Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷири узбек дар ивази шаҳрвандии Русия ба ҷанг дар Украина рафтааст"


Украина
Украина

Як муҳоҷир аз вилояти Фарғонаи Узбекистон 25-уми феврал бо нашри видеое дар Интернет хабар додааст, ки тавассути мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба шарқи Украина рафта, ҳоло дар ҳудуди Донбасс қарор дорад.

Рӯзноманигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ тавонистанд, ин мардро пайдо карда, бо ӯ суҳбат кунанд. Ин ронандаи узбек, ки шахсияташ ба далели амниятӣ ошкор намешавад, тасдиқ кард, ки бо мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба вилояти Луҳанск рафтааст.

Ӯ гуфт, бар асоси қарордод ба муҳлати се моҳ барои низомиёни рус ронандагӣ мекунад. Ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ пинҳон накардааст, ки бар ивази дарёфти шаҳрвандии Русия, хона ва маоши хуб мегирад. Моҳонаи вайро 50 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 590 доллар) муайян кардаанд.

Мақомоти расмии Узбекистон то ҳол муроҷиати видеоии сокини Фарғонаро, ки мегӯяд, ҳамроҳи низомиёни рус дар Луҳанск қарор дорад, шарҳ надодаанд. Дар сафорати Русия дар Узбекистон гуфтанд, ин хабар ва шахсияти мардро хоҳанд омӯхт.

Қонунгузории Узбекистон ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат намедиҳад, ки дар сафи артиши давлати хориҷӣ хидмат кунанд ё бар асоси қарордод ба ҳайси зархарид ифои вазифа намоянд.

XS
SM
MD
LG