Раҳбарияти корхонаи “Нуриҳои Осиё” баёнияи раиси вилояти Хатлон дар бораи фаъолияти ин корхонаро нодуруст номид ва гуфт, ки изҳороти Давлатшо Гулмаҳмадзода “воқеиятро инъикос намекунад”.
Намояндагии ширкати “Хенан Чжун-Я” дар Тоҷикистон, ки қисме аз саҳмияҳои “Нуриҳои Осиё”- ро дар ихтиёр дорад, бо ирсоли баёнияи катбӣ ба Радио Озодӣ гуфт, суханони Давлатшо Гулмаҳмадзода дар бораи фаъолияти корхона умумӣ буда ва тасаввуре эҷод мекунад, ки гӯиё “барои ба фаъолият оғоз кардани корхонаи “Нуриҳои Осиё” кори чашмрасе ба анҷом расонида нашудааст.”
Аз ин пештар Давлатшо Гулмаҳмадзода, дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, “дафъаи сеюм аст, ки роҳандозии истеҳсоли карбамидро дар корхонаи “Нуриҳои Осиё” собиқ “Тоҷиказот” дар шаҳри Сарбанд мавқуф мегузорад.
Дар баёнияи омадааст, ки ширкати чинӣ бар асоси созишнома таҷдиду азнавсозии корхонаи “Нуриҳои Осиё” дар шаҳри Сарбандро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад”. Ба гуфтаи мақомоти ширкати чинӣ, дар соли 2017 ва нимаи аввали соли 2018 барои корҳои сохтмонӣ 120 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 50 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.
Айни замон теъдоди кормандони “Нуриҳои Осиё” ва “Ҷиноко сохтмон”, ки дар иҷрои тарҳ фаъолият доранд, 465 нафар, аз ҷумла 348 мутахассиси тоҷик ва 117 мутахассиси чинӣ кор мекунанд. Корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои азиме буд, ки дар замони шӯравӣ садҳо ҳазор тонна нуриҳои минералӣ истеҳсол мекард.