Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ВАО хост, Ситоди зидди КОВИД-19 сухангӯ бигирад


Бемористони "Истиқлол" дар Душанбе
Бемористони "Истиқлол" дар Душанбе

Шӯрои Васоити Ахбори Омма, як созмони журналистӣ дар Тоҷикистон, хостори ташкили дафтари сухангӯ ва таъсиси пойгоҳи иттилоърасонӣ дар Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 шуд.

Хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯянд, ин шабу рӯз дастрас кардани иттилоъ аз Вазорати тандурустӣ ва идораҳои дигар дар бораи беморони илтиҳоби шуш ва гирифторони КОВИД-19 мушкил аст. Қаблан Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гуфта буд, ки мансабдорон пешниҳоди баргузории нишастҳои ҳаррӯзаро дар бораи вазъи пешомада рад кардаанд.

Шӯрои ВАО рӯзи 2-юми май бо пахши изҳорот гуфт, бояд барои иттилоърасонӣ дар бораи мубориза бо КОВИД-19 “мутахассисони риштаҳои дахлдор ва рӯзноманигорони ҳирфаӣ” ҷалб шаванд.

“Ин маркази матбуот нақши робита бо ҷомеаро низ бояд дошта бошад, ки ҳар рӯз ба воситаи шабакаҳои ТВ-и кишвар аз вазъи ҷорӣ ва амалкардҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ хабар дода, вокуниш ва робитаи мардумро бо Ҳукумат таъмин намояд”, - омадааст дар баёния.

Созмон гуфтааст, “дар масъалаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ба фосилагирӣ ва фурсатталабӣ роҳ дода нашавад. Ҷомеаи рӯзноманигории кишвар яке аз сутунҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тайи чанд моҳи охир собит намуд, ки тамоми нерӯ ва иродаи худро ҷиҳати бартараф намудани шиддати ин беморӣ ва дастгирии давлату ҷомеа равона намудааст”.

Шӯрои ВАО ҳамчунин дар ин шароит “таъсис ва роҳандозии як пойгоҳи иттилоотии мутамарказеро, ки фаъолияти шаффоф ва шаборӯзӣ дорад, зарур ва ба нафъи кор донистааст: “Хуб мебуд, агар дархосту шикояти шаҳрвандон низ аз тариқи ин пойгоҳ қабул ва барои бартараф намудани камбудҳо чораандешӣ мешуд.”

Ин дархости Шӯрои Васоити Ахбори Омма дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба пурсишҳо саривақт посух намедиҳад ва дар сомонаи расмиаш иттилооту омори охирин дар бораи беморони илтиҳоби шуш, гирифторони КОВИД-19 ва вазъи бемористоншо ҷой дода нашудааст.

Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, иттилоъро асосан аз манобеи мустақил ба даст меоранд, вале гоҳе барои тасдиқи дурустии он аз сӯи мақомот рӯзҳо мунтазир мемонанд.

Тоҷикистон эълон кард, ки то 2-юми май 32 шаҳрванди кишвар ба коронавирус сироят шудааст. Дар кишвар карантин ҷорӣ нашудааст, вале аз мардум талаб карданд, ки бо ниқоб гарданд ва қоидаи дурӣ аз якдигарро риоя кунанд.

XS
SM
MD
LG