Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази маҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмуродро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷат 2 сол зиндонӣ кард.
Раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ҳамтоёни худ дар Қазоқистон нигаронӣ карда, вале ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки чунин иттифоқ дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад.
Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб аз сӯхтор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар медиҳад. Манбаи Озодӣ мегӯяд, иллати сӯхтор тирандозӣ дар он сӯи марз буд.
Омори расмӣ аз афзоиши беш аз 80 дарсадии мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дарак медиҳад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвора - озмуни “Оши палав” бо беш аз 200 деги он дар таърихи 22 август хабар дод.
Дар остонаи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ё сардафтари адабиёти форсу тоҷик, нашри дуввуми Девони ин абармарди фарҳангу адаб бо номи “Девони Рӯдакӣ” дар нашриёти “Бухоро бо тиражи як ҳазор нусха аз чоп баромад.
Бо гузашти се рӯз аз таниш вазъ марзи ҷамоати Чоркӯи Исфараи Тоҷикистон бо Кок Тоши вилояти Бодканди Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад.
Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кард, ки бо вуҷуди буҳрони молӣ имкони бозпас додани қарзҳояш аз Узбакистону Эронро дорад. Душанбе танҳо аз Тошканд 200 миллион доллар қарздор аст.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, ба Душанбе 110 миллион доллар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки кишвараш мухолифи таҳримҳои алайҳи Русия аст, зеро ин таҳримҳо ба вазъи Тоҷикистон низ таъсир мегузоранд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари нестшавии забонҳои бадахшӣ ё помирӣ ва яғнобӣ давраҳои омӯзиширо созмон доданист.
Тибқи гузориши оҷонсии мубориза бо фасод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор ҷиноятҳои коррупсиониро дар вазорату идораҳои давлатӣ, ба хусус сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қудратӣ ошкор кардаанд.
Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, тендер ё музоядаи байналмилалии осоишгоҳи "Зумрад" идома дорад ва он то охири сол фурӯхта хоҳад шуд.
Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мегӯяд, саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар дар як сол беш аз 5 дар сад афзуда, ҷамъан ба 70% расидааст.
Бар асоси гузориши вазорати молияи Тоҷикистон, бархе аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфта ва ҳамзамон нақшаи будҷаи давлатӣ низ иҷро нагардидааст.
Тибқи иттилои масъулони вазорати молияи Тоҷикистон, маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи барқӣ – обии “Роғун” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 15 дарсад иҷро нашудаст.
Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди ба ҷониби Қирғизистон гузаштани 14 чоҳи газ дар мавзеи Ниёзбеки ноҳияи Конибодомро радд кард.
Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, Душанбе ва Бишкек музокироти сари таъйин ва аломатгузории марзро идома медиҳанд ва ҳанӯз ҳеҷ масъалае ниҳоӣ нашудааст.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро “дастоварди бузург” ва таҷрибаи беназири ҳамкориҳои байналмилалӣ унвон кард.
Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба иллати қарздорӣ аз Идораи андоз, парвозҳояшро мутаваққиф карда ва даҳҳо кормандонашро рухсат додааст.
Ёфтҳои бештар