Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар додгоҳҳои Тоҷикистон дигар касе "бегуноҳ" эълон нашудааст


Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 5508 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" содир накардаанд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шоҳиён сабаби содир нашудани ҳукмҳои сафедро ба натиҷаи “кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ” рабт дод. “Яъне ягон зарурате надорад, ки нисбати шахсе, ки ҷиноят содир накардааст ё инки гуноҳи ӯ дар содир кардани ҷиноят исбот нашудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиш карда ба мақомоти судӣ пешниҳод намоянд,”--афзуд раиси Додгоҳи олӣ.

Дар аксар кишварҳои дунё пас аз баҳсҳои тӯлонӣ, дар сурати собит нашудани айбе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳод кардаанд, боздоштшудаҳо аз ҷониби додгоҳ бегуноҳ эълон шуда, озод мешаванд. Солҳои гузашта, аҳёнан дар Тоҷикистон чунин ҳукмҳо содир мешуд.

Изҳороти Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҳоле садо дод, ки мунтақидон борҳо аз вазъи низоми додгоҳии кишвар ва ночиз будани ҳукмҳои "сафед" нигаронӣ кардаанд. Тибқи омори расмӣ, солҳои 2020-2021 додгоҳҳои кишвар наздики 22 ҳазор парвандаро баррасӣ карда, танҳо 12 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд.

Ду ҳафта пеш, Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз сӯи мақомот боздошт ва ба баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ ва расондани хабари бардурӯғ муттаҳам шуд. Ин додраси пешин иттиҳомҳоро рад карда гуфтааст, бегуноҳиашро исбот мекунад.

Рустам Саидаҳмадзода аз камтарин додрасҳое буд, ки соли гузашта як сокини вилояти Суғдро сафед кард. Баъди ин Додгоҳи олӣ алайҳи ин додрас “парвандаи интизомӣ” кушод. Худи Саидаҳмадзода аз фишор ба ӯ баъди содир кардани ҳукми сафед ба Дастгоҳи президент шикоят карда буд.

XS
SM
MD
LG