Ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ба ин ширкат ҳудуди 10 миллион доллар хисорот ворид шудааст.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои масъулини нашрияҳо дар бораи фишор болои додрасҳо барои ба додгоҳ кашондани се нашрияи мустақил - «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс»-ро бепоя хонд.
Мақомоти Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон аз анҷоми марҳалаи инвентаризатсия ё мушаххассозии куллия маводи радиоактивӣ дар қаламрави кишвар хабар додаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудӣ 12 додситони шаҳру ноҳия ва як муовини додситони вилоятро аз вазифаҳояшон озод кардааст. Аз ҷумла, се додситон барои аз ҷониби зертобеашон содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ барканор шудаанд.
Шерхон Салимзода, додситони кули Тоҷикистон мегӯяд, «Бутақозиев дастгир нашудааст». Қаблан расонаҳо аз боздошти Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Тоҷикистон хабар дода буданд.
Раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул, пас аз дидораш бо Э. Раҳмон гуфт, СБП ҷиҳати ҳалли мушкили борҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон талоши мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 9 апрел, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон фестивали филмҳои беҳтарин дар кишварҳои муштаракулманофеъ зери номи «Синамо: марзҳои боз» ифтитоҳ шуд.
Сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Кӣ Мун ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он мавзӯи меҳвари шумораҳои ин ҳафтаи аксари нашрияҳои чопи Душанбест.
Дар ҳошияи "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" дар Тоҷикистон радиои Озодӣ бо Камол Насрулло, адиби тоҷик, дар бораи вазъи адабиёти кӯдакона сӯҳбате орост.
Давлати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъитӣ» -ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст.
Имрӯз сафари Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон оғоз шуд. Дидори дабири кулли СММ аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ аз масоили меҳвариест, ки дар нишасти мақомоти ниҳодҳои амниятии СҲШ дар Тошканд мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Робиаи Балхӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар шеъру адаби порсӣ» баргузор шуд.
Парвозҳои миёни Душанбе - Маскав баъд аз зуҳри душанбеи 29 март аз сар гирифта шудааст. Тайи ду рӯзи ахир парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои бузурги Русия ва баръакс қатъ шуда буд.
Ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон аз раҳо шудани беш аз 150 вагони ҳомили маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ ва гилхок ё глиназём аз банди Узбакистон хабар додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Узбакистонро ҳозир намуда ва дар робита ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, ба ӯ нота супоридааст.
Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов субҳи имрӯз барои ширкат дар нишасти СММ дар робита ба масоили об озими Амрико шуд. Интизор меравад, ӯ дар ин нишаст масъалаи муҳосираи иқтисодӣ аз сӯи Узбакистонро матраҳ кунад.
Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, барои сабқат дар интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ танҳо 27 номзад пешбарӣ шудааст. Интихоботи бидуни рақобат дар рӯзи 25-уми март баргузор хоҳад шуд.
Дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба гунае, ки интизор мерафт, Шукурҷон Зуҳуров бо иттифоқи оро раиси порлумон интихоб шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси кунунии Маҷлиси Миллӣ, дигарбора ба унвони номзад дар интихоботи Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шудааст.
Ёфтҳои бештар