Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгоронро ба сохтмони хонаҳои мардуми осебдида дар Хуросон ҷалб кардаанд


Омӯзгорони донишгоҳҳои энергетикӣ ва Носири Хусрави шаҳри Бохтарро барои кумак ба сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон ҷалб кардаанд. Ҳоло дар деҳаи Чорбоғи ноҳия сохтмони хонаҳои нав ба осебдидагон оғоз шудааст.

На мақомот ва на устодон нагуфтанд, ки ин кор ихтиёрист, ё маҷбурӣ. Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ гуфт, хонаҳои навро ба таври ҳашар месозанд ва ҳар рӯз аз ҳар корхона 15-нафарӣ меоянд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ба сохтмони манзилҳои нав дар баробари омӯзгорон роҳбарони корхонаю идораҳои дигар низ ҷалб шудаанд. "Бояд то моҳи август 67 хонаро сохтаву ба истифода диҳем. Маҳсулоти сохтмонӣ ҳаст, мардум кумак мекунанд", - афзуд ӯ.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, коршиносон тахмин мезананд, ки иштироки омӯзгорону намояндагони корхонаҳои дигар ихтиёрӣ нест ва мақомот бо истифода аз нирӯи онҳо мушкилро зудтар ва бе харҷи бештар ҳал карданист.

Хайриннисо Маҳмадиева, зани бознишаста аз деҳаи Неъматулло Асадулло, мегӯяд, сели моҳи май хонаашро пурра вайрон кард ва ҳоло бо 16 узви оилааш дар хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ мекунанд. Вай мегӯяд, агар ин кор дар айёми тобистон ба анҷом нарасад, дар фасли тирамоҳу зимистон онҳоро дар вазъияти ногувор қарор хоҳад дод.

Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми май дар ноҳияи Хуросон даҳҳо манзилро пурра хароб кард ва ба даҳҳо хонаи дигар қисман осеб расонд. Ду нафарро кушт ва ҳамчунин киштзору роҳҳоро вайрон намуд.

Сокинон баъд аз се рӯзи ҳодиса ва бо далели он ки мақомот ба кумакашон нашитофтанд, шоҳроҳи Бохтар-Душанберо барои чанд соат бастанд. Баъди як рӯзи таҷаммӯи сокинон муовини нахуствазир ва раиси вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса рафта, ба мардум ваъдаи ҳалли мушкилро доданд.

Айни замон мақомоти интизомӣ ба зидди чаҳор нафар барои ташкили эътироз парванда кушодаанд, вале тафсилоти бештарро дар ихтиёри расонаҳо нагузоштанд.

Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ, бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд.

XS
SM
MD
LG