Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аз раъйдиҳӣ ба зидди Русия худдорӣ карданд


Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро ба тарафдорӣ аз қатъномае рой дод, ки дар он аз Русия тақозо шудааст, фавран ҷангро дар Украина бас карда, нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кашад.

Қатънома рӯзи 2-юми март бо ройи мусбати 140 узви созмон тасвиб шуд. 5 кишвар мухолифи он баромаданд, 34 давлати дигар худдорӣ варзиданд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар қатънома аз ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина амиқан ибрози таассуф шудааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский баъди раъйдиҳӣ дар СММ аз кишварҳое, ки ҳамлаи Русияро маҳкум карданд, сипосгузорӣ кард. “Шумо тарафи дурусти таърихро гирифтед,” — навишт Зеленский дар Twitter.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Маскав мегӯяд, ин амалиёти вижаи низомӣ аст, Киев таҷовуз ба хоки худ медонад ва хоҳони оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои русӣ аст.

XS
SM
MD
LG