таври шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.
Тоҷикистон ва Русия шароити нави ҳифзи муштараки марз бо Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳи кории кумитаи муштараки саноат ва маъдани Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.
Масъулони ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон мегӯянд, мизони фарогирии интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 10 дарсади муштариёнро ташкил медиҳад.
Сафири Эрон дар Душанбе аз омодагии кишвараш ба роҳандозии телевизиони форсизабонҳо дар иди Наврӯз хабар дод.
Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун 14 донишҷӯи тоҷик довталабона аз Миср берун рафтаанд.
27-уми январ, ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таркиши "Домодедово" кушта шуданд, ба Душанбе оварда шуд.
Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи рӯҳонӣ Зайнулобиддин Маннонов идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ӯ ҳудуди 70 кило маводи мухаддир мусодира намудааст.
Амонулло Ашӯр, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.
Амалиёти вижа барои боздошти гурӯҳи Маҳмадкарим Иброҳимов аз сӯи нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҷараён дорад.
Нахустин китоби таълифкардаи Аҳмади Иброҳим, журналисти тоҷик бо номи «Ҷаҳиши охирини бабр» бо ширкати масъулони давлатӣ, олимону нависандагон ва хабарнигорон дар маркази шаҳри Кӯлоб муаррифӣ шуд.
Ширкати конодоии «Сanog Energy» тааҳҳуд кардааст, ки се нерӯгоҳи кӯчаки барқиро дар Тоҷикистон бисозад. Ба ин манзур ахиран миёни ин ширкат ва ширкати «Барқи тоҷик» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Шаби чаҳоршанбеи 12 январ дар Тоҷикистон барои бори аввал дар фасли зимистони имсола барф борид. Ба иттилои масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, қабати барф дар водиҳо то 1 сантиметр ва дар кӯҳҳо аз 2 то 7 сантиметрро ташкил додааст.
Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» ба зудӣ шабакаи нави радиоиеро зери номи «Садои Ховар» роҳандозӣ хоҳад кард. Ҳадаф аз таъсиси ин шабака, ки давлатӣ аст, таъмини фазои иттилоотии кишвар унвон мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи заминсозии назди Ҳукумати Тоҷикистон, барои бунёди манозили истиқоматӣ дар тамоми қаламрави кишвар, зиёда аз 15 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст.
Бо гузашти беш аз як моҳ аз фасли зимистон то ҳол дар водиҳои Тоҷикистон барф наборида ва борон низ ба таври қобили мулоҳиза ба мушоҳида нарасидааст. Беборишӣ дар ин фасли сол беш аз ҳама масъулони ниҳодҳои беҳдоштӣ ва кишоварзиро нигарон кардааст.
Ёфтҳои бештар