Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари сел дар Кӯлобро 46 млн сомонӣ ҳисоб карданд


Сел дар шаҳри Кӯлоб. 11 май, 2021.
Сел дар шаҳри Кӯлоб. 11 май, 2021.

Мақомоти Тоҷикистон зарари умумии офати табииро як моҳ пас аз обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб эълон карданд. Боронгариҳои сахт ва сел рӯзи 11 май баъзе ҷойҳои шаҳри Кӯлобро вайрон кард ва ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодисаҳо се нафар кушта шуданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон зарари умумии селро дар шаҳри Кӯлоб 46 миллион сомонӣ (баробар ба 4 миллион доллар), эълон кард. Ба маълумоти сарчашма, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва бахше аз 102 хонаи дигар вайрон шудаанд.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард

Мақомот гуфтаанд, ки то моҳи август барои ҳама онҳое, ки манзилҳояшон аз байн рафтаанд, хонаҳои нав месозанд. Дар рӯзҳои гузашта чандин касони аз ҳодиса зарардида шикоят кардаанд, ки бо гузашти ду ҳафта, бароои бозсозии манзилашон ҳеч кӯмаки сохтмонӣ нагирифтанд. Сокинон инчунин гуфтанд, ки дар тақсим кардани ёриҳо ва кӯмак барои азнавсозии хонаҳояшон беадолатӣ дида мешавад.

Аммо мақомот мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса, ҳукумат ба кӯмаки зарардидагон шитофт ва ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида (1725 оила) кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, асбобу анҷоми хона, сару либос, масолеҳи бинокорӣ ва сӯзишворӣ расонд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май ҳамагӣ ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боиси марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ зарар расонд.

XS
SM
MD
LG