Пас аз он ки кишварҳои "Гурӯҳи 7" (G7) таҳримҳои молии сахтеро барои муҷозоти президенти Русия бинобар ҳамлаи бедалелаш ба Украина ҷорӣ карданд, пули миллии Русия тақрибан 25 дарсад суқут кард ва ба ҳадди поинтарини худ расид.
Дар ҳоле ки баҳои як доллари амрикоӣ ҳафтаи гузашта ва қабл аз ҳамлаи Русия ба Украина ба 84 рубл баробар буд, ҳамакнун қурби як доллар ба 114 рубл расидааст. Бонки марказии Русия барои мубориза барои пешгирӣ аз коҳиши арзиши рубл фоизҳои бонкиро афзоиш дод ва онро аз 9,5 дарсад ба 20 дарсад боло бурд.
Рубли русӣ аз охири моҳи октябри соли гузашта, ки Русия ба фиристодани нерӯҳояш ба марзи Украина оғоз кард, тақрибан 40 дарсад арзиши худро аз даст додааст.
Кишварҳои аврупоӣ рӯзи якшанбе эълом карданд, ки илова бар таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи мансабдорони баландпояи Русия, дастрасии баъзе аз бонкҳои ин кишварро ба "SWIFT" низ қатъ мекунанд.
Эъломияи "Гурӯҳи 7" боиси тарс дар миёни сокинони Русия шуд ва аз охири ҳафтаи гузашта мардум дар паси дарвозаҳои бонкҳо барои гирифтани пул ва мубодилаи асъор саф кашидаанд.
Рӯзи 28-уми феврал дар бонкҳои Тоҷикистон ҳам қурби рубли русӣ паст шуда, арзиши 1000 рубл аз сад сомонӣ ҳам поин омад. Ба таври мисол, ҳазор рубл дар "Ориёнбонк" ба 98 сомонӣ харида ва ба 140 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар бонкҳои дигар 1000 рубл дар ивази сад сомонӣ харида ва то 136 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон барои имрӯз ҳазор рубли русиро 136 сомониву 50 дирам муқаррар кардааст. Арзиши доллари амрикоӣ мисли рӯзҳои пеш бетағйир аст. Сад доллари амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 1 ҳазору 128 сомонӣ харида ва ба 1130 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Поинравии қурби рубли русӣ дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз рӯзи 24-уми феврал, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба чашм расид. Иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия ҳастанд, сахт вобаста аст. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд.