Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи мармуз. 30 сол пеш додситони кул Нурулло Ҳувайдуллоев кушта шуд. ВИДЕО


Нурулло Ҳувайдуллоев
Нурулло Ҳувайдуллоев

Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 24-уми августи соли 1992 дар Душанбе кушта шуд. Аз он замон то ҳоло ду нафарро ба гуноҳи куштани ӯ ҳукми қатл дода, як фармондеҳи давраи ҷангро низ дар ин кор гумонбар медонанд, аммо то ҳанӯз чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои он норӯшан мондааст.

Пайвандонаш дар бораи куштори Нурулло Ҳувайдуллоев суҳбат намекунанд. Коршинсону таърихнигорон ба ин ҳодиса назару баҳои гуногун медиҳанд ва фарзияҳои мухталифу баҳсбарангезеро дар миён мегузоранд.

Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода аз зумраи онҳоест, ки пас аз қатли Нурулло Ҳувайдуллоев ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Вай он рӯзро чунин ба ёд овард: "Дар онҷо ҳамсараш ва намояндагони мақомот буданд. Афтода буд. Нерӯҳои ҳукумат ҷасади ӯро бурданд. Пурсуҷӯ кардем, гуфтанд, чаҳор мошин дунболи ҳамдигар омаданду воқеа аз тарафи онҳо содир шудааст."

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Иброҳим Усмонов, доктори илми таърих, мегӯяд, пеш аз онки Ҳувайдуллоевро бикушанд, аз ӯ хоста будаанд, ба зону бизанад.

“Дар сероҳаи кӯчаи ҳозираи Нурулло Ҳувайдуллоев боғчаи бачаҳо буд. Ҳамсарашон онҷо кор мекарданд. Дар мошин ҳамроҳ рафта будаанд. Занашонро гусел карда, бозгаштанӣ шудаанд, ки як “Жигули” роҳро баста, ба зону зан гуфтааст. Яъне, узр бихоҳ. Ҳувайдуллоев ин корро накардаанд. Аз пой парондаанд, ба таври автоматӣ афтоданд. Шофёрашонро низ парондаанд," – нақл кард Усмонов.

Ба нақли огоҳон, қабл аз куштори Нурулло Ҳувайдуллоев муҳофизонаш аз ӯ гирифта шудаанд. Ин кор, ба назари Иброҳим Усмонов, бо талаби нерӯҳои оппозитсия сурат гирифта буд. Қаблан як намояндаи нерӯҳои мухолифини тоҷик гуфта буд, ки барканории муҳофизони мусаллаҳи мансабдорон, аз ҷумла додситони кул, бо дастури раиси ҷумҳури вақт дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва дар оғози моҳи августи соли 1992 сурат гирифта буд.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Таърихнигор Нуралӣ Давлатов мегӯяд, таҳдидҳо нисбати Ҳувайдуллоев тақрибан аз гирдиҳамоиҳои соли 1991, пас аз афтонтани ҳайкали Ленин шуруъ шудаанд.

"Вақте барои вандализм, барои афтондани ҳайкали Ленин аз болои мири онвақтаи Душанбе Мақсуд Икромов парвандаи ҷиноӣ боз мекунад, таҳдидҳо шуруъ мешаванд. Баъдан дар давраи интихобот, фикр мекунам, дар баҳори соли 1992, замоне ки ба Хуҷанд фирор карду баргашта омад, фишори оппозитсия болои ӯ шадидан зиёд шуд," – нақл кард ӯ.

Ба қавли Давлатов, намояндагони оппозитсия, ки он замон дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ шомил шуда буданд, ҳамроҳи ҳизбу ҳаракатҳои дигар барканории Ҳувайдуллевро мехостанд. Талабе, ки ба назари мусоҳиби мо, “Нурулло Ҳувайдуллоев қабул накард ва боиси доғтар шудани баҳсҳо атрофи ӯ гардид.”

Нуралӣ Давлатов
Нуралӣ Давлатов

Бар пояи нақли баъзе аз ҳамсуҳбатони мо Нурулло Ҳувайдуллоев ҳукумати мусолиҳаи миллиро расман эътироф накарда, таъсиси онро ғайриқонунӣ медонистааст. "Аз ин рӯ, вақте аз Хуҷанд ба Душанбе баргашт, масъалаи барканории ӯ яке аз масъалаҳои асосӣ барои оппозитсия шуд," – гуфт Нуралӣ Давлатов.

Вале намояндагони мухолифони вақт бар инанд, ки чунин масъала ҳаргиз дар миён набуд, чун онҳо пеш ва беш аз ҳама бо раисиҷумҳур Раҳмон Набиев ва раҳбари порлумон Сафаралӣ Кенҷаев мушкил доштанд. Аз сӯйи дигар, ҳанӯз ҳамон вақт раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон Ашӯрбой Имомов қонунмандии таъсиси Ҳукумати Муросои Миллиро эълон ва исбот карда буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Собиқ додситони кулли Тоҷикистонро кӣ кушт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:55 0:00
Нурулло Ҳувайдуллоев соли 1940 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъзе аз коршиносону дӯстонаш ӯро шахси ҳақиқатҷӯ мешиносанд, иддае дигар якрав.
Ӯ то расидан ба мақоми додситонии кул, таҷрибаи кор дар низоми додгоҳиро дошта, дар чанд идораҳо низ фаъолият намудааст. Соли 1991 дар Шӯрои олии Тоҷикистон додситони кул интихоб гардид. Дар Душанбе як кӯча ва дар зодгоҳаш мактаберо ба номаш гузоштаанд. Дар саҳни ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт нимпайкарааш низ ҳаст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG