Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чатри мансабдорони тоҷик баҳсбарангез шуд. Сухангӯи ҳукумат гуфт, "ягон хонанда зери борон намонд". АКС


Таҷлили рӯзи президенти Тоҷикистон дар Хатлон
Таҷлили рӯзи президенти Тоҷикистон дар Хатлон

Як маъракаи бахшида ба рӯзи президенти Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти расмӣ дар вилояти Хатлон вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон рӯзи 14-уми ноябр нашр кард, дида мешавад, намояндагони ҳукумат дар зери чатр истодаанд, аммо наврасон дар зери борон шеър мехонанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин рафтори масъулон сахт танқид карда, гуфтаанд, барои таҷлили ҳар ид набояд наврасонро азият дод.

Анвар Иброҳим, як корбари Фейсбук, навиштааст, “ба ҷойи онҳо фарзандони худро оварда гузоред, намешавад?” Шукур Тошматов, корбари дигари Фейсбук, дар ин кор волидонро гунаҳкор кардааст, ки фарзандони худро барои сурудхонӣ дар назди мансабдорон иҷозат медиҳанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон дар пайи интиқодҳои зиёди корбарони Фейсбук акси сурудхонии наврасонро пок кард. Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон, навишт, "бо тамоми масъулият мегӯям, ки ягон хонандаи мактаб зери борон шеър нагуфтааст. Танҳо як пора мусиқӣ заданд, ки он ҳам зери соябон. Нотавонбин набошем, дӯстон."

Дар акси дигар дида мешавад, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа, Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва дигарон дар зери чатр истодаанд.

Бори аввал нест, ки наврасон бо либосҳои тунук дар сардӣ ба пешвози мансабдорон мебароянд. Дар гузашта низ ҳодисаҳои монанд ба ин интиқодҳои зиёдро ба миён оварда буд.

Соли гузашта аксҳо аз маросими ифтитоҳи "Дорухонаи байторӣ" дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сабаби танқиди мақомоти ноҳия шуд.

Дар аксҳое, ки баъдан муаллифаш пок кард, вале онро дигар корбарон гирифта паҳн карданд, дида мешавад, чӣ гуна духтарон дар либоси баҳорӣ даст пеши бар раиси ноҳия Фотеҳ Аминзодаро пешвоз мегиранд. Баръакси духтарон, Аминзода ва ҳамроҳонаш либоси ғафс пӯшидаанд.

Пеш аз он Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам барои чунин шеваи пешвозгирӣ танқид шунид. Ӯро ҳам, ки дар сар кулоҳ ва дар тан либоси зимистона дошт, духтарон бо либосҳои тунук дар шаҳри Панҷакент истиқбол гирифтанд.

Мавзӯи ҷалби кӯдакону наврасон ба маросим ва бо либосҳои тунук дар фаслҳои сард ҳангоми сафарҳои президент ба минтақаҳо солҳо боз вуҷуд дорад. Соли 2013 дар ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсолеро, ки ба пешвози президент оварда буданд, бо лаҳни кӯдакона шикоят кард, "хунук хӯрдааст".

Эмомалӣ Раҳмон он замон гуфта буд, кӯдаконро набояд дар сардӣ ба пешвози ӯ биоранд, вале натанҳо ин ҳолат кам нашуд, балки зоҳиран дар ноҳияҳо ва дар сатҳҳои поин ҳам ба анъана даромадааст.

XS
SM
MD
LG