Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости соҳибкорон барои гирдиҳамоӣ рад шуд


Соҳибкорони бозори «Зарнисор» мегӯянд, шаҳрдории Душанбе ба дархости онҳо барои баргузории гирдиҳамоии осоишта дар таърихи 24-уми май посухи рад додаст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои соҳибкорони «Зарнисор», гуфт, ин тоҷирон бо ирсоли дархосте ба ҳукумати пойтахт қасд дошанд, ба нишони эътироз аз қарор додгоҳ барои тахриби сохтмони бозор ва риоя нашудани ҳуқуқҳояшон, дар боғи Мироненко гирдиҳамоӣ кунанд. Вале мақомоти шаҳрдорӣ ба ин дархост посухи рад додаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти шаҳрдорӣ ҳозир нашуданд, дар ин марвид, шарҳе бидиҳанд. Аммо ҳуқуқдонҳо мегуянд, зимни посухи катбии рад мақомот бояд мавридҳои риоя нашудани қонунро ба сурати мушаххас ба муроҷеин бинависанд.

Ойинниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, мегӯяд, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдорӣ бояд дар кадом марвид риоя нашудани меъёрҳои қонун зимни муроҷиати соҳибкоронро ба онҳо мегуфтанд, то онҳо битавонанд дар мавриди муроҷиати такрорӣ иштибоҳи худро ислоҳ намоянд. Гузашта аз ин, мегӯяд хонум Бобоназарова, меъёри ҳуқуқи байнулмилал ва Қонуни асосоии Тоҷикистон иҷоза гирифтан барои гирдиҳамоиро талаб намекунад. Меъёри ҳуқуқи байнулмилал танҳо ба манзури таъмини амният дар ҷараён гузоштани мақомотро тақозо мекунад.

Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъи соҳибкорон, мегуяд, акнун талош хоҳанд кард, аз болои ин посухи ради шаҳрдорӣ дар марвиди иҷоза надодани гирдиҳамоӣ ба додгоҳ шикоят кунанд. Ба гуфтаи вакили дифои масъулини «Зарнисор», занони соҳибкор низ, ки қасд доштанд гуруснанишинии худро аз имрӯз аз сар бигиранд, то қарори додгоҳ ва рузи 24 май ба интизор хоҳанд нишаст.

Рӯзи аввали гуруснанишинии соҳибкорони "Зарнисор"

Гуруснанишинии тоҷирони "Зарнисор"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00


Рӯзи дуввуми гуруснанишинии соҳибкорони "Зарнисор"

Рӯзи дуввум. Гуфтушунид бо мақомот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
XS
SM
MD
LG